Article Pages

Дар Тоҷикистон чорабиниҳои иттилоотӣ бахшида ба механизмҳои Шарҳи универсалии даврӣ (ШУД) ва омодасозии Нақшаи миллии иҷрои тавсияҳои даври сеюми ШУД барои солҳои 2021-2024 анҷом ёфтанд. Чорабиниҳо дар марказҳои маъмурии вилояти Хатлон - шаҳри Бохтар, вилояти Суғд - шаҳри Хуҷанд, инчунин дар ноҳияи Рашт ва НТМ - ноҳияи Рӯдакӣ баргузор гардиданд, ки дар онҳо намояндагони мақомоти давлатӣ,...

20.07.2022 - 11:56

Дар нимаи аввали соли 2022 дар Тоҷикистон беш аз 12,4 ҳазор ҷиноят ба қайд гирифта шудааст. Дар ин бора Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии кишвар зимни нишасти матбуотӣ хабар дод. Вазири корҳои дохилии кишвар Рамазон Раҳимзода дар нишасти матбуотӣ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои кори Вазорати корҳои дохилӣ дар нимсолаи аввали соли 2022 изҳор дошт, ки дар шаш моҳи соли 2022-юм дар ҷумҳурӣ 12...

19.07.2022 - 12:43

Як зани шастсола, ки дар бораи боздошту латукӯб шуданаш аз тарафи маъмурони милиса шикоят карда буд, ҷуброни зарар гирифтааст, аммо мегӯяд, ҳанӯз касе узр напурсид. Элобат Оғалиқова, сокини ноҳияи Спитамен, моҳи июни имсол иддао кард, ки барои шеваи либоспӯшиаш ба ҷашни расмии ваҳдат дар ноҳия роҳ наёфт ва дар идораи милиса зери латукӯб монд. Мақомот, бараъкс, ӯро ба итоат накардан...

17.07.2022 - 14:52

Ҳамдиёрони азиз! Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон Шуморо ба муносибати Иди Саиди Қурбон табрик менамояд! Ба шумо ҷашни зебо, дурахшон ва шодмонӣ орзумандем! Бигзор на танҳо имрӯз, балки ҳамарӯза руҳияи баланд, меҳрубонӣ ва хушбахтӣ ҳамқадами шумо бошанд. Муваффақият, муҳаббат, шукуфоӣ ва осоиштагӣ дар хонадони ҳар яки Шумо орзуи самимии мост! Ид...

08.07.2022 - 11:32

Саодат Кулиева, модари Хуршед Бобокалонови 13 сол пеш дар натиҷаи муносибати бераҳмона ҳангоми боздошт аз ҷониби кормандони милитсия фавтида имрӯз, 5-уми июл аз болои қарори Суди ноҳияи И. Сомонӣ ба зинаи кассатсонӣ оид ба парвандаҳои граждании Суди шаҳри Душанбе шикоят бурд. Адвокат Абдураҳмон Шарипов хабар дод, ки 20-уми июни соли 2022 ба ӯ аз Суди ноҳияи И. Сомонӣ матни пурраи қарори суд аз...

05.07.2022 - 07:39

Мӯҳтарам дӯстон, ҳамкорон ва шарикон, Нусхаи электронии китоби “Чанд ҳаёти сӯзонидашуда”-ро пешкаши шумо мегардонем, ки дар бораи саргузашти воқеии қурбониёни шиканҷа ва муносибати бераҳмона дар Тоҷикистон қисса мекунад. Китоб ба ёддоштҳои хешу табор дар бораи писарону шавҳаронашон, ки мавриди зӯроварӣ ва худсарии кормандони бевиҷдони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва қудратии кишвар қарор гирифтаанд,...

01.07.2022 - 12:54

Аз 16 май то 26 июни соли 2022, дар доираи маърака, дар пойтахт ва минтақаҳо чорабиниҳои мавзуии гуногун баргузор гаштанд: Муаррифии онлайни замимаи мобилии “Ман ва ҳуқуқҳои ман!” Аз 16 май то 26 июни соли 2022 муаррифии онлайни замимаи мобилии “Ман ва ҳуқуқҳои ман!” баргузор гардид. Дар ин давра иштирокчиён тақрибан тамоми ҷузъҳои замимаро омӯхтанд. Таваҷҷуҳи асосӣ ба қисмат “Барои...

28.06.2022 - 19:09

Бори нахуст ба қонун мафҳумҳое чун таъқиби ҷинсӣ ва сегрегатсия (ҷудокунӣ) ворид шуданд. Дар палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон қонун “Дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз» қабул шуд. Дар ин бора нашрияи парлумонии “Садом мардум” хабар медиҳад. Вазири адлияи Тоҷикистон Музаффар Ашӯриён дар шарҳи қонуни мазкур изҳор намуд, ки мутобиқи он, “ҳар шахс ё гурӯҳи...

28.06.2022 - 17:06

Тоҷикистониёни азиз, Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон кулли ҳамватанонро ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ муборакбод мегӯяд! Бигузор кишвари мо мустаҳкам, ягона ва пурқудрат бошад. Танҳо давлати сулҳофар метавонад ба бурдборӣ ва пешрафту гулгулшукуфоӣ ноил шавад. Ба ҳамагон хушбахтӣ, комгорӣ ва фазои сулҳомез таманно дорем. Бигузор тамоми мардум муттаҳид...

27.06.2022 - 23:28

Санаи 26 июни соли чори соати 10.10 ва 16.10 радио – барнома дар мавзӯи “Нақши ВАО дар пешгирии шиканҷа” аз ҷониби Радио  «Ватан» пахш карда мешавад.  Радио – барномаи  мазкур масъалаҳои нақши ВАО дар пешгирии  шиканча, самтҳои асосии фаъолияти ВАО барои пешгирии шиканҷа,   афзалиятҳо ва самтҳои асосии фаъолияти Эътилоф зидди шиканҷаро дар  бар мегирад....

24.06.2022 - 13:31

Страницы