Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Ҳукумати Тоҷикистон 24-уми январи соли 2019 Нақшаи миллии амал оид ба иҷрои тавсияҳои Кумитаи зидди шиканҷаи СММ барои солҳои 2019-2022-ро қабул кард. Нақшаи миллӣ аз 22 банд иборат аст: тафтиши ҳолатҳои шиканҷа, ҷазо барои истифодаи шиканҷа, пурзӯр намудани фаъолияти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҶТ, кафолатҳои асосии ҳуқуқӣ, дастрасӣ ба адвокати мустақил, санҷиши ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ, шароити нигоҳдорӣ дар ҳабс, механизми мустақили қабул ва баррасии шикоятҳо аз шиканҷа, таъмин намудани ҷубронпуливу офиятбахшӣ ва ғайра.
Нақшаи миллӣ гузаронидани 80 чорабиниро дар самти амалигардонии қонунгузорӣ ва таҷрибаи ҳуқуқистифодабарӣ оид ба масоили роҳ надодан ба шиканҷа пешбинӣ намудааст. Ба амалисозии Нақшаи миллӣ доираи васеи мақомоти давлатӣ, судҳо, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, Институти Омбудсмен ҷалб карда шудаанд.
Инак, банди №1-и Нақшаи миллӣ: «Чораандешӣ бобати ба ҷавобгарӣ ҷалб кардани нафароне, ки ба истифодаи шиканҷа ва дигар намудҳои муносибати бераҳмона гунаҳгор дониста мешаванд».
Оид ба ин банд якчанд чорабинӣ ба нақша гирифта шудааст: гузаронидани таҳлили қонунгузорӣ ва таҷрибаи тафтиши ҳолатҳои истифодаи шиканҷа ва муносибати бераҳмонаву ғайриинсонӣ; ташкил намудану гузаронидани чорабиниҳои омӯзишӣ барои баланд бардоштани касбияти судяҳо, кормандони мақомоти прокуратура, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар мутахассисон оид ба озодӣ аз шиканҷа ва дигар намудҳои муносибати бераҳмона; ворид кардани масъалаи манъи қатъии шиканҷа дар баромадҳои мансабдорони ҳукуматӣ, аз ҷумла баромадҳои онҳо дар ВАО.
Матлаби мазкур бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи қурбониёни шиканҷа, ки ҳамасола 26-уми июн қайд мегардад, бахшида шудааст.
Шиканҷа монанд ба вируси даҳшатнок аст ва танҳо як ваксина муқобили он вуҷуд дорад - ошкорсозӣ