Дар Тоҷикистон лоиҳаи ҳимояи занону духтарони аз сабаби зӯроварӣ ва табъиз дарканормонда идома дорад

Аз 1-уми июни соли 2025 дар Тоҷикистон лоиҳаи «Пешгирии зӯроварии гендерӣ ва табъиз нисбат ба духтарон ва занони дарканормонда» амалӣ мешавад. Он аз ҷониби Фонди ҷамъиятии “Солимии ҷамъиятӣ ва ҳуқуқи инсон” бо дастгирии Фонди ҳадафноки СММ оид ба хотима додан ба зӯроварӣ нисбати занон (UN Trust Fund to End Violence against Women) амалӣ карда мешавад.

Лоиҳа тамоми минтақаҳои кишвар - Душанбе, вилоятҳои Суғду Хатлон, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва навоҳии тобеи ҷумҳуриро фаро мегирад. Ҳадафи аслии он ҳимоя, дастгирӣ ва тавонмандсозии занону духтароне мебошад, ки ба хушунат, табъиз ва нақзи ҳуқуқашон дучор шудаанд.

Дар доираи лоиҳа занону духтарон имкони ба даст овардани ёрии ройгони ҳуқуқӣ ва роҳнамоӣ, кумаки равонӣ дар шакли ҳузурӣ ва онлайн, инчунин дастрас намудани ёрии тибиро доранд. Яке аз самтҳои муҳим гузаронидани маъракаҳои иттилоотӣ алайҳи зӯроварӣ мебошад, ки ба баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ ва таҳкими фарҳанги таҳаммулнопазирӣ нисбат ба зӯроварии гендерӣ нигаронида шудааст.

Ба пурзӯр намудани иқтидори ташкилотҳои ҷамъиятии занон ва фаъолон диққати махсус дода мешавад. Дар доираи лоиҳа тренингҳо оид ба ҳуқуқи занон ва баробарии гендерӣ, барномаҳои роҳнамоӣ барои занони пешво, дастгирии ташаббусҳо ва таъсиси шабакаҳои шарикӣ пешбинӣ гардидаанд.

Ҳадафи лоиҳа ба дастгирии гурӯҳҳои гуногун: духтарон ва заноне, ки ба хушунати хонаводагӣ ё ҷинсӣ дучор шудаанд, занони дорои маъюбият, занони гирифтори ВНМО, занони муҳоҷирон, инчунин ҳимоятгарони ҳуқуқ ва фаъолоне, ки ҳамарӯза барои ҳифзи ҳуқуқи занон кор мекунанд, равона гардидааст.

Барои дарёфти машварат ё кумак тариқи телефони +992 90 855 00 77 дар тамос шудан мумкин аст.

Инчунин, Telegram-боти анонимӣ фаъол аст: @yourstorymatters_bot

ФҶ “Солимии ҷамъиятӣ ва ҳуқуқи инсон”