Эълон: силсилаи чорабиниҳо оид ба масоили озодӣ аз шиканҷа ва тавсияҳои Кумитаи зидди шиканҷаи СММ ба нақша гирифта шудаанд

Эътилофи зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон нақша дорад силсилаи чорабиниҳои иттилоотӣ ва таълимиро баргузор намояд, ки ба баланд бардоштани сатҳи дониш ва малакаҳои амалии намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, рӯзноманигорон, фаъолон ва дигар ҷонибҳои манфиатдор дар самти озодӣ аз шиканҷа ва стандартҳои байналмилалӣ дар самти ҳуқуқи инсон равона шудаанд.

21-уми ноябри соли 2025 гузаронидани ҷаласаи иттилоотӣ бахшида ба масоили озодӣ аз шиканҷа ва тавсияҳои Кумитаи зидди шиканҷаи СММ ба нақша гирифта шудааст. Дар рафти ҷаласа иштирокдорон метавонанд уҳдадориҳои калидии байналмилалӣ ва нақши ҷомеаи шаҳрвандиро дар пешгирии шиканҷа баррасӣ намоянд.

15-уми декабри соли 2025 баргузор кардани тренинг дар мавзуи "Озодӣ аз шиканҷа ва стандартҳои инъикоси дуруст дар ВАО бо назардошти меъёрҳои байналмилалӣ" ба нақша гирифта шудааст. Ҳадафи тренинг боло бурдани сатҳи дониши иштирокдорон дар мавриди стандартҳои байналмилалии озодӣ аз шиканҷа ва рушди малакаҳои амалӣ дар омодасозиву пешниҳоди иттилоот барои нашр дар ВАО, аз ҷумла таҳлили мулоҳизаҳои ҷамъбастии Кумитаи зидди шиканҷаи СММ мебошад.

24-уми декабри соли 2025 воркшоп дар мавзуи "Омӯзиши интерактивии тавсияҳои Кумитаи зидди шиканҷаи СММ дар Тоҷикистон: шарҳи маводҳои омодашуда" ба нақша гирифта шудааст. Дар доираи воркшоп иштирокдорон метавонанд дониши худро дар мавриди стандартҳои озодӣ аз шиканҷа мувофиқи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ва миллӣ амиқтар созанд, инчунин малакаҳои амалии омода кардани маводҳои иттилоотиро барои паҳсозии минбаъда дар ВАО рушд диҳанд.

Чорабиниҳо ба тақвияти иқтидори ҷомеаи шаҳрвандӣ ва афзоиш додани таваҷҷуҳи ҷомеа ба масъалаҳои пешгирии шиканҷа ва ҳуқуқи инсон равона шудаанд.

Чорабиниҳо дар шакли омехта - офлайн ва онлайн дар платформаи https://meet.jit.si/Freedomfromtorture_Tj баргузор мешаванд.

Барои гирифтани маълумоти бештар дар бораи макони баргузорӣ ва дигар саволҳо метавонед тавассути почтаи электронии notorture.tj@gmail.com дар тамос шавед.

NotortureTj