Шиканҷа, боз шиканҷа. Хотима кай?

Ду воқеаи ахир – осеб дидани Умед Ҳикоятови 38-сола ва зарбулати Мадина Шамсоваи 33-сола дар маркази Душанбе аз нав вожаи “шиканҷа” ва шикваҳо аз бадрафтории кормандони пулисро сари забонҳо кард.

Ин дар ҳолест, ки пулис ҳардуро ашхоси дар ҳоли сархушӣ қаламдод намуд. Ба гуфтаи ҳуқуқшиноси тоҷик Шокирҷон Ҳакимов, чунин бархӯрд "бо (шахси) маст ё бемори равонӣ, баръакс ҳолати вазнинкунанда аст”.

Сохторҳои қавӣ ва мустақиле, ки барои коҳиши шиканҷа мубориза мебаранд, дар Тоҷикистон каманд. Пеш аз ҳама андешаро шикаст, ки шиканҷа набояд усули корӣ бошад.

Аммо собиқадори Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, полковники бознишаста Неъмат Наимов мегӯяд: “Ҷомеа одат кардааст, ки як кори бади милисаро бинад, вале даҳ кори хуби он аз чашмҳо пинҳон монад.”

Абдурасул Назаров дар аз латукӯб даргузашт

Шикояти Умед Ҳикоятов аз кормандони умури дохилӣ дар пасманзаре расонаӣ шуд, ки Департаменти давлатӣ ё Вазорати умури хориҷии Амрико дар гузориши нави худ оид ба вазъи ҳуқуқи башар аз 13-уми март, аз ҳодисаи Абдурасул Назаров ҳамчун намуна ёд кардааст.

Як сол пеш дар ҳамин рӯз Абдурасул Назаров, сокини 40-солаи Кӯлоб дар боздоштгоҳ ҷон дод. Ӯро ҳамчун шарики нигаҳдошти миқдори ками маводи мухадддир гумонбар донистанд. Марги ӯ натиҷаи шиканҷа дониста мешавад, аммо пулис ин иттиҳомро рад кард ва гуфт, Назаров аз сактаи қалб даргузаштааст. Додситонӣ ду моҳ баъди ҳодиса хабар дод, ки ҳодиса ҳамчун шиканҷа таҳқиқ мешавад. Ҳанӯз натиҷаҳои парванда маълум нест ва Абдусамад Назаров, бародари ӯ рӯзи 3-уми апрел дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, мақомот онҳоро ба ягон мурофиаи додгоҳӣ даъват накарданд ва намедонанд, ки таҳқиқи ин парванда то куҷо расидааст. Мақомот низ натиҷаи ин тафтишро эълон накардаанд.

Қиссаи Умед Ҳикоятови 38-сола, ки бо нишонаҳои "осеби пӯшидаи моядон" ва "кафидани мояҳои чапу рост" дар беморхона бистарист, ба шикоятҳо аз шиканҷаи пулис як саҳифаи дигар афзуд. Ӯ иддао дорад, ки рӯзи 31-уми март аз ҷониби кормандони пулис дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт лату куб шуд. Кормандони нозири минтақавӣ дар ҳудуди ноҳияи Фирдавсӣ ва ҳам дар пулиси пойтахт ҳарчанд нахостанд ин мавзӯъро шарҳ диҳанд, вале талош карданд ин иттиҳомро рад кунанд. Чанд нафари онҳо бидуни муаррифии худ ва омодагӣ барои шарҳи қазия дар сӯҳбати телефонӣ гуфтанд, ки ин мард дар ҳолати мастӣ ба Шӯъбаи наркологӣ бурда шуда буд.

"Ба ҷои ислоҳи вазъ, боз ба шиканҷа рӯ оварданд"

Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ бар инанд, ки дақиқ ва ҳамаҷониба таҳқиқ нашудани чунин ҳодисаҳо ва ҳатто гоҳе боз нашудани парвандаи тафтиш сабаби такрор ба такрор пеш омадани воқеаҳои нав мешавад.

Маҳмурод ОдинаевМаҳмурод Одинаев, як фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ мегӯяд, дар аксар маврид, мақомот, ба ҷойи ислоҳи вазъ аз кормандони ниҳодашон, ки ба шиканҷа муттаҳам мешаванд, ҳимоя мекунанд.

“Мо дар ҳодисаҳои шикоят аз шиканҷа дар зиндон, ки видеоҳояшон ба берун баромад, шоҳид шудем, ки ба ҷойи ислоҳи вазъ танҳо шакли шиканҷа дигар шуд. Ҳоло талош мешавад тавре шиканҷа шавад, ки осораш боқӣ намонад ва ё хабараш ба расонаҳо роҳ наёбад,” - гуфт ӯ.

Дар Тоҷикистон барои шиканҷа аз ҷарима то 15 сол зиндон пешбинӣ шудааст. Аммо дар ҳолатҳои каме дар робитаи шикоятҳо аз шиканҷа нисбати омилони он парвандаи ҷиноӣ боз мешавад.

44 шикоят ба эътилоф = 2 парванда дар додгоҳ?

Масъулони Эътилофи зидди шиканҷа, ки созмонҳои ҳомии ҳуқуқро муттаҳид мекунад, мегӯянд, соли 2018 ба созмони онҳо 44 нафар аз шиканҷа шикоят кардаанд, ки 7 нафараш зан аст. Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон, рӯзи 29-уми январи имсол дар нишасти матбуотӣ гуфт, дар робита ба шиканҷа танҳо чаҳор парвандаи ҷиноӣ боз шуда, ду парванда барои муҳокима ба додгоҳ рафтааст.

Аксари шикоятҳо аз болои кормандони Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон сурат мегирад. Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон соли гузашта бо таъкид гуфт, ки “бигзор ҷиноят ошкор ношуда монад, вале шиканҷаро раво набинед”.

Дар пайи интиқод аз шиканҷа, Кумитаи зидди шиканҷаи Созмони милали муттаҳид соли гузашта ба Тоҷикистон чанд тавсия дод, то вазъро ислоҳ кунад.

Ҳукумати Тоҷикистон охири моҳи январ барои иҷрои ин тавсия “нақшаи миллии амал барои соли 2019-2020”-ро тасвиб кард. Дар ин барнома, бо ислоҳи чанд қонун, ки роҳи вакилони дифоъ ва ҳомиёни ҳуқуқро ба боздоштгоҳу зиндонҳо боз мекунад, ҳукумат мехоҳад вазъро ислоҳ кунад.

Хирад Каргасов, коршинос тоҷик низ бар ин андеша аст, ки ислоҳи вазъ ва хатми шиканҷа кори осоне нест, чун ин шеваи кор даҳсолаҳо пеш шакл гирифтааст ва дар зеҳни аксари кормандони милиса ҳамчун як роҳи осони ошкор кардани ҷиноят боқӣ мемонад.

“Сохторҳои қавӣ ва мустақиле, ки барои коҳиши шиканҷа мубориза мебаранд, дар Тоҷикистон каманд. Пеш аз ҳама андешаро шикаст, ки шиканҷа набояд усули корӣ бошад. Ин хоси кишварҳои собиқ шӯравӣ аст, вале бисёре аз кишварҳо пешравӣ доранд,”- гуфт ин коршиноси тоҷик.

Ҳуқуқи вакили дифоъ барои дидор бо зерҳимоя бояд риоя шавад

Соли 2014 ба расонаҳо аз дохили зиндон видеоҳое роҳ ёфт, ки дар он маҳбусон бо нишон додани баданҳои сиёҳу кабуд аз шиканҷа шуданашон шикоят мекарданд. Баъдан мақомот инро рад карданд ва дар видеоҳои навбатӣ зиндониён гуфтанд, ки “навори видеоӣ дуруғ буд”.

Дилрабо Самадова, ҳуқуқшиноси тоҷик мегӯяд, сабаби аслии даст задан ба шиканҷа бо роҳи касбӣ ошкор накардани ҷиноятҳост. Ба гуфтаи ӯ, вақте корманди пулис бо далел ва дигар усулҳои касбӣ ҷиноятро ошкор карда наметавонад, бо роҳи шиканҷа мехоҳад, аз боздоштшуда “баёноти худиқрорӣ” гирад, ки дар аксар вақт ин боиси маъюб шудани шаҳрвандон ва зиндонӣ шудани афроди бегуноҳ мешавад.

Ӯ мегӯяд, дар сурати “аз лаҳзаи дастгир шудани шахс бо вакили дифоъ таъмин шудани ӯ ва роҳ додани вакилон ба дохили боздоштгоҳҳо як роҳи коҳиши шиканҷа мебошад”.

“Ҳоло қонунгузорӣ инро иҷоза медиҳад, вале дар таҷриба маъмурияти муассисаҳо розигии хаттии муфаттишро талаб мекунанд ва ин кори адвокатҳоро барои вохурӣ бо шаҳрванд мушкил мекунад”, - гуфт ин ҳуқуқшиноси тоҷик.

"Хубиҳои кори полисро намебинанд"

Собиқадори Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон Неъмат Наимов мегӯяд, ҷонибдори ба ҷавобгарӣ кашидани корманди милисае аст, ки ба шиканҷа даст мезанад, вале ҳодисаҳои ангуштшумори қонуншикании кормандони як ниҳодро набояд тавре тасвир кард, ки як вазоратро чунин ҷилва диҳад.

Ӯ гуфт: “Корманде ҳаст, ки ҷиноят содир мекунад ва тарафдорам, ки он ҷазо гирад. Дар як ноҳияи сарҳадӣ сардори ШКД будам. Чӣ қадар барои мубориза бо қочоқбарон азоб доштем, фишор доштем. Ҳамаи кормандони милиса рӯзи дароз чунин корҳоро анҷом медиҳанд, лекин касе намебинад. Лекин вақте як нафараш ҷиноят кард, дигар тамом.”

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон барномаи ислоҳоти милитсияро татбиқ мекунад, ки аз соли 2014 шурӯъ шудааст ва то соли 2020 давом мекунад. Бар асоси ин барнома “милитсия” бояд ба “пулис” тағйири ном кунад. Дар пайи татбиқи барнома ба хотири ҷилавгирӣ аз шиканҷа утоқҳое, ки гумонбарон бояд бозпурсӣ шаванд, бо камераҳои назоратӣ муҷаҳҳаз шудаанд ва кормандони ВКД аз даҳҳо давраи омӯзишӣ гузаштанд.

То анҷоми барномаи ислоҳот камтар аз як соли дигар боқӣ мондааст, вале ҳанӯз шикоятҳо аз шиканҷа аз ҷониби кормандони ВКД коҳиш наёфтааст.

ozodi