Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Душанбе, 19-уми декабри соли 2018.
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон рӯзи 19-уми декабр дар мавриди натиҷаҳои ҷамъбасти лоиҳаи «Коркарди намунаи муқаддамотии маҷмуаи муқаррароти дохилии хадамоти руҳӣ ва боло бурдани иқтидори кормандони мақомоти прокуратура оид ба ҳуҷҷатгузории далелҳои шиканҷа ва дигар намудҳои муносибати бераҳмона тибқи стандартҳои Протоколи Истамбулӣ» бо дастгирии Институти Ҷомеаи Кушода - Бунёди Мадад дар Тоҷикистон ва Фонди Зигмунд Раузинг Траст мизи гирд баргузор намуд.
Дар доираи лоиҳа якҷоя бо коршиносони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилоти байналмилалии «Табибон барои ҳуқуқи инсон» таҳлили муқаррароти дохилии хадамоти руҳӣ гузаронида шуда, муқаррароти нав тибқи қонунгузории миллӣ ва стандартҳои Протоколи Истамбулӣ коркард гардид, ки бевосита ба зарурати баҳогузории на танҳо ҷароҳатҳои ҷисмонӣ, балки азобу уқубати ахлоқӣ ва равонӣ низ, ки оқибати истифодаи шиканҷа ва дигар намудҳои муносибати бераҳмона маҳсуб меёбанд, равона гардидааст.
Ба ғайр аз ин, дар якҷоягӣ бо Институти омӯзиши масоили қонуният ва низоми ҳуқуқӣ, ҷинояткорӣ ва такмили ихтисоси кормандони мақомоти прокуратура барои кормандони мақомоти прокуратураи шаҳри Душанбе ва вилоятҳои Хатлону Суғд оид ба масъалаҳои тафтиши самараноки далелҳои шиканҷаву таъини ташхис бобати баҳогузории оқибатҳои равонию ҷисмонии шиканҷа ва дигар намудҳои муносибати бераҳмона тибқи стандартҳои Протоколи Истамбулӣ тренингҳо гузаронида шуданд.
Лоиҳа аз ҷониби ТҶ «Маркази ҳуқуқи инсон» - узви Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон ҳамоҳангсозӣ мегардад.