Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон

Дар колонияҳои ислоҳии Тоҷикистон беш аз 400 нафар занҳо адои ҷазо мекунанд. Дар ин бора Бунафша Файзиддинзода, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати кишвар хабар дод.
Ба гуфтаи ӯ, аксари парвандаҳои ҷиноятӣ нисбати занон ба ҷиноятҳои иқтисодӣ рабт доранд.
Файзиддинзода инчунин иттилоъ дод, ки моҳи ноябри соли гузашта намояндагони Кумита бо мақсади ошно шудан бо шароити нигоҳдории занони маҳбус аз муассисаҳои ислоҳӣ боздид кардаанд. Ӯ шароитро қаноатбахш арзёбӣ кард - занон бо шароити зарурии маишӣ ва иҷтимоӣ таъминанд.
«Дар рафти вохӯриҳо дархостҳои инфиродӣ аз маҳкумшудагон гирифта шуданд, ки дар доираи қонунгузории амалкунанда баррасӣ гардиданд. Аммо, баъзе аз масъалаҳое, ки занон ба миён гузоштанд, дар доираи салоҳияти Кумита набуданд»,- зикр намуд ӯ.
Роҳбари ин ниҳод мушаххас нагуфт, ки гап сари кадом муроҷиатҳои мушаххас аст, аммо афзуд, парвандаҳои рӯзноманигорон Рухшона Ҳакимова ва Улфатхоним Маматшоева, ки дар муассисаи ислоҳии Норак адои ҷазо мекунанд, ба салоҳияти дигар ниҳодҳо дохил мешаванд.
Ба гуфтаи Файзиддинзода, ҷинояткорӣ миёни занони тоҷик коҳиш, аммо дар байни духтарони ҷавон афзоиш ёфтааст.
Дар соли 2025-ум 1590 ҷиноят аз ҷониби занон, аз ҷумла 19 ҷиноят аз ҷониби духтарон ба қайд гирифта шудааст. Дар муқоиса бо соли 2024, ҷинояткорӣ дар байни занон 175 ҳолат коҳиш ва миёни духтарон 5 ҳолат афзоиш ёфтааст.
Бино ба иттилои раиси Кумита, шумораи ҷиноятҳо нисбати занон ва духтарон дар соли 2025 афзоиш ёфтааст: 3423 ҷиноят нисбати занон (3246 дар соли 2024) ва 288 ҷиноят нисбати духтарон (208 дар соли 2024) ба қайд гирифта шудааст.
Бояд қайд кард, ки тибқи маълумоти Кумитаи кор бо занон ва оила, дар соли 2024-ум 483 нафар занҳо дар муассисаҳои ислоҳии Тоҷикистон адои ҷазо мекарданд. Аз ин шумора 349 нафар дар муассисаҳои ислоҳии занона, 30 нафар дар муассисаҳои навъи деҳотӣ ва 54 нафари дигар дар тавқифгоҳҳои тафтишотӣ қарор доштанд. Ҳашт нафари занон ҳамроҳ бо фарзандонашон адои ҷазо мекарданд.
Ҳамзамон, раиси Кумитаи кор бо занон ва оила хабар дод, ки дар соли 2024-ум 77 нафар занҳо аз ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ озод шудаанд.