ГКҲ: дар соли 2022-юм 19 муроҷиат оид ба масоили шиканҷа ва муносибати бераҳмона ҳуҷҷатгузорӣ шуд

Дар соли 2022 аз ҷониби котиботи Гуруҳи кумаки ҳуқуқӣ ва ташкилотҳои узви Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон 19 муроҷиат оид ба истифодаи шиканҷа ва муносибати бераҳмона ҳуҷҷатгузорӣ карда шуд, ки аз онҳо 4 нафар занон ва як нафар ноболиғ мебошанд. Ғайр аз ин, кор аз рӯйи шаш парвандаи солҳои қаблӣ идома ёфт.
Муроҷиаткардагон аз боздоштҳои ғайриқонунӣ ва худсарона, зӯроварии ҷисмонӣ дар шакли латукӯб, шиканҷа бо қувваи барқ, таҳдиди таҷовузи худи ҷабрдида ва/ё аъзои оилаи ӯ, тарсонидан аз ҳабс шикоят доштанд.
Ба гуфтаи онҳо, нисбаташон шиканҷа ва муносибати бераҳмона бо мақсади ба даст овардани эътирофи гуноҳ, муҷозот барои амали муайян ва ё ҳамчун чораи пешгирӣ ва таҳқири шаъну эътибори шахсӣ истифода шудааст.
Категорияи синнусолии муроҷиаткардагон: 1 - ноболиғ, 2 нафар - 19-21 сола, 7 нафар - 22-34 сола, 8 нафар - 35-45 сола, 1 нафар - аз 45 сола боло.
Шикоят дар бораи истифодаи шиканҷа ва муносибати бераҳмона нисбати мақомоти зерини давлатӣ ворид шудааст: мақомоти корҳои дохилӣ - 17, мақомоти амният - 2.
Дар ГКҲ се телефони боварӣ амал мекунанд: дар вилояти Суғд (987873333), дар вилояти Хатлон (987876666), дар шаҳри Душанбе ва НТМ (987087676). Телефонҳо шабонарӯзӣ, аз ҷумла рӯзҳои истироҳат
ва ид фаъоланд.
Дар маҷмуъ, дар давраи ҳисоботӣ 132 машварати шифоҳӣ, 89 ҳуҷҷати хаттии мурофиавӣ пешниҳод, 26 вохӯрӣ бо адвокатҳо гузаронида ва аз рӯйи 8 муроҷиат роҳнамоии ҳуқуқӣ расонида шудааст. Илова бар ин, дар давраи ҳисоботӣ аз рӯйи 3 парванда 6 маротиба мониторинги мурофиаҳои судӣ гузаронида шудааст.
Инчунин, давоми сол дар шаҳрҳои Хуҷанд, Гулистон, Истаравшан, Исфара, Бӯстон ва ноҳияҳои Б. Ғафуров, Ҷ. Расулов, Спитамен ва Деваштич бо иштироки намояндагони ВАО, ташкилотҳои ғайридавлатӣ
ва намояндаҳои Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар вилояти Суғд бо мақсади ошкор кардану баррасии ҳолатҳои шиканҷа, имкони ҳамкории минбаъда бо адвокатҳо, иштироки онҳо дар парвандаҳои вобаста ба шиканҷа ва муносибати бераҳмона бо адвокатҳо 17 вохӯрӣ гузаронида шудааст. Дар маҷмуъ, 112 адвокат ба вохӯриҳо фаро гирифта шудаанд, ки аз онҳо 34 нафар занон ва 78 нафар мардон мебошанд.