Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон

Ҳуқуқдон бошед!
Дар бахши “Саволу ҷавоб” ҳуқуқшиносони Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ ба саволҳои хонандагон посух медиҳанд.
САВОЛ: Гумонбаршудагон кадом ҳуқуқҳои мурофиавиро доранд?
ПОСУХ: Ҳуқуқҳои асосии гумонбаршудагон:
Ҳуқуқи боздошт нашудан бидуни асосҳои қонунӣ
Мувофиқи моддаи 11-и КМҶ дар бораи дахлнопазирии шахсӣ: «Ҳеҷ касро бе асоси қонунӣ боздошт кардан ё ба ҳабс гирифтан мумкин нест».
Ҳуқуқи пурсида шудан дар давоми муҳлати муносиб пас аз боздошт
Дар ҳамин моддаи 11 муқаррар шудааст, ки пурсиши гумонбаршуда бояд на дертар аз 24 соат ва барои ноболиғон - 12 соат аз лаҳзаи боздошти воқеӣ анҷом дода шавад.
Ҳуқуқ ба ҳимоятгар (адвокат) аз лаҳзаи боздошти воқеӣ
Ҳимоятгар ҳатман дар ҳолатҳое иштирок мекунад, ки гумонбаршуда худаш дархост пешниҳод менамояд; ӯ ноболиғ аст; ӯ аз ҷиҳати ҷисмонӣ ё равонӣ қодир нест худро ҳимоя кунад; ӯ забони мурофиаро намедонад; ба гумонбаршуда ҳабси абад ё ҳукми қатл таҳдид мекунад.
Ҳуқуқи донистани он ки ба чӣ гумонбар мешавад
Ба гумонбаршуда бояд фаҳмонида шавад, ки ӯ дақиқан дар чӣ гумонбар дониста мешавад.
Ҳуқуқ ба дарёфти маълумот оид ба айбномаҳои пешниҳодшуда, нусхаҳои қарорҳо ва ҳуҷҷатҳо
Гирифтани нусхаҳои қарор дар бораи оғоз кардани парвандаи ҷиноятӣ, протоколҳо ва дигар ҳуҷҷатҳои муҳим, ки қонун талаб мекунад.
Ҳуқуқи рад кардани нишондоддиҳӣ
Ҳеҷ кас уҳдадор нест, ки бар зидди худ нишондод диҳад.
Ҳуқуқ ба истифодаи забоне, ки медонад ва ҳуқуқ ба тарҷума
Агар гумонбаршуда забонеро, ки бо он мурофиа сурат мегирад, надонад, бояд тарҷума таъмин карда шавад.
Ҳуқуқ ба пешниҳод кадани далелҳо ва дархостҳо
Барои ҳимояи худ далелҳо, инчунин дархостҳо пешниҳод кардан ва эътирозҳо низ ироа намудан мумкин аст.
Ҳуқуқ ба эҳтироми шаъну шараф; манъи зӯроварӣ ва шиканҷа
Мувофиқи моддаи 10 дар бораи эҳтироми шаъну шараф: «Ҳеҷ кас набояд мавриди шиканҷа, муносибати бераҳмона ё пастзанандаи шаъну шараф қарор гирад».
Ҳуқуқ ба нигоҳдорӣ танҳо дар ҷойи барои ҳаёт ва саломатӣ бехатар
Агар чораи пешгирикунанда дар шакли нигоҳдорӣ дар ҳабс татбиқ карда шавад, бояд дар ҷойҳое нигоҳ доранд, ки барои ҳаёт ва саломатӣ бехатар бошанд.
Маҳдуд кардани муҳлати боздошт бе қарори суд / бе чораҳои пешгирикунанда
Боздошт наметавонад аз муҳлати муайян зиёд давом кунад: барои калонсолон - бе чораи пешгирикунанда ё қарори суд на бештар аз 72 соат; барои ноболиғон - на бештар аз 48 соат.
Ҳуқуқи шикоят кардан аз қарорҳо ва амалҳо
Гумонбаршуда ҳуқуқ дорад, ки аз қарорҳо оид ба боздошт, чораҳои пешгирикунанда ва дигар амалҳо (масалан, тартиби тафтишот ё қарорҳои айбдоркунанда/муфаттиш) тавассути суд, прокуратура ва дигар мақомоти назоратӣ шикоят кунад.
Ҳуқуқ ба шаҳодаткунонии тиббӣ
Ҳангоми боздошт ё ҷойгир кардан дар тавқифгоҳ - бояд шаҳодаткунонии тиббӣ; санҷиши вазъи саломатӣ вуҷуд дошта бошад.
Сомонаи мо: https://notorturetj.org/
Почтаи электронӣ: notorture.tj@gmail.com
Агар шумо ё хешовандони шумо мавриди шиканҷа ва муносибати бераҳмона қарор гирифта бошед, ба WhatsApp ё Telegram занг занед ё нависед:
+992 98 787 66 66 дар вилояти Хатлон
+992 98 787 33 33 дар вилояти Суғд
+992 98 708 76 76 дар ш. Душанбе ва НТМ
Ба идораҳои мо муроҷиат кунед:
ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 137, бинои Тоҷикматлубот
ш. Хуҷанд, хиёбони Сомонӣ 42, утоқи 117
Моро дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайравӣ намоед, то аз иттилоот бохабар бошед!
Facebook: https://www.facebook.com/notorturetj
Twitter: https://twitter.com/NoTorturetj
Youtube: https://www.youtube.com/channel/UCn3sZx0776E1Qcbvz4WAE7g
Телеграм: https://t.me/Notorturetjk
Инстаграм: Notorturetj