Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Додситонии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Абдураҳим Шукуров, наворбардори “Озодагон”-ро, ки бегоҳи 26-уми декабр аз боздошт раҳо шуд, барои бозпурсӣ даъват намудааст.
Ба иттилои додситонӣ, бозпурсии Шукуров дар асоси муроҷиати хабаргузории “Озодагон” сурат мегирад, ки аз боздошту латукӯби наворбардораш ба ин ниҳод шикоят бурда буд.
Худи Абдураҳим Шукуров, таъкид мекунад, ки боздошту латукӯбашро ғайриқонунӣ меҳисобад ва мубориза мебарад, то омилони латукӯб ва шиканҷааш муҷозот шаванд.
Додгоҳи шаҳри Душанбе шоми 26 декабр Абдураҳим Шукуров, наворбардори “Озодагон”-ро бо 320 сомонӣ ҷарима аз боздошт озод кард. Оқои Шукуров шаби 26 декабр, дар ҳоле ки вакили мудофеъ надошт ва аз латту кӯб шуданаш аз тарафи маъмурони пулис шикоят мекард, барои 7 рӯз ҳабси маъмурӣ шуда буд.