Дар ним сол Эътилоф ба 28 қурбонии шиканҷа ва оилаҳои онҳо барои офиятбахшӣ кӯмак расонид

Мақсади Гуруҳ оид ба офиятбахшии қурбониёни шиканҷа ва аъзои оилаҳои онҳо расонидани кӯмаки ҳадди ақали имконпазир ба қурбониён барои барқарор намудани қобилиятҳои ҷисмонӣ, қалбӣ, иҷтимоӣ ва касбӣ, инчунин ҳамгироии пурраи иҷтимоии онҳо ва иштирокашон дар ҳаёти ҷомеа ба шумор меравад.

Кумитаи зидди шиканҷаи СММ дар тавсияҳои худ ба гузориши даврии сеюми Тоҷикистон оид ба иҷрои Конвенсияи зидди шиканҷа ба Тоҷикистон тавсия дод, ки “мусоидат намояд, то қурбониёни шиканҷа офиятбахшӣ гузаранд ва ҳамзамон ба ҷуброни одилона бо шумули воситаҳо барои офиятбахшии пурра бо роҳи коркарди барномаи офиятбахшӣ ҳуқуқ дошта бошанд”, инчунин “мусоидат карда шавад, то барнома хизматрасониҳои махсускунонидашуда оид ба офиятбахширо пешниҳод намояд, ки аз лиҳози дастрас будан мувофиқат намоянд”.

14-уми феврал ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мактуби сеюм бо пешниҳод дар бораи вохӯрӣ бо мақсади ҳамкориҳои оянда дар самти офиятбахшии қурбониёни шиканҷа ирсол карда шуд. 20-уми феврал ВТҲИА ҶТ посух гардонд, ки баҳри ҳамкорӣ омода аст, аммо барои ин асоси ҳуқуқӣ (Меморандум) мавҷуд нест. Қарор дода шуд, ки манфиатҳои Гуруҳи офиятбахширо дар Гуруҳи кории назди ВТҲИА ҶТ узви ин Гуруҳи корӣ Парвина Наврӯзова намояндагӣ мекунад ва ҳамаи пешниҳодот тавассути ӯ фиристода хоҳанд шуд.

Дар шаш моҳи соли 2019-ум 28 нафар (13 муроҷиати нав ва 15 такрорӣ) офиятбахшӣ гузаштанд. Аз 13 нафари нав барои офиятбахшӣ муроҷиаткарда 5 нафар мард, 6 нафар зан ва 2 нафар духтарҳои ноболиғанд. Аз шумораи умумии муроҷиаткардагон 7 нафар онҳое ҳастанд, ки бевосита аз шиканҷа ва муносибати бераҳмона зарар дидаанд. 6 нафари боқимонда хешовандони қурбониёнанд. Ба ҳамаи муроҷиаткардагон кӯмаки иҷтимоӣ, тиббӣ ва равонӣ расонида шуд.

Нисбати қурбониёни бевосита аз шиканҷа зарардида чунин шиканҷаҳои ҷисмонӣ истифода шудаанд: зарбаҳо бо ангуштони даст ба сар, латукӯб бо калтак, зарбаҳо дар мавзеи қафаси сина ва гардан, зарбаҳо бо даст ба рӯй, кашидан аз мӯй, зарбаҳо бо китоб ба сар, таҳдиди таҷовуз. Як нафар зан ба зӯроварии шаҳвонӣ гирифтор шудааст. Нисбати як нафар қурбонии ҷинси мард шиканҷаи равонӣ истифода шудааст, ки дар натиҷа ӯ се маротиба қасди худкушӣ кардааст.

Ҳамаи қурбониён ва хешовандони наздики онҳо зарбаи равонӣ дида, дар натиҷа дучори мушкилоти дорои хислати тиббиву равонӣ гардидаанд.

Кӯмаки тиббӣ: 13 нафар аз ташхис гузашта, аз ин теъдод 11 нафарашон табобати амбулаторӣ гирифтанд.

Кӯмаки равонӣ: 8 нафар офиятбахшии равонӣ гузашта, як нафар қурбонӣ дар марҳилаи гузаштани офиятбахшӣ аст, 2 нафар аз кӯмак даст кашиданд.

Офиятбахшии такрорӣ: ба 15 нафар, ки шиканҷаро аз сар гузаронидаанд, такроран кӯмаки равонӣ расонида шуд. Аз онҳо 6 нафар зан ва 9 нафар марданд. Кӯмаки такрории равонӣ дар асоси тавсияҳои равоншинос ва мутахассиси тиббӣ расонида шуд.

NoTorture.Tj