Article Pages

"Милитсия ва мардум бояд ғуломи қонун бошанд", "89 кас ҷиноят кард, 4 нафар не, 89 касро бо моддаи "шиканҷа" ба ҷавобгарӣ кашед..." Иштирокдорони мизи гирд дар студияи Радиои Озодӣ дар бораи доғ будани мушкили шиканҷа дар сохторҳои интизомии Тоҷикистон изҳори назар карданд. Дар чанд моҳи охир ҳодисаҳое ба мисли латту кӯби як зан ва як мард аз ҷониби маъмурони милиса дар Душанбе ва дар...

10.04.2019 - 10:59

Умед Ҳикоятов мегӯяд, рӯзи 31-уми март ду нозири минтақавӣ ӯро латту кӯб карданд Додситонии шаҳри Душанбе нисбат ба ду маъмури милисаи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, ки дар латту кӯби Умед Ҳикоятов гумонбаранд, бо айби “баромадан аз ҳадди ваколати хидматӣ” парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Тафтиш ҳоло берун шудан аз ваколати хидматиро дақиқ кардааст. Агар ҳолати шиканҷа исбот шавад,...

05.04.2019 - 10:25

Ду воқеаи ахир – осеб дидани Умед Ҳикоятови 38-сола ва зарбулати Мадина Шамсоваи 33-сола дар маркази Душанбе аз нав вожаи “шиканҷа” ва шикваҳо аз бадрафтории кормандони пулисро сари забонҳо кард. Ин дар ҳолест, ки пулис ҳардуро ашхоси дар ҳоли сархушӣ қаламдод намуд. Ба гуфтаи ҳуқуқшиноси тоҷик Шокирҷон Ҳакимов, чунин бархӯрд "бо (шахси) маст ё бемори равонӣ, баръакс ҳолати...

04.04.2019 - 10:11

Як сокини Душанбе иддао кард, ки дар натиҷаи латту кӯби як маъмури милиса узви таносулаш осеби ҷиддӣ дидааст ва чаҳор рӯз боз дар бемористони "Ёрии таъҷилӣ" бистарист. Дар идора нозири минтақавӣ гуфт, ки хез, пойҳоятро паҳн кун. Пурсид: "ман кӣ ҳастам?". Посух додам, ки "началник". Гуфт, ки "апа дорӣ?". Гуфтам "ҳа". Гуфт, "маро язна гӯй". Боз гуфт, ки "ота дорӣ?", гуфтам, ки "не, аз дунё...

03.04.2019 - 15:29

Додгоҳи ҳарбии шаҳри Душанбе як сарбози вазорати дифои Тоҷикистонро ба "вайронкунии қоидаҳои муносибат бо силоҳ", ки боиси ҳалокати як ҳамхизматаш шуд, айбдор намуд ва ӯро барои чаҳор сол равонаи зиндон кард. Ҳукми Додгоҳи ҳарбии Душанбе дар нисбати Эркин Абдураҳмонов, сарбози қисми ҳарбии "41008"-и вазорати дифои Тоҷикистон воқеъ дар Роғун, рӯзи 27-уми март эълон шуд. Падари Илҳомҷон мегӯяд,...

28.03.2019 - 18:09

Нурулло Ашӯров, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, як моҳ пеш ба ҳомиёни ҳуқуқ шикоят кард, ки маъмурони милиса писарашро дар боздошт шиканҷа додаанд. Писарам нақл кард, ки муфаттишон пайваста латту кӯб кардаанд, то иттиҳомро тасдиқ кунад. Гиря кард ва гуфт, ки ҳама ҷояш маъюб аст. ​Алиҷон Ашӯрови 27-сола ба ҳайси сартарош дар Русия кор мекард ва моҳи декабри соли гузашта ҳамроҳи зан ва кӯдаконаш аз...

24.03.2019 - 15:56

Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон Шуморо ба муносибати рӯзи Наврӯз - иди баҳор, вақте тамоми табиат зинда мешавад, ҳама чиз нав мегардад ва умедҳои нав тавлид мешаванд, табрик мегӯяд. Бигзор ҳар рӯзи таҳрикдиҳандаи баҳор, ҳар нури офтоб ба кошонаи Шумо хушбахтиву бурдборӣ биёранд. Бигзор бо омадани ин рӯзи нави баҳорӣ дар қалбҳоятон муҳаббату ҳамдигарфаҳмӣ хона...

20.03.2019 - 08:00

Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон кормандони мақомоти прокуратураи ҷумҳуриро бо иди касбиашон - Рӯзи прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рўзи 14-уми март ҷашн гирифта мешавад, самимона табрику таҳният гуфта, ба онҳо дар фаъолияти касбиашон барору комёбиҳоро таманно дорад. Бахусус лоиқи таъкид аст, ки мақомоти прокуратура дар самти ошкоркунии ҷиноятҳо, иҷроиши...

13.03.2019 - 07:33

Қаблан мо дар бораи «Парвандаи фархорӣ» ва истифодаи шиканҷа нисбати Файзалӣ Латипов гуфта будем. Парванда дар суд «фурӯ рехт», онро барои тафтишоти иловагӣ баргардониданд, он аз як шуъба ба шуъбаи дигар интиқол ёфт. Баъди «сайр»-и аҷибу пӯшидаи парванда, бо шикояти адвокатҳову хешовандон Прокуратураи генералӣ онро барои қабул намудани қарори ниҳоӣ талаб кард. Хешовандон ва адвокатҳои Файзалӣ...

12.03.2019 - 13:20

Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон намояндагони ВАО-и ватаниро бо иди касбиашон - Рўзи матбуоти тоҷик, ки ҳамасола рўзи 11-уми март ҷашн гирифта мешавад, табрик мегўяд. Мо ҳамкорӣ бо рўзноманигоронеро, ки дар мавзуҳои ҳуқуқи инсон, мубориза бо шиканҷа ва муносибати бераҳмона менависанд ва бо матолиби худ кўшишҳои огоҳсозӣ аз шиканҷа ва дигар намудҳои муносибати...

10.03.2019 - 08:47

Страницы