Дар соли 2024 ба идораи Ваколатдор дар бораи эҳтимоли истифодаи шиканҷа як шикоят ворид шудааст

Дар давоми соли 2024 ба дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон як муроҷиат дар мавриди эҳтимоли истифодаи шиканҷа аз ҷониби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ворид шудааст. Дар ин бора дар гузориши солонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон барои соли 2024 гуфта шудааст.

Мувофиқи ҳуҷҷат, "муроҷиати мазкур барои омӯзиши ҳамаҷонибаи далелҳои дар он овардашуда ба Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол шудааст. Эҳтимолияти шиканҷа тасдиқ нашудааст".

Дар гузориш ҳамчунин омори Суди Олӣ оварда шудааст: дар соли 2024 судҳои кишвар 11 082 парвандаи ҷиноятиро нисбати 13 119 нафар баррасӣ кардаанд, ки дар натиҷа ягон ҳукми пурра сафед кардан бароварда нашудааст.

Муаллифони гузориш бо истинод ба маълумоти ВКД ҶТ қайд мекунанд, ки дар соли 2024 барои беҳбуди шароити нигаҳдории боздоштшудаҳо ва маҳбусон “корҳои густурда” анҷом дода шудаанд. Аз 65 тавқифгоҳи муваққатии (ИВС) дар тобеияти вазорат қарордошта шумораи зиёди онҳо таъмир карда шудаанд. Ҳамчунин аз идомаи сохтмони тавқифгоҳи муваққатии нав дар шаҳри Душанбе хабар дода мешавад, ки тавре зикр мегардад, ба меъёрҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ хоҳад буд.

Аммо бар асоси натиҷаҳои санҷишу мониторингҳо дар тавқифгоҳҳои муваққатии ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ, Ишкошим, Мастчоҳ ва Ашт мушкилоти ҷиддии таъмини маҳбусон бо ғизо ошкор шудааст. Бар асоси ин гузориш, дар як идда ҳолатҳо боздоштшудагон хабар додаанд, ки пайвандонашон онҳоро бо ғизо таъмин мекунанд. Агар хешовандон дур зиндагӣ кунанд, ғизоро худи кормандони тавқифгоҳи муваққатӣ - аз ҳисоби худ таъмин мекунанд.

Намояндагони тавқифгоҳи муваққатӣ шарҳ медиҳанд, ки дар буҷаи ВКД маблағ барои ғизои афроди боздоштшуда пешбинӣ нашудааст.