Гунаҳгорони "облава" ҷазо гирифтанд

Гунаҳгорони "облава" ҷазо гирифтанд

Прокуратураи ҳарбии вилояти Суғд бар асоси шикояти гурӯҳи ҳомии ҳуқуқи инсон «Ампаро» рўйдоди нангини «облава» дар ин вилоятро, ки чанде пеш сабти видеоии он аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ гардон шудаву онро дар сар то сари ҷаҳон тамошо карда буданд, таҳқиқот анҷом дод.

Бино ба гузорише, ки дар варақаи матбуотии «Ампаро» расонаӣ шудааст, ҳодиса моҳи ноябри соли 2011 дар шаҳри Исфара рух додааст.

Гуфта мешавад, ки он рўз ба хонаи даъватшаванда А.Н., ки гӯё чандин маротиба даъватномаи комиссариати ҳарбиро нодида гирифтааст, нозири калони Комиссариати ҳарбии Исфара К.И., собиқ ёвари калони роҳбари шуъбаи дуюми комиссариати ҳарбии вилояти Суғд Р.Ю., нозири шуъбаи қайд ва Раиси ҷамоате, ки А.Н. дар он маҳал зиндагонӣ мекард, даромаданд.

Онҳо даъватшавндаро дар яке аз утоқҳои хона пайдо карда, берун кашиданд. Дар ин лаҳза хоҳар ва ҳамсари бародари даъватшаванда монеъи бурдани ў ба комиссариати ҳарбӣ шудаанд. Ҳамин ҳолат дар навори видеоӣ сабт шудааст. 

Прокуратура дар посухаш ба «Ампаро» гуфтааст, ки занони дар кашмакаш бо кормандони комиссариати ҳарбӣ ширкатдошта ҳодисаи латукўби сарбози ояндаро рад кардаанд.

Гуфта мешавад, ки шахсони гунаҳгор ошкор ва ба ҷавобгарии интизомӣ кашида шуданд.

«Ампаро» дар варақаи матбуотии худ навиштааст: «Боиси хушнудист, ки аз ҷониби прокуратураи низомии вилояти Суғд, бо вуҷуди он ки муддати се сол аз ин рўйдод гузашт, ҳодисаро ҳамаҷониба омўхтааст ва дар нисбати вайронкунандагони низоми даъват чораҳои зарурӣ андешидааст. 

Гурӯҳи ҳомии ҳуқуқи инсон «Ампаро» чунин меҳисобад, ки мавқеъи Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди шеваҳои даъвати ғайриқонунии ба зизмати ҳарбӣ басо муҳим аст ва мушоҳида мешавад, ки ташаббуси Сардори давлат аллакай натиҷаҳои худро медиҳад.

TojNews