Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Ба шумо мунтахаби Стандартҳои ҳадди ақал оид ба масоили озодӣ аз шиканҷа ва муносибати бераҳмонаро бахшида ба Рӯзи байналмилалии Нелсон Мандела пешкаш менамоем, ки ҳамасола 18-уми июл ҷашн гирифта мешавад.
Стандартҳои ҳадди ақали мазкур бояд барои мусоидат ба таъмини шароитҳои инсондӯстонаи маҳбасҳо, баланд бардоштани маълумотнокӣ дар мавриди он, ки маҳбусон қисми ҷудонашавандаи ҷомеа мебошанд ва эътирофи арзиши кори кормандони маҳбас ҳамчун хидмати иҷтимоии дорои аҳамияти махсус ба эътибор гирифта шаванд (17-уми декабри соли 2015 бо Қатъномаи 70/175-и Ассамблеяи Генералии СММ қабул шудааст).
«Қоидаи 8: Маълумоти зерин бояд ба системаи баҳисобгирии маҳбусон ҳангоми дар ҳабс нигоҳ доштан ворид карда шавад, агар лозим бошад:
а) маълумоти марбут ба мурофиаи судӣ, аз ҷумла санаи мурофиаи судӣ ва намояндагии ҳуқуқӣ;
b) ҳисобот оид ба баҳогузории аввалия ва тахассус;
с) маълумот дар бораи рафтор ва интизом;
d) дархост ва шикоятҳо, аз ҷумла шикоятҳо дар бораи шиканҷа ё дигар муносибатҳои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё пастзанандаи шаъну шараф ё ҷазо, ба шарте ки онҳо махфӣ набошанд;
е) маълумот дар бораи таъйини ҷазои интизомӣ;
f) маълумот дар бораи ҳолатҳо ва сабабҳои ҳар гуна ҷароҳати ҷисмонӣ ё марг».
Қоидаҳои ҳадди ақали стандартии Созмони Милали Муттаҳид оид ба муносибат бо маҳбусон (Қоидаҳои Нелсон Мандела)