Дар семинар Протоколи Истамбулӣ омӯзонида шуд

Дар як даври омӯзишии серӯза дар шаҳри Душанбе оид ба пешгирии зӯроварӣ нисбати кӯдакон дар муассисаҳои пӯшидаю нимапӯшида талаботи Протоколи Истамбулӣ ба равоншиносону ҳуқуқшиносон омӯзонида шуд.

Бояд гуфт, ки давраи омӯзишӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ ва дигар муносибатҳои бераҳмона нисбати кӯдакон дар муассисаҳои пӯшидаю нимапӯшидаи Тоҷикистон рӯзҳои 25-27-уми майи соли 2016 дар шаҳри Душанбе аз ҷониби Намояндагии Ислоҳоти байналмилалии маҳбасҳо PRI дар Осиёи Марказӣ ва Фонди ҷамъиятии «Ташаббуси ҳуқуқӣ» дар ҳамдастӣ бо Эътилофи созмонҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа дар Тоҷикистон, бо кӯмаки молиявии Шуъбаи ташкилоти байналмилалии Институти «Ҷамъияти Кушода» - Бунёди Мадад баргузор гардид. Дар ин давраи омӯзишӣ намояндагони Комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдаки назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳои Суғду Хатлон, ВМКБ, ноҳияҳои тобеи марказ ва шаҳри Душанбе, Дафтари Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҶТ, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак, ҳамчунин ташкилотҳои ҷамъиятӣ даъват шуда буданд.

Дар рӯзи дуюми давраи омӯзишӣ, 26-уми май, коршиноси миллӣ дар масоили татбиқи Протоколи Истамбулӣ Парвина Наврӯзова оид ба фарқияти нуқтаҳои ин Протокол аз дигар қонунгузориҳо маълумот дода, бо иштирокдорони семинар мубодилаи афкор намуд. Муҳимтарин нукта дар ин бахш ин буд, ки иҷрои талаботи Протоколи Истамбулӣ маҷбурӣ нест, аммо дар бисёр маврид ба манфиати кор аст.

Дар рӯзи охир, 27-уми май, коршиноси байналмилалӣ дар соҳаи равоншиносӣ Лилит Геворкян аз Арманистон низ бо ишора ба Протоколи Истамбулӣ суҳбату баҳси фарогире ташкил намуд. Ба қавли ӯ, пешгириву офиятбахшии зарарҳои равоние, ки ҷабрдидаҳо мегиранд, аз зарарҳои ҷисмонӣ ҷиддитар аст. Парвина Наврӯзова низ дар рӯзи қаблӣ ҳамин масъаларо гӯшрас карда, гуфта буд, нозукии зарарҳои равонӣ ин аст, ки муддати тӯлонӣ азият медиҳанд.    

Умуман, дар ҷараёни чорабинӣ иштирокдорон механизмҳои байналмилалӣ ва миллии пешгирии зӯроварӣ ва дигар муносибатҳои бераҳмона нисбат ба кӯдакон дар муассисаҳо, инчунин усули муайянсозии муносибати бераҳмона нисбат ба кӯдаконро баррасӣ карда, дар самти офиятбахшии фарогир ва муассири ҷабрдидагони зӯроварӣ табодули таҷриба намуданд.

Бояд зикр намуд, ки ин давраи омӯзишӣ дар доираи лоиҳаи сесолаи Ислоҳоти байналмилалии маҳбасҳо PRI «Барҳамдиҳии тадриҷии зӯроварӣ нисбат ба кӯдакон дар муассисаҳои пӯшидаи Осиёи Марказӣ» гузаронида шуд.

NoTorture.Tj