ГКҲ дар семоҳаи аввали соли 2020: 13 муроҷиати марбут ба шиканҷа ва муносибати бераҳмона ҳуҷҷатгузорӣ карда шуд

Фаъолияти Гуруҳи кӯмаки ҳуқуқии Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон ба пешбурди таъсиси системаи вокуниши самаранок ба муроҷиатҳо оид ба шиканҷа ва муносибати бераҳмона ва механизми мустақили тафтиши шиканҷа дар Тоҷикистон, инчунин ба ҳамоҳангсозии фаъолиятҳо дар самти расонидани кӯмаки амалии ҳуқуқӣ ба қурбониёни шиканҷа ва хешовандони онҳо равона гардидааст.

Дар моҳҳои январ-марти соли 2020 аз ҷониби котиботи ГКҲ ва ташкилотҳои узви Эътилоф 13 муроҷиат оид ба масоили истифодаи шиканҷа ва муносибати бераҳмона ҳуҷҷатгузорӣ карда шудааст, ки аз онҳо як ададаш нисбати зан аст. Муроҷиатҳо асосан тавассути телефонҳои боварие, ки дар пойтахт ва минтақаҳои кишвар фаъоланд, тариқи муроҷиати шахсӣ ба ГКҲ ва дигар роҳҳо дастрас гардидаанд.

Дар ин давра инчунин кор аз рӯйи 13 парвандаи солҳои пеш идома ёфт.

Нақзи ҳуқуқҳои инсон дар рафти боздошт ва гузаронидани тафтишот муайян карда шуд: боздошти ғайриқонунӣ; зӯроварии ҷисмонӣ дар шакли латукӯб, шиканҷа бо ҷараёни барқ; таҳдиди таҷовуз ба худи қурбонӣ ва ё аъзои оилаи ӯ.

Аксар вақт шиканҷаҳо бо мақсади ба даст овардани нишондодҳои худиқрорӣ, ҷазо барои содир намудани амалҳои муайян ё ба сифати чораҳои пешгирӣ истифода шудаанд.

Гуруҳи асосии синнусолии қурбониён аз 34 то 45-сола аст. Шикоятҳо аз шиканҷа ва муносибати бераҳмона асосан нисбати кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, КДАМ, мақомоти зиддикоррупсионӣ ва СРИҶҶ Вазорати адлия, ки масъули муассисаҳои пенитенсиарӣ аст, ворид гардидаанд.

Дар ин давра аз ҷониби коршинос оид ба стандартҳои Протоколи Истамбулӣ барои гузаронидани таҳлили ҳуҷҷатҳои тиббӣ, коркарди дархост дар бораи таъин намудани ташхиси пурра, таҳияи стратегияи ҷамъоварии далелҳои тиббӣ дар марҳилаи санҷиши пеш аз тафтишот ва баъди оғоз намудани парвандаҳои ҷиноятии марбут ба истифодаи шиканҷа ва дигар намудҳои муносибати бераҳмона кӯмаки коршиносӣ расонида шуд.

Дар давраи аз моҳи январ то марти соли 2020-ум 4 мониторинги мурофиаҳои судӣ гузаронида шуд. Дастрасии мутахассисон оид ба ҳуҷҷатгузорӣ ва рӯзноманигорон ба мурофиа бемонеа буд. Таъхирҳои беасоси оғози мурофиаҳои судӣ ба мушоҳида расид. Толорҳои маҷлисҳои судӣ дар давраи зимистон гарм набуданд.

Аз ҷониби ташкилотҳои узви ГКҲ оид ба масоили шиканҷа ва дигар намудҳои муносибати бераҳмона, ғайриинсонӣ ё пастзанандаи шаъну шараф ва ҷазо машваратҳо дода шуданд: ТҶ «Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон»: хизматрасонии адвокат аз рӯйи як парванда оид ба шиканҷа ва муносибати бераҳмона таъмин карда шуд, 35 машварат пешниҳод гардид, 48 ҳуҷҷати ҳуқуқӣ ва мурофиавӣ тартиб дода шуд.

Дар ҳамин давра нашри «Ҷанбаҳои амалии гузаронидани пурсиши ноболиғон» омода гардид, ки дар торнамои Эътилоф пахш ва миёни адвокатҳову ҳуқуқшиносон паҳн карда шудааст.

NoTorture.Tj