Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Ташкилоти ҷамъиятии «Ибтидо» («Начало») - узви нави Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи инсон бо ҷавонони вилояти Суғд як қатор вохӯриҳои иттилоотӣ мегузаронад.
Вохӯриҳо дар шаҳрҳои Хуҷанд (8-уми декабр), Исфара (10-уми декабр) ва Панҷакент (12-уми декабр) доир мегарданд. Аз ҷумла, вохӯрии иттилоотӣ бо ҷавонони Хуҷанд дар Аmerican Space Khujand соати 13:00-и 8-уми декабр баргузор мешавад. Дар доираи чорабинӣ тамошои филми кӯтоҳмуддат, мини-лексия дар мавзуи ҳуқуқи инсон, кор дар гуруҳҳо, квиз бо туҳфаҳои арзишманд ва фуршет дар назар аст.
Мақсади чорабинӣ маълумотноксозии ҷавонон дар мавриди ҳуқуқҳои инсон, механизмҳои ҳимояи ҳуқуқи инсон ва дарки арзишнокии ҳуқуқи инсон ба шумор меравад.
Чорабинӣ аз ҷониби Эътилофи зидди шиканҷа бо дастгирии Дафтари САҲА дар Тоҷикистон ва Фонди Зигрид Раузинг гузаронида мешавад.