Дастрасӣ ба адвокатҳои мустақил

Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон силсиламатолибро дар бораи Мулоҳизаҳои ниҳоии Кумитаи СММ зидди шиканҷа оид ба гузориши даврии сеюми Тоҷикистон пешниҳод мекунад.

Кумитаи зидди шиканҷа (CAT) гузориши даврии сеюми Тоҷикистон (CAT/C/TJK/3)-ро дар ҷаласаҳои худ рӯзҳои 4, 7 ва 14-уми майи соли 2018 баррасӣ намуда, мушоҳидаҳои ҷамъбастии мутобиқро қабул кард.

Кумита нигаронии ҷиддии худро дар мавриди маҳдудиятҳои дастрасӣ ба адвокатҳои мустақил дар Тоҷикистон изҳор дошт. Таваҷҷуҳи хоса ба тағйироту иловаҳо ба Қонун "Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ" равона карда шуд, ки таъсири Вазорати адлияро ба комиссияи тахассусии масъули додани иҷозатнома ба адвокатҳо тақвият бахшид. Ин вазъият, ба андешаи Кумита, боиси ихтисори шумораи адвокатҳо дар кишвар ва халалдор шудани мустақилияти адвокатура гардид.

Ин тағйирот ба имконоти боздоштшудагон барои гирифтани ёрии ҳуқуқии саривақтӣ ва мустақил, ки кафолати асосии ҳуқуқии ҳимоя аз шиканҷа ва дигар намудҳои муносибати бераҳмона мебошад, таъсири манфӣ расонидааст. Набудани дастрасии муассир ба адвокатҳо боздоштшудагонро аз имконияти амалӣ кардани ҳуқуқҳои мурофиавияшон маҳрум мекунад ва сатҳи ҳимояи судиро коҳиш медиҳад.

Кумита ба Тоҷикистон тавсия дод, ки ба Қонун «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ» тағйирот ворид намояд, то мустақилияти пурраи комиссияи тахассусӣ аз мақомоти ҳокимияти иҷроия таъмин гардад, инчунин Гузоришгари махсуси СММ оид ба масоили мустақилияти судяҳо ва адвокатҳо барои баҳогузории вазъият дар кишвар даъват карда шавад.

Ба назари Кумита, татбиқи ин тавсияҳо қадами зарурӣ баҳри тақвияти мустақилияти адвокатура, кафолати дастрасии ҳамаи боздоштшудагон ба ёрии ҳуқуқии тахассусӣ ва мутобиқ кардани амалияи миллӣ бо стандартҳои байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи инсон мебошад.

NotortureTj