Дастгир кардани шахс

Иқтибос

аз қарори Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, №1, аз 25-уми июни соли 2012 «Дар бораи татбиқ намудани меъёрҳои қонунгузории ҷиноятӣ ва мурофиавии ҷиноятӣ оид ба мубориза бар зидди шиканҷа»

(Қисми 17). Бояд дарназар дошт, ки тибқи қисми 2-и моддаи 91 КМҶ дастгир кардани шахс танҳо татбиқ мегардад:

- нисбат ба гумонбаршуда дар содир намудани ҷинояте, ки барои он ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ё нигоҳ доштан дар қисмҳои ҳарбии интизомӣ пешбини шудааст;

- нисбат ба айбдоршаванда ва судшавандае, ки қоидаҳои чораи пешгирии нисбат ба ў татбиқшударо вайрон намудааст;

- нисбат ба маҳкумшудае, ки дар ҳаққи ў пешниҳоди мақомоти ваколатдор дар бораи бекор кардани шартан татбиқ накардани ҷазо (моддаи 71 КҶ), шартан пеш аз мўҳлат аз адои ҷазо озод кардан (моддаи 76 КҶ), мавқуф гузоштани адои ҷазо (моддаи 78 КҶ) мавҷуд аст.

Ҳамзамон тибқи талаботи қисми 3-и моддаи 91 КМҶ шахс танҳо дар ҳолатҳои зайл дастгир карда мешавад:

 - дар асоси гумони бевосита дар содир намудани ҷиноят;

 - дар асоси қарори мақомоти таъқиби ҷиноятӣ;

 - дар асоси қарори (таъиноти) суд, судя дар бораи дастгир кардани маҳкумшуда то ҳалли масъалаи бекор кардани шартан татбиқ накардани ҷазо, мавқуф гузоштани адои ҷазо ё шартан пеш аз мўҳлат аз адои ҷазо озод кардан.

Мутобиқи талаботи қисми 3-и моддаи 92 КМҶ шахсро аз лаҳзаи боздошт зиёда аз 72 соат боздоштан мумкин нест, баъди гузаштани ин мўҳлат дастгиршуда бояд аз ҳабс озод карда ё дар ҳаққи ў чораи дигари пешгирӣ, ба истиснои дар ҳабс нигоҳ доштан татбиқ карда шавад.

NotortureTj