Ифтитоҳи курси такмили ихтисос барои ҳифзи ҳуқуқи кӯдак

Рӯзи 12-уми сентябр дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои котибони комиссияҳо оид ба ҳуқуқи кӯдаки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ таҳти унвони «Татбиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалӣ ва миллӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" курси такмили ихтисос ифтитоҳ гардид.

Бино ба иттилои Академияи идоракунии давлатии назди Президенти ҶТ, дар расми ифтитоҳи курс ректори муассисаи мазкур Ғафурзода Абдухалил Давлаталӣ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, Дилноза Аҳмадзода, муовини директори Агентии хизмати давлатӣ, Ғанизода Ибодат Ғанӣ, директори Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзиихизматчиёни давлатии Академия ва намояндаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ кардаанд.

Абдухалил Ғафурзода иброз доштааст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон «аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ ҳифз ва таъмини ҳуқуқҳои кӯдакон, фароҳам овардани шароит барои рушди муносиб ва таълими онҳо ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ муайян карда шудааст. Дар ҷумҳурӣдастгирии низоми ҳуқуқҳои кӯдакон ҳам дар сатҳи қонунгузорӣ ва ҳам дар сатҳи институтсионалӣ амалӣ карда мешавад. Конвенсия дар бораи ҳуқуқи кӯдак ҳуҷҷати асосии байналмилалие ба шумор меравад, ки дар он тамоми ҳуқуқи кўдакон дарҷ гардидааст. Конвенсияи мазкур аз ҷониби Ассамблеяи Генералии СММ 20-уми ноябри соли 1989 қабул гардидааст, ки қариб тамоми давлатҳои дунё онро ратификатсия намудаанд. Конвенсияи мазкур натанҳо доираи ҳимоя ва ҳуқуқи кӯдакон, балки муносибат ва рафторро низ ба танзим медарорад».

Ҳамчунин, таъкид шудааст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон низ Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои кӯдакро соли 1993 ба тасвиб расонида, иҷрои уҳдадориҳои дар Конвенсия зикршударо ба зимма гирифтааст.

- Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак яке аз аввалин конвенсияҳое мебошад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ ба тасвиб расонид ва уҳдадориҳои ҳақиқии худро барои насли ҷавон ҳамчун ояндаи дурахшони кишвар нишон дод. Тибқи Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак, ҳар як шахси аз 18-сола хурд кӯдак ба шумор меравад. Бештар аз 30 дарсади аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро кӯдакон ташкил медиҳанд ва онҳо барои кишвар захираҳои хеле муҳим ба ҳисоб мераванд. Бинобар ин, давлату ҳукумат кӯшиши худро ҷиҳати ҳимояи ҳуқуқи кӯдакон, пешгирии хариду фурӯши кӯдакону ҷалб шудани онҳо ба меҳнати маҷбурӣ ва муҳайё намудани шароитҳои беҳтар барои кўдакон саъю талошҳои зиёдеро ба харҷ медиҳад. Ногуфта намонад, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи “Ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдакон” аз 18-уми марти соли 2015 қабул шуда, фарогири ҳамаи ҳуқуқҳои кӯдак аст. Инчунин, дар самти ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак барномаи ислоҳоти низоми адолати судӣ нисбати кӯдакон барои солҳои 2017-2021 қабул шудааст,- зикр гардидааст дар чорабинӣ.

Гуфта мешавад, ки ба шунавандагони курс дар мавзуҳои муаррифии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар” аз 21.12.2021, заминаҳои ҳуқуқии хизмати давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, шарҳи Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, механизмҳои миллии ҳимояи шахсони гирифтори зӯроварӣ, нақши стратегияи давлатии муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, забони коргузории мақомоти давлатӣ ва риояи қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ, психологияи муоширати касбӣ, нақши Пешвои миллат дар эҳёи арзишҳои миллӣ ва динӣ, нақши механизмҳои миллӣ ва байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи инсон дар самти ҳифзи ҳуқуқ ва таъмини манфиатҳои беҳтарини кӯдакон, шарҳи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳуҷҷатҳои стратегӣ дар самти ҳифзи ҳуқуқ ва таъмини манфиатҳои беҳтарини кӯдакон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳуқуқу озодиҳо ва таъмини манфиатҳои кӯдакон дар Тоҷикистон: дастовард, мушкилот ва дурнамо ва монанди инҳо машғулиятҳо гузаронида шуда, иттилооти тозатарин дастрас карда хоҳанд шуд.

Дар рафти ифтитоҳи курси мазкур ҳамзамон оид ба таваҷҷуҳи имрӯзаи давлату Ҳукумати кишвар нисбат ба соҳаи хизмати давлатӣ дар Тоҷикистон ва ҳамчунин дастгирии мутахассисони ин соҳа ва ҷалби онҳо ба курсҳои омӯзишӣ ёдрас шуда, аз ҷумла қайд гардидааст, ки курсҳои такмили ихтисос воситаи хубеанд, ки хизматчиёни давлатӣ дониши худро такмил дода, аз таҷрибаи ҳамдигар дар фаъолияти минбаъдаи худ истифода мебаранд.

NoTorture.Tj