Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Чанд тан аз волидайни зиндониён бо нигаронӣ аз сарнавишти фарзандони худ дар рӯ ба рӯи Қасри президент ҷамъ шуданд.
Ин падару модарон аз президент тақозо доранд, то таҳқиқи парвандаи шиканҷаи фарзандони маҳсубашон ба таври мунсифона сурат бигирад.
Файзалӣ Икромов, падари Ҳамза Икромзода, ки моҳи сентябри соли гузашта дар зиндони рақами аввали Душанбе фавтида буд, ба Радиои Озодӣ гуфт, ки онҳо ҳамроҳ бо волидони дигар аз маҳбусон мехоҳанд арзу доди худро нисбат ба ноодилона баррасӣ шудани парвандаи марбут ба шиканҷаи фарзандонашон ба президент Эмомалӣ Раҳмон расонанд.
Файзалӣ Икромов муътақид аст, ки қотилони фарзандаш дар маҳбаси рақами яки шаҳри Душанбе то ба ҳол фаъолият доранд ва касе онҳоро ҷазо намедиҳад. Вай мегӯяд: «Шоҳидони марги писарамро, ки дар маҳбасҳои Душанбе ва Хуҷанд ҳастанд, маҷбур доранд, ки аз шоҳидӣ додан даст кашанд».
Меҳрнигор Ризоева, модари Суннат Ризоев, як маҳбуси дигар низ, ки барои додхоҳӣ омадааст, мегӯяд фарзандашро ахиран аз маҳбаси рақами аввали шаҳри Душанбе ба маҳбаси шаҳри Хуҷанд бурда ва се рӯз пеш дар ШИЗО маҳкам кардаанд. Хонум Меҳрнигор мегӯяд, ки агар ба сарнавишти фарзандаш расидагӣ нашавад, худро ба нишони эътироз дар назди Қасри президент оташ мезанад.
Дар ҳамин ҳол як масъули арзу шикоятҳо дар қабулгоҳи Дастгоҳи иҷроияи президент гуфт, ки Файзалӣ Икромов ва Меҳрнигор Ризоеваро қабул карда, аризаи хаттии онҳоро гирифтанд. Ин масъул афзуд, ки номаи шикоятии падару модарони маҳбусон ба шӯъбаи ҳуқуқии Дастгоҳи президент фиристода хоҳанд шуд, то мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор бигиранд.
Додхоҳии иддае аз волидайни зиндониён аз президенти Тоҷикистон дар ҳолест, ки ин падару модарон қаблан ба додситонӣ низ бо чунин шикояте муроҷиат карда буданд. Аммо дида мешавад, ки амалкарди додситонии кулли Тоҷикистон ва дигар ниҳодҳои зирабти давлатӣ ниёзи волидайни маҳбусони шиканҷашударо қонеъ накард ва онҳо умеди охирини расидагӣ ба парвандаи фарзандонашонро дар президенти Тоҷикистон диданд.
Пайвандони Ҳамза Икромзода ва маҳбусони шоҳиди марги вай имрӯз, 7-уми феврал дар назди Дастгоҳи иҷроияи Президент ба нишони эътироз ҷамъ шуданд.
Хабарнигори TojNews аз ҷойи ҳодиса мегӯяд, бо пайвандони маҳбусон намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президент вохӯрда, шикояти онҳоро тариқи хаттӣ гирифтанд.
Шамсиддин Урунбеков, масъули сиёсати кадрии Дастгоҳи иҷроияи Президент бо эътирозгарон вохӯрда, ваъда додааст, ки шикояти онҳоро ба Матлубхон Давлатов, муовини Сарвазир, ҳатман, мерасонад.
Маҳмурод Ризоев, падари яке аз маҳбусон, ки бо намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президент вохӯрдааст, мегӯяд, аз рӯзи марги Ҳамза Икромзода, маҳбуси 28-солаи маҳбасхонаи №1 писараш Сунатулло Ризоев, мавриди шиканҷа қарор гирифтааст.
“Мо ба намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президент шикоят кардем, ки писари мо гуноҳ содир кардааст, бигузор иҷрои ҷазо кунад. Аммо ҳуқуқҳои маҳбусии вай поймол нашавад. Писари маро аз сабаби шоҳидӣ додан ба маҳбасхонаи №2-и Хуҷанд моҳи октябри соли гузашта интиқол додаанд, то ҳол мавриди шиканҷа қарор дода мешавад. Се рӯз боз дар ҳуҷраи ҷарима аст. Наворҳои шиканҷа шудани вай ва маҳбусони дигарро мо ба ВАО ва созмонҳои дифои ҳуқуқи инсон пешниҳод кардем, боз ҳам ҳукумат ва мақомоти қудратии кишвар хомӯшанд. Намедонем, инҳо ҳам пуштибонӣ аз шиканҷаро мекунанд??? Додамонро ба куҷо гӯем?”, - мегӯяд падари маҳбус.
Яке аз дигар эътирозгарон - модари Ҳамза Икромзода, сокини деҳаи Хирманаки ноҳияи Ҳисор буд, аз рафти парвандаи куштори писараш нигаронӣ мекард.
Зулайхо Ҷӯраева, модари Ҳамза Икромзода, мегӯяд, ки "мақомот талошҳои маро барои дар назди қонун ҷавоб додани қотилони писарам ба масхара мекашанд.
- Кадом ниҳоде меравам, мегӯянд, ки ээ, хола, аҷаб содаӣ, бо даводави ту писарат зинда мешавад... Аку мурд, тамом, исбот кардани қотилона кори осон нест... Ҳама аз боло лойоб аст...”
Пайвандони маҳбусон мегӯянд, ки ба онҳо дар таърихи 12 феврали соли ҷорӣ ваъдаи вохӯрӣ бо Ҷумъахон Давлатов, муовини Сарвазири кишварро додаанд.
Ба гуфти Амиралӣ Икромов, бародари Ҳамза Икромзода, сокини 28-солаи деҳаи Хирманаки ноҳияи Ҳисор, шоми 20-уми сентябр бар асари шиканҷа дар СИЗО-и пойтахт ба ҳалокат расида буд. Ба гуфти вай, масъулини маҳбас аз бародари Ҳамза Икромзода, чанд рӯз пеш аз маргаш, барои аз изолятори ҷаримавӣ берун кардани ӯ 2 ҳазор доллари ИМА талаб кардаанд.
Ин аввалин талошҳои эътирозии пайвандони Ҳамза Икромзода ва маҳбусони дигар нест, ки то пушти дари Дастгоҳи иҷроияи Президент мераванд. Хонаводаи Ҳамза Икромзода қабалан ҳам унвонии Рамазон Раҳимов, вазири корҳои дохилӣ, Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе, Нусратулло Саидов, раиси Суди Олӣ, вакилони Маҷлиси намояндагон муроҷиат карда, хостори баррасии мунсифонаи қазияи марги фарзандашон шуда буданд. Эмомалӣ Раҳмон, Президенти кишвар, ҳам ба Прокуратураи генералӣ дастур дода буд, то ин парванда аз сари нав таҳқиқ шавад ва омилҳои марги маҳбус ошкор шаванд.
Бо вуҷуди он ки аз марги Ҳамза Икромзода панҷ моҳ сипарӣ мешавад, аммо то ҳол омилони марги вай ошкор нашудааст. Ҳарчанд раёсати иҷрои ҷазо марги Ҳамзаро худкушӣ унвон кардаанд, Шерхон Салимзода, прокурори генералӣ, зимни нишасти матбуотӣ дар моҳи январи соли ҷорӣ гуфта буд, ки дар марги Ҳамза Икромзода се нафар кормандони маҳбас муттаҳам дониста мешаванд.