Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
«Иҷрои бандҳои Нақшаи миллии амал оид ба иҷрои тавсияҳои Кумитаи зидди шиканҷаи СММ барои солҳои 2019-2022»
(Матолиби иштирокчиёни семинар)
Дар доираи семинари омўзишие, ки рўзҳои 17-18-уми августи соли 2020 дар осоишгоҳи «Сатурн» (Ҳисор) баргузор гардид, ба иштирокчиён пешниҳод карда шуд, то оид ба инъикоси масоили озодӣ аз шиканҷа ва муносибати бераҳмона матолиби иттилоотӣ омода намоянд.
Дар ин силсила ба таваҷҷуҳатон матолиби аз ҷониби иштирокчиёни семинар омодашударо пешкаш месозем.
“Барои беҳтар намудани шароит ба занон - ҷабрдидагони зуроварӣ, ки ба муассисаҳои тандурустӣ муроҷиат менамоянд, дар ҳудуди муассисаҳои тандурусти утоқҳо ҷудо карда шуда, аз тарафи Хазинаи нуфузи СММ 12 адад хуҷраҳои барон занон аз зуроварӣ ранҷкашида (Таваллудхонаи №2, МД «Маркази миллии тиббӣ ва МД «Истиқлол» - и ш.Душанбе, таваллудхонаи вилоятии шаҳри Бохтар, таваллудхонаи вилоятии ш.Кулоб, таваллудхонаи вилоятии ш.Хуҷанд, таваллудхонаҳои ш.Гулистон, ноҳияи Шаҳритус, ноҳияи Фархор, ноҳияи Панҷ, ноҳияи Рашт, ноҳияи Ваҳдат) пурра бо лавозимотҳои 3apypӣ аз ҷумла, кондитсионер, мизу курсиҳо, рахти хоб барои калонсолон ва кудакон, лавозимотҳои зарурии хоҷагидорӣ ва гигиенӣ таъмин гардидаанд.
Баҳри амалисозии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зуроварӣ дар оила» аз 19 марти соли 2013 таҳти №954 ва «Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зуроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023» дар соли 2019 дар 12 ҳуҷраҳои номбаршуда ба 136 нафар хизматрасонии тиббию равонӣ расонида шуд. Таркиби синну солии онҳо 11 нафар аз 15 то 20 сола, 109 нафар аз 21 то 35 сола, 7 нафар аз 36 то 49 сола ва 9 нафар аз 49 сола болоро дар бар мегирад. Аз ҷумлаи ранҷкашидагон аз зуроварӣ 84 нафар бо зуроварии ҷисмонӣ 35 нафар бо зуроварии психологӣ, 13 нафар бо зуроварии иҷтимоӣ иқтисодӣ ва 4 нафар бо зуроварии шаҳвони ба қайд гирифта шудаанд, ки барои муоина, ҷарроҳи табобат ва нигоҳубини ин ашхос аз ҳисоби маблағҳои буҷавии беморхонаҳо ва Қарори №600 ҳамаги ба маблағи 23556 сомони харҷ гардидаасг. Кайд кардан зарур аст, ки дар соли чорӣ боз 10 адад ”ҳучраҳо барои занони аз зуровари ранҷкашида" бо дастгирии молиявии Хазинаи нуфузи СММ дар ноҳияҳои Исфара, Истаравшан, Б. Ғафуров, Айнӣ ва Панҷакенти вилояти Суғд, ноҳияҳои А. Ҷомӣ, Восеъ ва Евони вилоятҳои Хатлон, ноҳияи Рудакӣ ва ш, Ҳисор ба фаъолият шуруъ намуданд.
Ғайр аз ин, дар шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳури телефонҳои боварӣ ва ҳуҷраҳо кӯмаки психологӣ фаъолият менамоянд, ки ба ниёзмандон хизматрасонӣ менамоянд. Қайд кардан зарур аст, ки ҳамаи зерсохторҳои масъули Вазорати тандурустӣ чӣ дар шаҳри Душанбе ва чӣ дар дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ, барои расонидани кумаки тиббӣ ба ҷабрдидагони зуроварӣ омода мебошанд.
Муродалиева Бунавша Шарифовна мудири шуъбаи МД Маркази миллии солимии репродуктивии Вазорати тандурусти ва ҳифзи иҷтимоии ахолии ҶТ”
Имло ва мавқеи муаллиф ҳифз шудааст.
Матлаби мазкур дар доираи семинари омўзишӣ барои рўзноманигорони ВАО-и давлатӣ ва мутахассисон оид ба робита бо ҷомеаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мақомоти давлатӣ дар мавзўи "Ҳамкорӣ ва такмили малакаҳо дар масъалаҳои озодӣ аз шиканҷа ва муносибати бераҳмона" дар доираи лоиҳаи "Тақвияти амал оид ба пешгирии шиканҷа ва дастгирии ташкилотҳои ҳифзи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон", ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ шудааст ва "Пешбурди ҳуқуқи қурбониёни шиканҷа ва муносибати бераҳмона" бо дастгирии молиявии Институти Ҷамъияти Кушода - Бунёди Мадад омода гардидааст.