Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Институти омӯзиши масъалаҳои қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, ҷинояткорӣ ва боло бурдани касбияти кормандони мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон тренингҳоро дар мавзуи “Усул ва методикаи санҷиши прокурории риоя ва иҷрои қонунгузорӣ оид ба огоҳнамоӣ, муайянсозӣ ва тафтиши шиканҷа ва дигар намудҳои муносибати бераҳмона, ғайриинсонӣ ё пастзанандаи шаъну шараф ва ҷазо” баргузор намуданд.
Мақсади омӯзиш: боло бурдани таҷрибаҳои касбии муфаттишони мақомоти прокуратура дар мавриди муайянсозӣ ва тафтиши далелҳои шиканҷа.
Тренингҳо бо ҷалби муфаттишони мақомоти прокуратураи чор минтақаи ҷумҳурӣ гузаронида шуданд:
15-17-уми феврали соли 2022 дар шаҳри Душанбе бо ҷалби муфаттишони Сарпрокуратураи ҳарбӣ, прокуратураҳои шаҳрҳову ноҳияҳои ВМКБ, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он, Прокуратураи нақлиёти Тоҷикистон, шаҳрҳову ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, прокуратураҳои ҳарбии гарнизонҳои Душанбе ва Рашт, прокуратураҳои назорати иҷрои қонунҳо дар муассисаҳои ислоҳотӣ ва иҷрои ҷазои ҷиноятӣ.
21-23-юми феврали соли 2022 дар шаҳри Бохтар бо ҷалби муфаттишони Прокуратураи вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои он, Прокуратураи нақлиёти вилояти Хатлон, прокуратураи назорати иҷрои қонунҳо дар муассисаҳои ислоҳотӣ ва иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, Прокуратураи ҳарбии гарнизони Бохтар.
24-26-уми феврали соли 2022 дар шаҳри Кӯлоб бо ҷалби муфаттишони прокуратураҳои шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон ва Прокуратураи ҳарбии гарнизони Кӯлоб.
1-3-юми марти соли 2022 дар шаҳри Хуҷанд бо ҷалби муфаттишони прокуратураҳои вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳои он, Прокуратураи нақлиёти вилояти Суғд ва Прокуратураи ҳарбии гарнизони Суғд.