Эътилофи зидди шиканҷа маъракаи 30-рӯзаро таҳти шиори “Ҳуқуқҳо! Шаъну шараф! Рушд!” ба итмом расонид

Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон маъракаи 30-рӯзаро таҳти шиори “Ҳуқуқҳо! Шаъну шараф! Рушд!” бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии ҳуқуқи инсон баргузор намуд.

 

 

 

 

 

Дар тӯли як моҳ, оғоз аз 10-уми ноябр то 10-уми декабр, дар асоси 30 моддаи Эъломияи умумиҷаҳонии ҳуқуқи инсон лавҳаҳо омода гардида, ҳамарӯза дар сомонаи Эътилоф ва саҳифаҳои он дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр карда мешуданд.

Ҳадафи иқдоми мазкур пешбурди ҳуқуқи инсон тавассути Эъломияи умумиҷаҳонӣ, ҳамчун яке аз ҳуҷҷатҳои асосии Билли байналхалқӣ оид ба ҳуқуқи инсон буд.

 

 

10-уми ноябри соли 2020, дар чор ноҳияҳои пойтахт маъракаи тарғибу ташвиқотии (эдвокаси) «COVID-19 ва ҳуқуқи инсон»[1] баргузор гардид. Дар рафти ин чорабинӣ аз ҷониби ҳуқуқшиносон ва таҷрибаомӯзони ташкилотҳои аъзои Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон бо тарзи ройгон машваратҳои инфиродии ҳуқуқӣ дода шуданд ва воситаҳои муҳофизати шахсӣ (ВМШ) - ниқобҳо, дастпӯшакҳо ва антисептикҳо тақсим карда шуданд. Воситаҳои муҳофизати шахсӣ ва машваратҳои ҳуқуқӣ ба роҳгузарони оддии синну соли гуногун - ҷавонону пиронсолон дода шуданд. Саволҳои шаҳрвандон, махсусан ба шуғл ва барасмиятдарории дурусти муносибатҳои меҳнатӣ бо корфармо, пардохтҳо ҳангоми корношоямӣ бинобар бемории COVID-19, масъалаҳои манзил марбут ба саҳмгузорӣ ба сохтмони нав ва барасмиятдарории дурусти гузариши ҳуқуқи моликият, дастрасӣ ба иттилоот ва мӯҳлати пешниҳод намудани посух ба муроҷиати шаҳрвандон ва ғ. алоқаманд буданд.

Маъракаи тарғибу ташвиқотӣ дар ҷойҳои серодами пойтахт - дар назди бозори “Варзоб” (ноҳияи И. Сомонӣ), дар назди маркази савдои “Садбарг” (ноҳияи Шоҳмансур), дар назди бозори “Яккачинор” (ноҳияи Фирдавсӣ) ва дар назди бозори “Зарафшон” (Ноҳияи Сино) - баргузор гардид.

13-уми ноябри соли 2020 дар давоми як соат дар пахши мустақими радиои “Asia-plus” барномаи “Come back show”[2] дар барандагии Баха Назирбаев ва Даря Христолюбова баргузор гардид, ки дар рафти он викторинаи радиоӣ ва машваратҳо дар реҷаи онлайн гузаронида шуданд[3]. Дар оғози барнома маводи аудиоӣ оиди ҳуқуқи инсон пахш гардид ва баъд аз он ҳуқуқшиносони ташкилотҳои аъзои Эътилоф зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон – Сайфуллоев Салим, Уроқов Зафар, Шозодаева Гулгуна ва Хисомов Далер оиди Рӯзи умумиҷаҳонии ҳуқуқи инсон сухан ронда, ба саволҳои шунавандагон посух доданд. Дар охири барнома викторина гузаронида шуд ва ғолибоне, ки ба саволҳо дуруст посух доданд, сазовори ҷоизаҳои зерин гаштанд: финҷони қаҳванӯшии (термокружка) Rondell Infinity RDS – 923, дарзмоли Maxwell MW – 3039, мӯйхушккунаки Grundig HD 2509, тарозуи электронии Maxwell MW – 2666, тарозуи электронии Maxwell MW – 2667. Ҳадафи маърака ин баланд бардоштани маърифатнокии ҳуқуқии аҳолӣ, огоҳкунӣ ва санҷиши донишҳо оиди ҳуқуқ ва уҳдадориҳои худ мувофиқи меъёрҳои байналмилалӣ ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Рӯзи 18-уми ноябри соли 2020 дар кинотеатри “Кайҳон”-и пойтахт киноклаб[4] баргузор гардид. Чорабинӣ аз ҷониби Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон ташкил карда шуд.

Беш аз 70 нафар баъд аз тамошои филми “Зеленая миля” (режиссер Френк Дарабонт, муаллифи сенария Стивен Кинг) дар мавзӯи ҳуқуқи инсон тибқи стандартҳои байналмилалӣ ва қонунгузории миллӣ мубоҳиса карданд. Дар тамошои ройгони филм ҳама хоҳишмандони синни аз 16 сола боло иштирок намуданд. Мақсади киноклаб ҷалб намудани диққати шаҳрвандон ба арзиши муҳимтарин – ҳуқуқи инсон буд.

Аз 23-юм то 25-уми ноябри соли 2020[5] зиёда аз 60 нафар дар марафони омӯзишҳо оид ба ҳуқуқи инсон иштирок намуданд. Чорабинӣ дар қаҳвахонаи “Паркинг” бо риояи чораҳои эҳтиётӣ вобаста ба COVID-19 баргузор гардид[6].

Ба иштирокчиён таърихи мухтасари ҳуқуқи инсон нақл карда шуд, филм оиди пайдоиши ҳуқуқи инсон ва Билл оиди ҳуқуқи инсон намоиш дода шуда, баъдан онҳо дар якҷоягӣ бо мураббиён принсипҳои Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон ва Конститутсия, стандартҳои байналмилалиро оиди ҳуқуқ ба манзили мувофиқ муҳокима намуданд. Дар охири чорабинӣ, дар платформаи Kahoot викторина гузаронида шуд, ки иштирокчиёни фаъолтарин соҳиби ҷоизаҳо гардиданд: дарзмоли Maxwell MW - 3056 B (1 дона) ва мӯйхушккунаки Gorenje Hair Druer HD 122B - 92 дона.

1-уми декабри соли 2020 Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон тақвими девории варақгардонро барои соли 2021 дар мавзӯи ҳуқуқи инсон нашр намуда, онро байни шарикон, ҳамкорон тақсим кард ва инчунин ба ташкилотҳои байналмилалӣ, ҷамъиятӣ, ВАО ва намояндагони ҳукумат руқъаҳои табрикотӣ равона намуд. Дар ҳар як саҳифаи тақвим мақолаҳои Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон нашр гардидааст.

 

6-уми декабри соли 2020 дар Душанбе мусобиқаи мубоҳисавии (дебат) “Ҷоми ҳуқуқ” баргузор гардид[7]. Мусобиқа аз соати 08:00 то 21:00 дар Маркази омӯзиши забони олмонии “DEX”-и пойтахт баргузор гардид[8]. Михаил Дружинин, Манучехр Гафаров, Александра Смирнова ба ҳайси доварони мусобиқа, Нуриддин Ишонқулов ба ҳайси довари асосии мусобиқа даъват гардиданд. Вазифаҳои асосии доварон таҳияи мавзӯъҳо барои мусобиқа ва доварӣ намудан буд,  ки  онҳо тавассути он бояд ба мавзӯи баҳс баҳои воқеӣ дода, ғолибро муайян менамуданд.

Барои иштирок дар мусобиқа 16 даста, иборат аз ду нафар аз байни хоҳишмандон (дар маҷмӯъ 32 нафар), чор довар ва 10 тамошобин ба қайд гирифта шуданд. Ғолиби мусобиқаи “Ҷоми ҳуқуқ” дастаи “Sky” гардид, ҷойи дуюмро дастаи “Приветик” ишғол намуд, ҷойи сеюм насиби дастаи “ЧБД” гардид ва дастаи “Облако” дар ҷойи охирин қарор гирифт. Довари беҳтарини мусобиқа Александра Смирнова ва Михаил Дружинин гардиданд. Суханвари беҳтарини мусобиқа намояндаи дастаи “Мы за дзюбу”- Бахтиёр Қурбонов гардид, Манижа Қадамова аз дастаи “Облако” дуюмин суханвари беҳтарин ва Таманно Шарифова суханвари сеюмин гардиданд.

Инчунин, маводи инфографикӣ ва мултимедиявӣ омода гардиданд:

1) Инфографикӣ: “Механизмҳои байналмилалӣ оиди ҳифзи ҳуқуқи инсон”

 https://notorturetj.org/news/infografika-mezhdunarodnye-mehanizmy-v-zashchitu-prav-cheloveka

2) Инфографикӣ: “Зарари маънавӣ ба қурбониёни шиканҷа ва муносибати бераҳмона: чӣ гуна он ҷуброн карда мешавад”

https://notorturetj.org/news/infografika-moralnyy-vred-zhertvam-pytok-i-zhestokogo-obrashcheniya-kak-vozmeshchaetsya

3) Мультимедиавӣ: “Оё Шумо ҳуқуқҳои худро медонед?”

https://notorturetj.org/news/infografika-moralnyy-vred-zhertvam-pytok-i-zhestokogo-obrashcheniya-kak-vozmeshchaetsya

Чорабинии мазкур бо дастгирии молиявии Иттиҳоди Аврупо дар доираи лоиҳаҳои “Тақвияти амалҳои пешгирии шиканҷа ва дастгирии ташкилотҳои ҳифзи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон”, лоиҳаи “Волоияти қонун ва дастрасӣ ба адолат”-и БРСММ ва Лоиҳаи “Дастгирии ташаббусҳои шаҳрвандӣ баҳри пешгирии шиканҷа дар Тоҷикистон”-и Хазинаи Сигрид Раузинг  баргузор гардид.

NoTorture.Tj