Фармондеҳони наваскари ҳалокшуда аз вазифа сабукдӯш шуданд

Фармондеҳони наваскари ҳалокшуда аз вазифа сабукдӯш шуданд

Фармондеҳони полк, баталйон ва ротаи қисми низомии 04080-и шаҳри Конибодом дар робита ба марги сарбози навдаъватшуда Фирдавс Раҳматови 22-сола аз хизмат барканор шуданд. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» сухангӯи Вазорати мудофиаи ҶТ Фаридун Маҳмадалиев хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, се нафар ҳамхизматони сарбози марҳум ба гумони даст доштан дар куштори ӯ ба ҳабс гирифта шудаанд.

«Тақдири минбаъдаи фармондеҳони аз хизмат барканоршуда баъди анҷоми тафтиши парвандаи ҷиноӣ, ки аз ҷониби прокуратураи ҳарбии гарнизони Суғд аз рӯйи далели марги Ф.Раҳматов боз шудааст, маълум мешавад», - гуфт сухангӯи вазорат.

Ёдрас мекунем, ки ҷасади  наваскари 22-солаи артиши Тоҷикистон Фирдавс Раҳматовро ҳамагӣ баъди 1 моҳи адои хизмат барои ба хок супурдан ба волидонаш овардаанд.

Ғанӣ Раҳматов, падари сарбози фавтида дар саҳифаи худ дар шабакаи Фейсбук дар ин бора навишта буд: «Писари ман Раҳматов Фирдавс Ғаниевич, санаи таваллуд 22.12.1993 сол, зода ва сокини шаҳри Хуҷанд. Ба маълумоти Шумо мерасонам, ки қотилони фарзанди азизам ӯро лату кӯб ва ба саломатиаш зарари вазнини ҷисмонӣ расонида, ба марг расониданд. Писарам дар қисми ҳарбии 04080 шаҳри Конибодом, вилояти Суғд санаи 07.05.2015 сол ба сафи ҳарбӣ даъват шуда, санаи 07.06.2015 сол ҷасадашро гирифта оварданд».

Азия-Плюс