Эҳтимоли оғози парвандаи ҷиноӣ ба далели шиканҷаи Тоҷиев

Эҳтимоли оғози парвандаи ҷиноӣ ба далели шиканҷаи Тоҷиев

Прокуратураи вилояти Суғд эҳтимол меравад, нисбати кормандони Шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Исфара, ки ба латукӯб ва шиканҷаи узви Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон гумонбар мешаванд, парвандаи ҷиноӣ оғоз кунад.

Амон Рофиев, муовини прокурори вилояти Суғд қарори Прокуратураи шаҳри Исфараро, ки дар он гуфта мешуд, Умедҷон Тоҷиев, узви ҲНИТ шиканҷа нашудааст ва дархости вакили дифоъи ӯ дар бораи ба ҷавобгарии кормандони милиса беасос аст, бекор кардааст.

Бино ба иттилои Юсуф Донёров, адвокати Умедҷон Тоҷиев, вай дар ин хусус мактуби расмии прокуратураи вилояти Суғд дарёфт кардааст, ки дар он гуфта мешавад, қарори прокуратураи шаҳри Исфара, бинобар ғайриқонунӣ буданаш бекор карда шудааст.

Юсуф Донёров мегӯяд: -Ман аз прокуратураи шаҳри Исфара хоста будам, то алайҳи кормандони ШКД-и шаҳри Исфара барои шиканҷа додани Умедҷон Тоҷиев чора дида шавад.

Прокуратураи шаҳри Исфара 12-уми декабр дархости маро рад кард. Дар навбати худ Прокуратураи вилояти Суғд бо сабаби ғайриқонунӣ будан ин қарорро бекор кардааст. Ва акнун эҳтимол аст алайҳи чанд корманди Шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Исфара барои фишор ва шиканҷаи Умедҷон Тоҷиев парванда оғоз гардад.

Ин дар ҳолест, ки дар Вазорати корҳои дохилӣ ба ТоjNews гуфта буданд, чанде аз масъулони ШКД дар Исфара аз вазифа озод шуда, иддае ба ҷазоҳои гуногуни интизомӣ кашида шудаанд.

Умедҷон Тоҷиев, ки аз ба шиканҷаи зиёд, тоб наоварда аз ошёнаи дуюми бинои маъмурии Шӯъбаи 1-и ВКД дар шаҳри Исфара ҷаҳида, фирор кардан мехостааст, ба ташкили иттиҳодияи ҷиноӣ муттаҳам мешавад. 

Феълан вай дар СИЗО-и шаҳри Хуҷанд нигоҳдорӣ мешавад. Талаби адвокат дар бораи ба беморхона интиқол додани Тоҷиев бинобар вазъи сиҳатӣ ва пойҳои шикастааш, то ҳол натиҷа надодааст.

TojNews