Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Ду маъмури милиса, ки ба шиканҷаи сокини Душанбе Умед Ҳикоятов муттаҳам буданд, ба ҷойи кори худ баргаштаанд. Яке сардор ва дувумӣ корманди як шуъбачаи идораи корҳои дохилии ноҳияи Фирдавсӣ шудааст. Вакили мудофеи Ҳикоятов ин тасмимро нодуруст номид ва гуфт, ба Додситонии кул шикоят мекунад.
Як манбаъ дар мақомоти умури дохилии Тоҷикистон рӯзи 27-уми август ба Радиои Озодӣ тасдиқ кард, ки Зубайдулло Сангинмуродзода ва Сафар Додаров дар ҷои кор ҳастанд. Ба иттилои манбаъ, Сангинмуродзода сардори "минтақаи маъмурии милитсияи №13"-и ноҳияи Фирдавсӣ аст ва Сафар Додаров ҳамроҳи ӯ дар ҳамин сохтор фаъолият дорад.
Зубайдулло Сангинмуродзода рӯзи 27-уми август ба зангҳои телефонии мо як дафъа ҷавоб дод, аммо баъд аз шунидани он ки хабарнигор ҳастем, телефонро хомӯш кард. Дар ҷойи кор ӯро пайдо накардем, вале ҳамкоронаш тасдиқ намуданд, ки Сангинмуродзода сардори шуъбача ва Додаров ҳамроҳи онҳо кор мекунад.
Гулчеҳра Холматова, вакили мудофеи Умед Ҳикоятов гуфт, Додситонии Душанбе бо далели наёфтани ҷиноят парвандаи зидди милисаҳоро қатъ кардааст. Холматова гуфт, ба мақомоти додситонӣ далелҳои зиёд пешниҳод карда буд, вале онҳоро ба инобат нагирифтаанд.
"Ба Додситонии кулли Тоҷикистон шикоят мекунем. Агар дар он ҷо ба ин масъала расидагӣ нашавад, ба додгоҳ шикоят мебарем, ки қарори додситонии шаҳрро бекор кунад", -- афзуд ӯ.
Нисбат ба Зубайдулло Сангинмуродзода ва Сафар Додаров бар асоси қисми сеюми моддаи 316-и Кодекси ҷиноӣ – "баромадан аз ҳадди ваколати мансабӣ" парванда боз шуда буд.
Қатъи парванда нисбат ба гумонбарони шиканҷаи Умед Ҳикоятов дар ҳолест, ки рӯзи 22-юми август Гулчеҳра Холматова, вакили мудофеи Ҳикоятов гуфта буд, дар куҷо будани ин ду корманди пулис маълум нест. Он вақт сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ҳам гуфт, ки онҳо аз кор ронда шудаанд.
Моҳи июни имсол мақомоти Додситонии ноҳияи Фирдавсии пойтахт гуфта буданд, ки Сафар Додаров ва Зубайдулло Сангинмуродзода – ду милисаи гумонбар аз маҳалли будубоши худ ғайб задаанд ва ба ҳамин далел таҳқиқи парвандаи онҳо боздошта шуд.
Умед Ҳикоятовро рӯзи 31-уми марти имсол бо нишонаҳои "осеби пӯшидаи моядон" ва "кафидани мояҳои чапу рост" ба бемористон бурданд. Ӯ даъво дорад, ки ду нозири минтақавии милиса шиканҷааш карда, "ҳаёташро сӯзонданд".
Намояндагони Шӯъбаи корҳои дохилии Фирдавсӣ гуфта буданд, ки Умед Ҳикоятов бо иттиҳоми "вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ дар ҳолати мастӣ" боздошт шуд, аммо "латту кӯб нашудааст".
Қазияи латту кӯби Умед Ҳикоятов 5 моҳ қабл расонаӣ шуд ва нигарониҳои зиёдеро дар ҷомеа ба миён овард. Фаъолони ҷомеа ва садҳо корбари шабакаҳои иҷтимоӣ тақозо карданд, то муттаҳамон ба латту кӯби ин ҷавон сахт муҷозот шаванд.
Шиканҷа аз мушкили асосӣ дар сохторҳои қудратии Тоҷикистон гуфта мешавад. Тоҷикистон дар оғози имсол зери фишори ҳомиёни ҳуқуқ ва Созмони Милали Муттаҳид нақшаеро тасдиқ кард, ки бар асоси он ҳукумат дар чаҳор соли оянда тавсияҳои Кумитаи зидди шиканҷаи Созмони Милалро бояд иҷро кунад.
Аз ҷумла бар асоси ин нақша бояд ҷазо барои шиканҷа ва бадрафторӣ бо боздоштшудаҳо дар кишвар сахттар шуда, афроде, ки даст ба шиканҷа мезананд, дигар афв нашаванд.
Дар оғози моҳи август Вазорати адлияи Тоҷикистон тарҳи наверо дуруст кард, ки бар асоси он гунаҳкорони шиканҷа мумкин аст, то 12 сол зиндонӣ шаванд. Вале коршиносон мегӯянд, муттаҳамон ба шиканҷа бояд интихобӣ ҷазо нагиранд. Моҳи январи имсол низ Додситонии вилояти Хатлон парвандаи ҷиноии ду афсари милисаро, ки ба шиканҷаи Шаҳбоз Аҳмадов, сокини ноҳияи Ёвон муттаҳам мешуданд, қатъ карда буд.