Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Фарҳод Ғоибов, сокини 37-солаи Панҷакент, ки пас аз латту кӯб дар шӯъбаи милисаи ин шаҳр як гурдаашро аз даст дод, аз Вазорати корҳои дохилӣ 650 ҳазор сомонӣ ҷуброни зиёни моддиву маънавӣ талаб кард.
Ғоибов ду сол қабл дар идораи пулис латту кӯб шуд ва Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт аризаи ӯро рӯзи 27-уми июл баррасӣ кард. Ӯ ҳоло дар шаҳри Екатеринбурги Русия дар яке аз шифохонаҳо табобат мегирад ва аз ҳуқуқаш дар додгоҳ вакил Гулчеҳра Холматова ҳимоят мекунад.
Ду соли пеш, дар таърихи 1-уми сентябри соли 2015 дар пайи як муноқиша бо як хеши нозири минтақавӣ, ӯ ба идораи пулис бурда шуд. Алайҳи ӯ ҳеҷ иттиҳоме эълон нашуд, аммо нозири минтақавӣ ҳамроҳ бо як коргари дигари пулис ӯро шадидан латту кӯб карданд. Фарҳод Ғоибов пас аз як ҳафтаи ин ҳодиса дар бемористон замоне ба ҳуш омад, ки танҳо як гурда дошт. Гурдаи дигараш ба иллати кафидан аз танаш бурида шуд.
Додгоҳ ду ходими пулисро 28-уми январи соли 2016 бо ҷурми “баромадан аз салоҳияти хизматӣ ва расонидани зиёни сахти ҷисмонӣ” ба муддати 8 сол зиндонӣ кард. Фарҳод Ғоибов рӯзи панҷшанбе дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ аз шаҳри Екатеринбург гуфт, ки дар пайи он ҳодиса саломатиашро аз даст дод ва маъюб шуд.
Ӯ гуфт, "гурдаи тарафи ростам пас аз латту кӯб дар ШКД кафид, духутурон натавонистанд онро табобат кунанд, бинобар ин, онро бурида гирифтанд. Баъдтар боз камарамро ҷарроҳӣ карданд, чун дар ҳамон ҳодиса лат хӯрда будааст. Ҳоло ҳамон ҷойҳои ҷарроҳӣ дард мекунад ва ман дар ин ҷо бемории "грижа"-ро табобат карда истодаам".
Ғоибов мегӯяд, ду сол инҷониб дар давутози додгоҳ ва табобати худ, аст, дар ҷое кор намекунад ва зиндагиаш ба давраи то латукӯб дар милисахона ва баъд аз он, ҷудо шуд. Ӯ мегӯяд, масъулияти таъмини зан ва чор фарзанди ноболиғашро бар дӯш дорад, аммо чун саломатиаш аз даст рафт, духтурон ҳоло ба ӯ иҷозаи кор намедиҳанд.То ҳодисаи латукӯб шудан дар шӯбаи корҳои дохилӣ, Фарҳод дар Русия ба корҳои сохтмонӣ машғул буд ва мошини “Камаз”-ро идора мекард ва зиндагии хонаводаашро пеш мебурд.
Парвина Замонова, ҳамсари Фарҳод мегӯяд, “пеш аз ин ҳодиса мо якҷоя як хона сохтем, аммо дару тиреза ва таъмир накарда ин ҳодиса шуд. Акнун дар давоми ду сол тамоми буду шудамонро сарф кардем ва ҳоло соли нави хониш наздик мешаваду мо пуле надорем барои фарзандонам либос харем... (гиря мекунад)” .
Аммо шикояти Фарҳод Ғоибов аз он аст, ки ду корманди милиса дар шӯбаи корҳои дохилӣ ӯро лату кӯб карданд, аммо ҷазои сазовор нагирифтанд. Гузашта аз ин, баъди як сол додгоҳи истинофӣ парвандаро дубора баррасӣ кард ва ҳукми зиндонро аз 8,5 ба 5 сол поён овард.
Аммо худи Фарҳод мегӯяд, бародараш охиран ба ӯ паём дод, ки ин ду корманди милиса, ки яке ҳамдеҳаи онҳо ва дигар аз деҳаи ҳамсоя аст, дар озодӣ қарор доранд ва ӯ онҳоро бо чашми худ дидааст. “Додарам онҳоро дидааст. Ҳамон 8,5 сол барои онҳо кам буд, аммо 6 моҳ ҳам дар зиндон нанишаста, онҳо ба озодӣ баромадаанд”, мегӯяд Фарҳод.
Аммо дар шӯъбаи корҳои дохилаи ноҳия Панҷакент ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ин афрод дигар кормандони милиса нестанд ва онҳо дар мавриди тақдири минбаъдаи ин ду нафар, маълумот надоранд.
Дар Тоҷикистон қаблан низ бархе аз шаҳрвандон мақомоти ҳифзи ҳуқуқро ба иттиҳоми шиканҷа то додгоҳ бурданд. Аммо хеле кам иттифоқ меафтад, ки додгоҳ дар заминаи ин даъвоҳо кормандони ҳифзи ҳуқуқро ба ҷавобгарӣ бикашад ва ё, ба пардохти ҷубронпулӣ муваззаф кунад.
Чанд ҳолати ангуштшумор сабт шудааст, ки даъвогарон дар талаби ҷубронпулӣ муваффақ буданд. Соли гузашта дар пайи ҳукми додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Вазорати корҳои дохилӣ ба Хушвақт Қаюмов, ки бинобар эътирофи додгоҳ дар шӯъбаи корҳои дохила марвиди шиканҷа қарор гирифта буд, 16 ҳазор сомон ҷубронпулӣ дод.
Додгоҳи гарнизони ҳарбии Душанбе низ қисман даъвои Шаҳбол Мирзоев сарбози нерӯҳои марзбониро, ки дар артиш маҷрӯҳ шуда буд, қонеъ кард ва Сарраёсати марзбониро ба пардохти 41 ҳазор сомонӣ ҷубронпулӣ муввазаф намуд .Ҳоло маълум нест, ки шикояти Фарҳод Ғоибов то куҷо мерасад ва Вазорати дохилии Тоҷикиситон ҳозир мешавад, ки дар баробари маъюб шудани як шаҳрванд аз ҷониби кормандонаш, хисороти маънавӣ ва молии расида ба ӯро ҷуброн кунад.