Дар Душанбе конфронси "Мубориза бо шиканҷа: таҷриба ва дастовардҳо" баргузор мешавад

Душанбе, 25-уми октябри соли 2022. Рӯзи сешанбе, 25-уми октябр дар шаҳри Душанбе конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-амалии «Мубориза бо шиканҷа: таҷриба ва дастовардҳо» баргузор мешавад, ки онро Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон мегузаронанд.

Дар доираи конфронс мушкилоти мубраму доғи рӯз дар самти мубориза бо шиканҷа ва муносибати бераҳмона дар Тоҷикистон, инчунин чораҳои пешгирии ин падида ва дигар мушкилиҳои айни замон дар ин самт вуҷуддошта баррасӣ карда мешаванд.

Иштирокчиёни конфронс намояндагони мақомоти давлатӣ ва ҳифзи ҳуқуқ, судҳо, прокуратураҳо, дафтари Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҶТ, коршиносони байналмилалӣ, ​​намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ ва сафоратхонаҳо, инчунин намояндагони ташкилотҳои узви Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон хоҳанд буд.

Конфронсро муовини якуми Прокурори генералии ҶТ Абдуғаффор Ҳикматуллозода бо суханронӣ дар мавзӯи «Мубориза бо шиканҷа - тадбирҳои андешидашуда ва дастовардҳо» ифтитоҳ менамояд. Дар бораи ҷавобгарии ҷиноятӣ барои шиканҷа муовини якуми раиси Суди Олии ҶТ Шавкат Лутфуллозода суханронӣ мекунад. Дар мавзуи «Конститутсия ва мушкилоти шиканҷа» судяи Суди конститутсионии ҶТ Фотеҳ Қувватзода баромад мекунанд. Бо фаъолиятҳо дар самти иҷрои Протоколи факултативӣ ба Конвенсияи зидди шиканҷаи СММ дар баромади намояндаи дафтари Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҶТ Муқим Ашуров шинос шудан мумкин аст. Сардори Раёсати амнияти дохилии ВКД ҶТ Ҷамшед Машрабзода оид ба таъмини озодӣ аз шиканҷа дар фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ сухан мегӯяд. «Шиканҷа ҳамчун падидаи номатлуб барои ҷомеа ва роҳҳои пешгирии он дар муассисаҳои ислоҳӣ» мавзуи баромади муовини сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи ҶТ Фахриддин Зубайдзода хоҳад буд.

Дар конфронс ҳамчунин намояндагони ташкилотҳои узви Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон баромад мекунанд. Аз ҷумла, дар бораи дастовардҳои асосӣ роҳбари Эътилоф Нурмаҳмад Халилов, оид ба мониторинги иҷрои тавсияҳои СММ дар мавриди озодӣ аз шиканҷа роҳбари бунёди ҷамъиятии «Нотабене» Нигина Баҳриева суханронӣ мекунанд.

Коршиносони байналмилалӣ Елена Волочай ва Георгий Тугуши масоилеро аз қабили ҷуброни зарари маънавӣ ба қурбониёни шиканҷа ҳамчун унсури ҳатмии адолат ва механизмҳои миллии таҳқиқи муассири шиканҷа баррасӣ хоҳанд намуд.

Чорабинии мазкур бо дастгирии молиявии Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе, Комиссияи байналмилалии ҳуқуқшиносон ва Бунёди Сигрид Раузинг баргузор мешавад.