Дар Душанбе лоиҳаи Нақшаи миллӣ оид ба тавсияҳои Кумитаи зидди шиканҷаи СММ-ро баррасӣ карданд

Дар толори конфронсии дафтари Раёсати Комиссари Олии СММ[1] оид ба ҳуқуқи инсон дар ҶТ оид ба баррасии Нақшаи миллӣ оид ба тавсияҳои Кумитаи зидди шиканҷаи СММ барои солҳои 2018-2022 вохӯрии корӣ баргузор гардид.

Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон бо ташаббуси Раёсати кафолати ҳуқуқи инсони Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ ва дар ҳамкорӣ бо РКОҲИ СММ оид ба Осиёи Марказӣ ба хотири баррасии лоиҳаи Нақшаи миллӣ оид ба амалисозии тавсияҳои Кумитаи зидди шиканҷаи СММ аз рӯи натиҷаҳои баррасии гузориши сеюми даврии Тоҷикистон дар бораи ҷараёни иҷрои Конвенсияи зидди шиканҷа вохӯрии корӣ баргузор намуд.

Дар чорабинӣ намояндагони мақомоти давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва созмонҳои байналмилалӣ иштирок доштанд.

Сардори Раёсати кафолати ҳуқуқи инсони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Сатторзода лоиҳаи Нақшаи миллиро муаррифӣ намуд. Ба гуфтаи ӯ, Нақшаи миллӣ дар шакли барномаи мукаммал ба тақвияти пешбурди ҳуқуқи инсон тавассути чорабиниҳои махсус ва бо дарназардошти беҳтар гардидани қонунгузориву таҷрибаи ҳуқуқистифодабарӣ равона шудааст.

- Моҳи майи соли гузашта пахши расмии гузориши миллии Тоҷикистон дар Кумитаи зидди шиканҷаи СММ сурат гирифт, ки баъди он Кумитаи зидди шиканҷа 50 тавсия пешниҳод кард. Барои иҷрои тавсияҳои пешниҳодшуда моро зарур аст, ки Нақшаи миллии амал барои солҳои 2018-2022-ро қабул намоем. Ба вазоратҳову мақомот ҳамаи ин тавсияҳо пешниҳод гардида буданд ва имрӯз мо бояд фикри шуморо дар мавриди ҳар кадоми онҳо барои ворид кардан ба Нақшаи миллӣ шунавем,- зикр намуд Абдуҷаббор Сатторзода.

Намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва мақомоти давлатӣ фаъолона ба баҳсу баррасиҳо ҳамроҳ шуданд.

Аз ҷумла, тавре дар рафти баррасии кафолатҳои асосии ҳуқуқӣ намояндаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ Фурқат Ғаниев зикр намуд, дар мулоҳизоти хулосавӣ оид ба гузориши сеюми даврӣ дар бораи зарурати гузаштан аз ташхиси тиббӣ, ки бо тартиби шаффоф аз ҷониби табиби мустақил дар муддати 24 соат аз замони ба ҳабс гирифтан бояд гузаронида шавад ва дар бораи дилхоҳ вақт дархост кардани гузаронидани ташхиси тиббии мустақил гуфта шдааст.

- Яъне, сароғози таҷрибаи кафолати табибони мустақил, ки бо маҳбусон сарукор доранд. Тавсияҳо ҳастанд, вале иҷрокунандагону муҳлати иҷро нишон дода нашудааст. Мо аллакай 10 сол аст, ки ин падидаро таҳлил менамоем, аммо нақшаҳои мушаххаси иҷро роҳандозӣ намекунем. Ҳангоми боздошт ташхиси тиббӣ аз ҷониби табиби мустақил гузаронида мешавад ва ин тибқи меъёрҳои қонун муқаррар гардидааст. Аммо баъди боздошту гузаронидани чораҳои тафтишотӣ ва ҷойгир кардан дар тавқифгоҳҳои тафтишотӣ ҳамаи ташхисҳоро табибони маҳбас ё давлатӣ мегузаронанд. Дар мо натиҷаҳои таҳлилҳое, ки хулосаҳои тиббии аз ҷониби муассисаҳои пенитенсиарӣ барои хулосаҳои ояндаи коршиносони судӣ-тиббӣ асос шуда наметавонанд, вуҷуд доранд. Хулосаҳои тиббии табибони маҳбасҳо бесифатанд... Дар нақшаҳо муҳлатҳои мушаххас ва қадамҳои воқеӣ барои ҳал кардани мушилот вуҷуд надоранд. Агар сабаби шиканҷаро бигирем, онҳо одатан барои гирифтани нишондоди худиқрорӣ аз ин ё он нафар истифода бурда мешаванд. Ба фикри ман, дигар сабабҳои истифодаи шиканҷа вуҷуд надоранд. Мо пешниҳоди мушаххас дорем. Масалан, дар рафти ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ мо борҳо пешниҳод кардем, ки дар бораи фаъолияти судӣ-ташхисӣ қонуни нав қабул карда шавад ва лоиҳаи қонунро барои баррасӣ ба ҳукумат пешниҳод намудем, аммо ин қонун қабул нашуд. Барои он, ки механизми пешгирии шиканҷа вуҷуд дошта бошад, бояд иқтидори ташхисҳои судиву криминалистӣ боло бурда ва дар доираи нақшаи миллӣ амалӣ карда шавад,- зикр намуд Фурқат Ғаниев.

Дар рафти баррасии масъалаи дастрасӣ ба адвокати мустақил раиси Иттифоқи адвокатҳои ҶТ Саидбек Нуриддинов пешниҳод оид ба зарурати ворид намудани тағйирот ба Қонун «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ», инчунин бекор сохтани муқаррароти Кодекси ҷазои ҷиноятиро, ки барои мулоқот бо адвокат иҷозати хаттии маъмуриятро талаб мекунад, дастгирӣ намуд. Дар идомаи баррасии ин масъала намояндаи ТҶ «Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ» (ба ҳимояи ҳуқуқҳои химатчиёни ҳарбӣ машғул аст) Дилрабо Самадова пешниҳод намуд, ки ба Нақшаи миллӣ гузаронидани мониторинг аз рӯи асоси даст кашидани қурбонии шиканҷа аз хизматрасонии адвокат ворид карда шавад.

Дар рафти баррасии тавсияҳои вобаста ба санҷиши ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ Дилрабо Самадова пешниҳод намуд, ки дар ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ ва ҳабси пешакӣ, инчунин дар гауптвахтаҳои қисмҳои низомӣ, ки аз он ҷо хабарҳо оид ба истифодаи шиканҷа ва муносибати бераҳмона нисбати хизматчиёни ҳарбӣ ворид мегарданд, мониторинг гузаронида шавад.

Инчунин, масъалаи шароити сангини нигоҳ доштани маҳбусоне, ки якумрӣ аз озодӣ маҳрум карда шудаанд, мавриди баррасӣ қарор гирифт. Намояндаи ТҶ «Идораи ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният» Таҳмина Ҷӯраева аз таҷрибаи Арманистон мисол овард, ки он ҷо барои маҳбусони якумрӣ аз озодӣ маҳрумгардида дар муддатҳои муайян имконият фароҳам оварда мешавад, то бо наздикону пайвандонашон тариқи «Скайп» суҳбат кунанд.

[1] Гузаронидани чорабинӣ бо мусоидати молии Сафорати Финляндия дар Тоҷикистон ва Намояндагии ИА дар Тоҷикистон дар доираи лоиҳаи «Муттаҳидсозии иқтидори ҷомеаи шаҳрвандӣ барои мониторинги иҷрои уҳдадориҳои милливу байналмилалии Тоҷикистон дар самти ҳуқуқи инсон» имконпазир гардид.

NoTorture.Tj