Эътилофи зидди шиканҷа: ду нафар - волидони қурбониёни эҳтимолии муносибати бераҳмона дар офиятбахшӣ қарор доранд

Айни замон Гуруҳ оид ба офиятбахшии шахсони аз шиканҷа зарардида ва/ё аъзои оилаҳои онҳои Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон чорабиниҳои офиятбахширо баро ду нафар гузаронида истодааст, ки онҳо волидони қурбониёни эҳтимолии муносибати бераҳмона мебошанд. Онҳо аз санҷишу ташхис гузаштаву айни замон табобати амбулаторӣ гирифта истодаанд ва баъдтар, пас аз баҳогузории аввалияи равонӣ офиятбахшии равонӣ хоҳанд гузашт.

«Волидони ҷавони ҳабсшуда садамаи ҷиддиро аз сар гузаронидаву саломатиашон нохуб шуда буд ва онҳо ба кумаки тиббиву равонӣ ниёз доштанд»,- мегӯянд мутахассисони Гуруҳи офиятбахшӣ.

Механизми фаъолияти Гуруҳ дар умум чунин аст: ба Гуруҳ оид ба офиятбахшии шахсони аз шиканҷа зарардида ва/ё аъзои оилаҳои онҳо афрод тавассути Гуруҳи кумаки ҳуқуқӣ фиристода мешаванд. Гуруҳи офиятбахшӣ бо розигии қурбонии эҳтимолӣ ё аъзои оилаи ӯ барои идомаи офиятбахшӣ кумаки тиббӣ ва равониву иҷтимоӣ мерасонад. Аз ҷониби корманди иҷтимоӣ ҳуҷҷатгузорӣ роҳандозӣ мегардад. Баъдан тамоми ҳуҷҷатҳои зарурӣ ба консилиум супорида мешавад, ки дар натиҷаи он корманди иҷтимоӣ қурбонӣ ё аъзои оилаи ӯро ба назди терапевт мефиристонад.

Равоншинос барои гузаронидани баҳогузории аввалияи равонӣ тавсияҳои худро пешниҳод мекунад.

Баъди гузаронидани баҳогузории равонӣ равоншинос офиятбахшии равонӣ таъин мекунад.

Дар дармонгоҳ пас аз гузаронидани санҷиш терапевт ташхиси клиникӣ-лабораторӣ таъин намуда, инчунин баъди санҷиш ба назди дигар мутахассисон мефиристонад.

Пас аз ҳама санҷишу ташхисҳо аз ҷониби терапевт ва дигар мутахассисон барои табобати амбулаторӣ ё статсионарӣ тавсияҳо дода мешаванд.

Телефонҳои боварии Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон:

Дар вилояти Хатлон - 98 787 66 66

Дар вилояти Суғд - 98 787 33 33

Дар НТМ ва шаҳри Душанбе - 98 708 76 76

Торнамои Эътилоф: www.notorturetj.org

E-mail: notorture.tj@gmail.com

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Facebook: https://www.facebook.com/noturture.tj/

Twitter: https://twitter.com/NoTorturetj

Soundcloud: https://soundcloud.com/notorture-tj

Youtube: https://www.youtube.com/channel/UCWfjfabt9tacFgj-rcJZqtw

Odnoklassniki: https://ok.ru/group/54476259131498

Теллеграмм: http://t.me/j

Инстраграмм: notorture.tj

NoTorture.Tj