ГКҲ: 16 муроҷиат оид ба масоили истифодаи шиканҷа ва муносибати бераҳмона ҳуҷҷатгузорӣ карда шуд

Давоми ҳашт моҳи соли ҷорӣ аз ҷониби котиботи Гуруҳи кумаки ҳуқуқӣ (ГКҲ) ва ташкилотҳои узви Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон 16 муроҷиат оид ба масоили истифода аз шиканҷа ва муносибати бераҳмона ҳуҷҷатгузорӣ карда шуд, ки 3 муроҷиат аз тарафи занон аст.

Кор аз рӯйи 5 парвандаи солҳои гузашта идома ёфт. Гуруҳи асосии синнусолии муроҷиаткунандагон аз 22 то 45-сола (12 нафар) буда, шикоятҳо асосан нисбати мақомоти корҳои дохилӣ (14 муроҷиат) ва ду адад нисбати мақомоти амнияти давлатӣ аст.

Нақзи асосии ҳуқуқи инсон дар ҷараёни боздошт ва тафтишот муайян карда шуд: боздоштҳои ғайриқонунӣ ва худсарона; зӯроварии ҷисмонӣ дар шакли латукӯб, шиканҷа бо қувваи барқ; таҳдиди таҷовузи худи қурбониён ва/ё аъзои оилаҳои онҳо; тарсонидан аз зиндон, ҷазову таҳқкир.

Шиканҷа ва муносибатҳои бераҳмона ба хотири ба даст овардани нишондоди худиқрорӣ, ҷазо барои амалҳои муайяни содиршуда ё ҳамчун чораи пешгирӣ ва паст задани шаъну эътибори шахсӣ истифода шудаанд.

Мисли пештара дар ГКҲ се телефони боварӣ амал мекунанд - дар вилояти Суғд (987873333), дар вилояти Хатлон (987876666), дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ (987087676), ки шабонарӯзӣ фаъоланд. Дар давраи ҳисоботӣ 95 машварати шифоҳӣ дода шуда, барои таҳияи 60 ҳуҷҷати хаттии мурофиавӣ мусоидат карда шуда, 13 маротиба бо адвокатҳо вохўрӣ гузаронида шудаву аз рӯйи 6 муроҷиат роҳнамоии ҳуқуқӣ сурат гирифтааст.

Илова бар ин, дар давраи ҳисоботӣ бо адвокатҳои шаҳрҳои Хуҷанд, Гулистон, Истаравшан, Исфара, Бӯстон, ноҳияҳои Б. Ғафуров, Ҷ. Расулов, Спитамен ва Деваштич, намояндагони ВАО, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва намояндагони ВҲИ дар вилояти Суғд бо мақсади муайян намудани ҳолатҳои шиканҷа ва баррасии имконоти ҳамкории минбаъда бо адвокатҳо ва иштироки онҳо дар парвандаҳои марбут ба шиканҷа ва муносибати бераҳмона вохӯриҳо гузаронида шуданд. Мутахассис оид ба ҳуҷҷатгузорӣ ба адвокатҳо дар бораи фаъолияти ГКҲ-и Эътилофи зидди шиканҷаи Тоҷикистон, оид ба самтҳои асосии фаъолият ва намудҳои хизматрасонӣ маълумот дод. Дар вохӯриҳо 75 нафар адвокат иштирок карданд, ки 28 нафарашон занон ва 47 нафарашон мардон буданд.

ГКҲ мушкилоти асосиро дар самти мубориза бо шиканҷа ва муносибати бераҳмона шарҳ дод:

Аз ҷумла, аз адвокатҳо дар бораи ифшо накардани маълумоти тафтишоти пешакӣ тибқи моддаи 177-и КМҶ ҶТ забонхат мегиранд, ки ғайриқонунӣ аст. Забонхати мазкур барои дастрас гардидани маълумоти пурра ва холисона ба ГКҲ барои мониторинги ҳолатҳои ҳуҷҷатгузоришуда имконият намедиҳад.

Зимни мониторинги парвандаҳои судӣ дар 90%-и ҳолатҳо мурофиаи судӣ дертар аз вақти таъиншуда (аз 1 то 4-5 соат) оғоз мегардад, ки ин ба дастрасии қурбониёни шиканҷа ва наздикони онҳо, махсусан аз ноҳияҳои дурдаст ба адолати судӣ таъсир мерасонад.

Сарфи назар аз ҷорӣ намудани ордерҳои намунаи нав, таҷрибаи талаб кардани иҷозат барои мулоқоти адвокат ва зерҳимояаш аз муфаттиши парвандаи ҷиноятӣ ё судяе, ки парвандаи ҷиноятиро моҳиятан баррасӣ мекунад, идома дорад. Маъмурияти СИЗО бидуни иҷозати муфаттиш мулоқоти адвокатро бо зерҳимояаш рад мекунад.

Дар Қонуни ҶТ «Дар бораи афв» аз соли 2019 нисбати ашхосе, ки тибқи моддаи 143, эзоҳи 1-и КҶ ҶТ (Шиканҷа) маҳкум шудаанд, кам кардани муҳлати ҷазо рост меояд, ки ин нақзи тавсияҳои моддаҳои 7 ва 14-и КЗШ мебошад.

Миёни тамоюлҳои мусбат ГКҲ таҷрибаи идомаи пешниҳоди даъвоҳо ба судҳои гуногунро барои ҷуброни зарари маънавӣ зикр мекунад. Инчунин, шумораи муроҷиатҳо меафзояд, ки дар онҳо хизматрасониҳои ҳуқуқӣ аз ҷониби мутахассисон оид ба ҳуҷҷатгузорӣ пешниҳод карда мешаванд. Мутахассисон ба бекор гардидани Қарор дар бораи рад кардан аз оғози парвандаи ҷиноятӣ, ҷазои маъмурӣ ва ҷазои интизомӣ нисбати шахсоне, ки дар муносибати бераҳмона ва пастзанандаи шаъну шараф айбдоранд, ноил гардиданд.

Маълумоти бештарро дар бораи фаъолияти ГКҲ ва Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон метавонед дар торнамои www.notorturetj.org дастрас намоед.

NoTorture.Tj