Додситонӣ Қориро дар пахши "иттилои бардурӯғ" муттаҳам мекунад

Додситонӣ Қориро дар пахши "иттилои бардурӯғ" муттаҳам мекунад

Додситонии вилояти Суғд нисбати Садриддин Тошев, маҳбуси зиндони Хуҷанд, ки бо лақаби “Қорӣ” низ маъруф аст, барои паҳн кардани маълумоти бардурӯғ парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.

Баҳриддин Тошев, падари маҳбус дар суҳбат бо хабаргузории “Озодагон” гуфт, додситонӣ нисбати писараш, тибқи моддаҳои 332 ва 346-и Кодекси ҷиноӣ парванда оғоз намуда, ӯро дар он муттаҳам мекунад, ки оиди авзои зиндон ва муносибати маъмурини зиндон дар ВАО хабарҳои бардуруғ паҳн кардааст. Баҳриддин Тошев аз он изҳори нигаронӣ кард, ки “наход, барои пахши иттилоъ дар ВАО парвандаи ҷиноӣ боз кунанд? Ин ҷиноят нест!”

Падари маҳбус мегӯяд барои арз намудани иддаояш ахиран ба шаҳри Хуҷанд рафта, ба прокурори вилояти Суғд, Қурбон Шарипов аризаи даъвогӣ пешниҳод кард: “Прокурор ваъда дод, ки қазияро санҷида, аз натиҷаи он хабар медиҳад. Аммо яктарафа дида, ба доди писарам нарасиданд.”

Садриддин Тошев, баъди марги Ҳамза Икромзода дар зиндони Душанбе, дар қатори маҳбусони дигар, 5-уми ноябр аз зиндони рақами аввали пойтахт ба маҳбаси рақами 23-и шаҳри Хуҷанд интиқол дода шуда буд. Садриддин Тошев мулаққаб ба "Қорӣ" дар даврони ҷанги дохилӣ яке аз фармондеҳони нерӯҳои мухолифин дар ҷабҳаи Обигарм маҳсуб мешуд.

Вай пас аз имзои қарордоди сулҳ як муддат ба зиндагии мулкӣ машғул буд, аммо дар соли 2001 бо ҷурми гаравгонгириву терроризм ва ҳамкорӣ бо гуруҳҳои Маҳмуд Худойбердиев ва Намоз Қурбоналиев - фармондеҳи дигари мухолифин - ба 25 соли зиндон маҳкум шуд.

Садриддин Тошев борҳо аз нодурустии ин ҳукм ба мақомот шикоят карда ва се сол пеш низ дар маҳбас даст ба як гуруснанишинии эътирозӣ зада буд ва пайваста аз авзои зиндон хабарҳо пахш мекард.

Ozodagon

Парвандаи ҷиноӣ нисбати маҳбусони шоҳид

Нисбати Садриддин Тошев ва Сунатулло Ризоев, ду зиндонии маҳбаси рақами 1-и пойтахт, ки дар қазияи марги маҳбус Ҳамза Икромзода шоҳидӣ дода, баъдтар ба маҳбаси рақами 3-и Хуҷанд интиқол ёфтанд, бо иттиҳоми расонидани иттилои бардурӯғ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Дар ин бора Файзинисо Воҳидова, вакили дифои Садриддин Тошев, маъруф ба Қорӣ Садириддин, ба TojNews иттилоъ дод.

Бино ба иттилои адвокат, мақомоти прокуратура зерҳимояашро тибқи моддаи 346, қисми 2-и Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои дидаву дониста, расонидани хабари бардурӯғ, бо роҳи сохтани далелҳои сунъии айбдоркунӣ, бо истифода аз воситаҳои ахбори омма гунаҳкор мекунанд.

- Мақомот дар натиҷаи тафтишот ба хулосае омаданд, ки он аксҳое, ки дар ҳафтаномаи “Азия-Плюс” ва сомонаи бахши тоҷикии Радиои "Озодӣ" бо нишони латукӯб ва шиканҷаи маҳбусон ба чоп расиданд, кори худи маҳбусон буда, онҳо ҳамдигарро ба ин ҳол расонида, сипас, аксбардорӣ намуда буданд.

Инчунин, онҳо бо моддаи 332-и Кодекси ҷиноӣ, ки дар он барои кирдорҳое, ки кори ҷойҳои маҳрумият аз озодиро номураттаб месозанд, айбдор карда мешаванд, - афзуд Файзинисо Воҳидова.

Адвокат аз баёни ҷузъиёти дигари қазия худдорӣ кард. Вай гуфт, аз адвокатҳо барои фош накардани сирри давлатӣ ва халал нарасонидан ба тафтишот дастхат гирифтаанд ва ӯ наметавонад ҷузъиёти бештари қазияро шарҳ бидиҳад.

Ёдрас мешавем, баъди марги асрормези Ҳамза Икромзода, маҳбуси 28-солаи маҳбаси шаҳри Душанбе, ки 21-уми сентябр ба наздиконаш ҷасади пур аз осори шиканҷааш супурда шуд, ҳудуди 50 нафар ба зиндони Хуҷанд интиқол ёфтанд.

Ин боиси гирдиҳамоии наздикони маҳбусон ва марҳум Ҳамза Икромзода назди бинои Прокуратураи генералии Тоҷикистон ва назди дар пойтахт шуда буд, ки ба иддаои онҳо, мақомот барои ҷазо додани шоҳидони қазияи Ҳамза Икромзода, маҳбусонро ғайриқонунӣ ба Шимоли кишвар интиқол доданд.

Мақомот сабаби марги Ҳамза Икромзодаро худкушӣ номиданд. Наздикони марҳум гуфта буданд, пеш аз марги Ҳамза Икромзода аз онҳо телефонӣ ду ҳазор доллар барои аз ҳуҷраи ҷаримавӣ берун кардани марҳум талаб карда буданд. Мақомот ин иддаоро рад карда, осори шиканҷаро дар бадани маҳбус пайи баклажкаҳои гарм унвон карданд, ки барои ба кор даровардани дил гӯё духтури муассисаи ислоҳӣ истифода кардааст.

Ин дар ҳолест, ки тибқи иттилои Прокуратураи генералӣ, нисбати се нафар аз кормандони маҳбаси №1-и шаҳри Душанбе, дар робита ба марги Ҳамза Икромзода, парвандаҳои ҷиноӣ оғоз шуда, тафтишот идома дорад.

Наздикони маҳбусон ва қурбониёни шиканҷа ба президент Эмомалӣ Раҳмон, СММ ва ҷомеаи байналмилалӣ бо мактуби шикоятӣ аз роҳбарияти Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноии назди Вазорати адлия, Суди Олӣ ва Прокуратураи назоратӣ муроҷиат карданд ва истеъфои Иззатулло Шарипов, Нусратулло Абдуллоев ва Толиб Азимовро талаб карданд. Зери ин мактуб беш аз 300 нафар имзо гузоштаанд.

Шаҳлои АБДУЛЛО, TojNews