Эътилофи зидди шиканҷа дар мавзуи «Озодӣ аз шиканҷа» барои соли 2022 тақвим нашр кард

Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон барои соли 2022 дар мавзуи «Озодӣ аз шиканҷа» тақвимҳои девориву рӯимизӣ нашр карда, онҳоро миёни шарикону ҳамкорон паҳн намуд.

Дар ҳар саҳифаи ҷуфти тақвим маълумот оид ба озодӣ аз шиканҷа ва муносибати бераҳмона (мувофиқи стандартҳои байналмилаливу миллӣ шиканҷа чист, барои чунин амали ҷинояткорона чӣ гуна ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ гардидааст ва ѓайра), инчунин рақамҳои телефонии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва телефони боварии Эътилофи зидди шиканҷа, ки тариқи он дар тамос шудаву дар бораи ҳолатҳои шиканҷа ва муносибати бераҳмона хабар додан мумкин аст, ҷой дода шудааст.

Ба тақвим инчунин экосумка бо рамзи Эътилоф ва навиштаи «Ҳар як ҳуқуқи инсон муҳим аст!» илова гардидааст.

 

NoTorture.Tj