Гумонбарон зиндонӣ шуданд, аммо шикоят аз шиканҷа пурра баррасӣ нашуд

Суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе се сокини ноҳияи Ёвонро, ки бо ҷурми қочоқи маводи мухаддир гумонбар мешуданд, зиндонӣ кард. Рўзи 21-уми ноябр судяи парванда Шарифҷон Сайдализода эълон дошт, ки Ҷонибек Сайфиддинов 8,6, Насим Кукиеву Ёсин Меликов 8-солӣ аз озодӣ маҳрум шуданд.

Ин афрод дар ҷараёни муҳокимаи судӣ гуфтанд, ки тафтишу баррасии парванда бо нақзи ҳуқуқ анҷом шуда буд ва онҳо гуноҳро зери шиканҷа бар дўш гирифтаанд. Дар ҳоле, ки гумонбарон дар ҷараёни тафтиши парванда ба шиканҷа шуданашон аз ҷониби кормандони пулис шикоят карданд, ин қазия мавриди баррасии пурра қарор нагирифт. Танҳо Прокуратураи ноҳияи Шоҳмансур гуфт, ки пас аз муроҷиати адвокати се айбдоршаванда Гулчеҳра Холматова оид ба санҷиши шиканҷаи боздоштшудаҳо дар боздоштгоҳи муваққатӣ ду корманди бахши зудамали ШКД-и ноҳияи Шоҳмансур барканор карда шудаанд. Вале бо вуҷуди нишондоди худи боздоштшудаҳо, мақомот то охир вуҷуди шиканҷаро тасдиқ накарданд.

Бояд гуфт, ки дар рафти баррасии судии рўзи 3-юми апрел дар Суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе аз тарафи адвокат дар бораи санҷиши прокурорӣ дархост пешниҳод шуда буд. Ҷониби суд дархостро қабул карда, маводро ба Прокуратураи ноҳияи Шоҳмансур барои бурдани санҷиши прокурорӣ ирсол намуд. Натиҷаи санҷиши парвандаи ҷиноятӣ ба Суди ноҳияи Шоҳмансур фиристонда шуд. 1-уми июни соли 2017 бо сабаби бенатиҷа будани санҷиш, аз тарафи адвокат барои бурдани санҷиши прокурорӣ дубора дархост ирсол карда шуд. Дархости адвокат қабул ва маводи парвандаи ҷиноятӣ ба Прокуратураи шаҳри Душанбе барои дубора санҷиши прокурорӣ бурдан ирсол гардид. Баъд аз санҷиши прокурорӣ ду корманди ШВКД-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе аз кор озод карда шуданд. Лекин баъд аз анҷоми санҷиш қарор дар бораи қатъ кардан аз оѓози парвандаи ҷиноятӣ қабул карда шуд.

Зуҳро Зеварова, айбдоркунандаи давлатӣ қабл аз эълони ҳукм аз додрас хост, ки Ҷонибек Сайфиддиновро нўҳ ва Насим Кукиеву Ёсин Меликовро ҳаштунимсолӣ аз озодӣ маҳрум кунад. Ҷонибек Сайфиддинов, яке аз маҳкумшудаҳо то охирин лаҳза худро гунаҳкор наҳисобид ва гуфт, ки на маводи мухаддир истеъмол кардааст ва на ба қочоқ даст задааст. Дар мурофиа танҳо Ёсин Меликов гуфт, ки ҳангоми боздошт дар ҷайби ў 6 грамм ҳашиш ва он ҳам барои истеъмол ошкор шуда, ин мавод мавриди харидуфурўш қарор надоштааст. Аммо муфаттиш дар парванда на 6, балки 26,6 грамм навиштааст. Насим Кукиев бошад, дар мурофиа эътироф кардааст, ки ин 6 грамм ҳашишро аз майдончаи варзишӣ пайдо карда, бо хоҳиши дўсташ ба Меликов барои истеъмол додааст.

Маҳз зикри 26,6 грамм ҳашиш яке аз масоили аслии баҳсӣ дар давоми мурофиа буд. Азиз Раҳимов, як корманди ШВКД-и Шоҳмансур зимни як мурофиаи додгоҳӣ, ки барои рў ба рў кардан бо боздоштшудаҳо даъват шуда буд, вуҷуди шиканҷаро рад карда ва ҳам гуфтааст, ки ин миқдор маводи нашъадорро дар воқеъ ҳангоми боздошт пайдо кардааст.

Гулчеҳра Холматова, адвокати судшавандаҳо дар баромади худ дархости додситонро ноодилона хонда, аз судяи парванда хост, то Ҷонибек Сайфиддиновро бинобар пурра бегуноҳ буданаш аз толори суд озод кунад ва парвандаро барои тафтиши дубораи аъмоли ду нафари дигар бозпас фиристад. Ҳарсе боздоштшуда дар суханони охирин норозигии худро нисбати моддае, ки дар парванда овардаанд, нишон дода, аз судя хостанд, то парвандаро барои тафтиши дубора бозпас бифиристад. Вале Сайдализода Ш., судяи Суди ноҳияи Шоҳмансур пас аз шунидани сухани охирини айбдоршавандаҳо ва вакилони мудофеъ дархосту хоҳиши онҳоро ба назар нагирифт ва ҳукми додгоҳро содир кард.

Дар ҳамин ҳол, пайвандони судшавандаҳо баъд аз эълони ҳукм онро “ѓайриодилона ва бераҳмона” хонданд. Сайфиддин Исломов, падари Ҷонибек Сайфиддинов гуфт, ки фарзандаш гунаҳкор нест ва баръакс, ҳангоми дар боздоштгоҳ будан зери шиканҷа қарор гирифтааст. Ҳамчунин, пайвандони маҳкумшудаҳо мегўянд, ки ба зинаҳои болоии судӣ барои барқарор шудани адолат шикоят мебаранд.

NoTorture.Tj