Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Намояндагони Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон бо як мурољиатнома ба Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳолати ба амал омадаи пандемияи алоқаманд ба вируси COVID-19, ки қариб кулли давлатҳои ҷаҳонро ба ҳайрат овардааст, изњори нагаронї намудаанд.
- Сарфи назар аз он, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон расман ягон ҳолати гирифтории коронавирус ба қайд гирифта нашудааст, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи чораҳои пешгирикунандаи хавфи паҳншавии вирус ва ҳимояи гуруҳҳои гуногуни осебпазир андешида шуда истодааст. Сарфи назар назар аз он, ки дилхоҳ ҳолати пандемия ҷорӣ намудани қоидаи махсус ва маҳдудиятҳоро талаб менамояд, давлат бояд риояи ҳуқуқҳои инсонро кафолат диҳад, аз ҷумла нисбати шахсони дар ҷойҳои ҳабси пешакӣ, нигоҳдорӣ дар ҳабс ва дар муассисаҳои пенитенсиарӣ қарордошта,- омадааст дар мурољиатнома.
Бо мақсади таъмин намудани риояи ҳуқуқҳои инсон дар ҳолати қабули чораҳо оид ба пешгирии хавфи паҳншавии COVID-19, Эътилоф маҷмӯи судманди принсипҳои роҳбарикунанда ва воситаҳоро барои истифодабарӣ дар шароити пандемияи буњронӣ дар муассисаҳои пенитенсиарї пешнињод намудааст. Дар ҳуҷҷати мазкур шарҳи стандартҳо дар соҳаи ҳуқуқи инсон ва принсипҳои роҳбарикунанда нисбати чораҳои аз ҷониби давлат дар мубориза бар зидди паҳншавии COVID-19 қабулшаванда, бо таваҷҷуҳи хосаи вазъияти маҳбасхонаҳо ва дигар ҷойҳои нигоҳдорӣ дар ҳабс, инчунин дар самти озодии иттилоот ва ибрози ақида дарҷ карда шудаанд.
Намояндагони Эътилоф изњори умедворї кардаанд, ки ҳуҷҷати мазкур ҳамчун сарчашмаи арзишнок ва амалиявӣ дар ҷорӣ намудани стандартҳои байналмилалии болозикр дар ҷараёни амалинамоии чораҳои пешгирии хавфи паҳншавии COVID-19 хизмат мерасонад.
Нусхаҳои ин мактуб ба мақомоти зерини давлатии кишвар фиристода шуданд: Прокуратураи генералӣ, Вазорати корҳои дохилӣ, ИДИҶҶ, Суди Олӣ, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Агентии назорати маводи мухаддир, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия.
Дар замима, мо диққати шуморо ба ҳуҷҷати "COVID-19 ва таъсири он ба вазъи назорат аз болои маҳбасҳо ва озодии баён" ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ пешниҳод менамоем.