Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Давраи навбатии омӯзишӣ дар доираи курсҳои кӯтоҳмуддат аз рӯи барномаи “Ташкили курсҳо оид ба малакаҳои касбӣ” дар Муассисаи тарбиявӣ барои ноболиғон ЯС 3/12-и СРИҶҶ ВА ҶТ дар шаҳри Душанбе бо муваффақият анҷом ёфт.
Иштирокдорон дар самтҳои “корҳои қаннодӣ ва кафшергарӣ” омӯзиш гирифтанд. Баъди хатми курс ба ҳар кадоми онҳо сертификат дода шуд.
Курси мазкур дар доираи лоиҳаи “Пешбурди ҳуқуқҳои асосӣ: таҳкими ҷомеаи шаҳрвандӣ, пешгирии шиканҷа ва ислоҳоти маҳбасҳо бо мақсади ҳифзи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон”, ки аз ҷониби ТҶ “Идораи ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният” дар ҳамкорӣ бо Фонди ҷамъиятии “Ташаббуси ҳуқуқӣ” ва ташкилоти фаронсавии Prison Insider бо дастгирии молиявии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон амалӣ карда мешавад, оғоз гардид.