Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Қиссаҳоеро ба шумо пешкаш менамоем, ки оид ба қисмати фоҷиавии сенздаҳ сарбози дар артиш қурбонии шиканҷа ё “меҳтарсолорӣ” гардида, ки дар китоби “Қиссаи 13 сарбоз, ё орзуҳои барбодрафта” (муаллифон Ҷамшед Маъруфов ва Гузал Маҳкамова, муҳаррир - Хоҷаев Фазлиддин) ҷой гирифтаанд, нақл мекунанд.
Китоб аз ҷониби ТҶ “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” бо мусоидати Эътилофи зидди шиканҷа бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи қурбониёни шиканҷа - 26-уми июн омода карда шудааст.
Гузаронидани чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи қурбониёни шиканҷа дар доираи лоиҳаи "Тақвияти амалҳои пешгирии шиканҷа ва дастгирии ташкилотҳои ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ", бо дастгирии молиявии Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ амалӣ карда шудааст.
Гурдаамро баргардонед!
Тибқи қонунгузории Тоҷикистон, ҷавононе, ки бемории музмин доранд, аз хизмати ҳарбӣ озоданд. Аммо дар мавриди Имомиддин қонун корагар нашуд. Ҷавон ба хизмат фиристода шуд, ки онҷо танҳо 12 рӯз хизмат кард. Бо сабаби бемории музминаш, ӯ ба госпитали ҳарбӣ афтод ва барои тамоми умр маъюб шуд...
Имомиддин Холов дар деҳаи Ҳоити ноҳияи Рашт таваллуд шуда, ба воя расидааст. Ӯ дар мактаб бо баҳои аъло таҳсил мекард. Мушкилоти молиявии оила Имомиддини 12-соларо маҷбур намуд, ки пул кор кунад. Мактаб ба нақшаи дуюм гузашт. Имомиддин бо заҳмат синфи нуҳумро хатм карда ва пас аз як солаш ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба Русия рафт.
Тақдираш баландӣ кард - дарзамон дар мағоза кор пайдо намуд, даромади хуб дошт ва ба хона маблағ мефиристод. Воқеан, баъзан ӯро дарди паҳлуяш бесаранҷом мекард, вале ҷавон ба ин аҳамият намедод. Баъди якуним сол ба ватан баргашт.
Боре Имомиддин бо дӯсташ қарор доданд, ки ба пойтахт раванд ва дар боғ сайругашт кунанд. Аммо сайругашт амалӣ нагардид, онҳо ба “облава” афтоданд. Онҳоро кормандони Комиссариати ҳарбии ноҳияи Синои Душанбе боздошт карданд ва маҷбуран ба комиссариати ҳарбӣ бурданд. Ташхиси тиббӣ дар Имомиддин мавҷуд будани намуди шадиди бемории гурдаро нишон дод. Табибон кормандони комиссариати ҳарбиро огоҳ намуданд, ки як гурда аллакай аз кор монда истодааст. Вале онҳо нешханд заданд: «Нақша нақша аст!». Табибони комиссияи тиббӣ таҳти фишори онҳо ба варақаи тиббии Имомиддин “қобили хизмат” навиштанд. Баъди як ҳафта ҷавонро ба қӯшунҳои сарҳадии минтақаи куҳиву сарди ВМКБ фиристоданд.
Азоби Имомиддин аллакай дар роҳ, вақте ки 17 сарбозро дар як микроавтобуси хурди пуропури одам аз Душанбе ба Хоруғ мебурданд, оғоз гардид. Роҳ то маркази вилоятии ВМКБ бо “Спринтер” 15-17 соат аст. Тӯли ин муддат ғайр аз нон дигар чизе набуд. Гуруснагӣ, роҳи дарозу мушкил кори худро кард. Пойҳои Имомиддин варам карданд. Ҷавон фикр кард, ки ин варамҳо аз сабаби сафари дурудароз дар микроавтобуси танг пайдо шудаанд. Он замон ӯ намедонист, ки камтари дигар роҳ ва гурдааш аз кор мемонад.
Шароитҳои аз ин ҳам бадтар ӯро дар қисми ҳарбӣ интизор буданд. Имомиддин ба хотир меорад: «Хизмат хизмат аст. Воқеан, хӯрокворӣ даҳшатнок буд. Макарону ҷав дар об ва ярмаи беравғанро хӯрдан номумкин буд. Ана ҳамин хел хӯроки сарбозӣ».
Хӯроки камхарҷи номуътадил, сарбории зиёди ҷисмонӣ ва хунукшавӣ - ва мушкилоти ӯ оғоз шуд.
12 рӯзи хизмат гузашт. Саҳарӣ, вақте ҳама машқи пагоҳирӯзӣ анҷом медоданд, Имомиддин ғайри интизор афтод ва дигар ба по хеста натавонист. Ӯро ба назди фелдшер бурданд. Сафедаи баланд дар хун, креатинин, фишори баланди хун. Маълум гардид, ки як гурда аз кор мондааст.
Иқболаш баландӣ кард. Сардор ба ҳолати рухдода некбинона назар кард ва Имомиддинро ба беморхонаи ҳарбии шаҳри Хоруғ фиристоданд. Табиби табобаткунанда бошад, мизоҷро ба мисли писари худаш нигоҳубин мекард, ба ӯ гӯшти бенамаку хӯроки тунук мехӯронд, ки барои барқарор шудани кори организм зарур буд. Аҳволи Имомиддин беҳтар шуд, аммо пурра барқарор кардани фаъолияти гурда имкон надошт.
Табиб ба сарбоз умед бахшид. “Агар хуб хӯрок истеъмол кунӣ, сари вақт дору гирӣ, гурдаат барқарор мешавад”,- мегуфт ӯ.
Сардор вақте дид, ки ҳолати Имомиддин хуб шуда истодааст, фикр кард, ки ӯ шояд аз хизмат сарпечӣ кунад, бинобар ин, фармон дод, то ба қисми ҳарбӣ баргардад. Имомиддин чанд рӯз бе назорати табиб монд ва якҷоя бо дигар сарбозон хӯроки камхарҷи сарбозӣ мехӯрд. Гурда пурра аз кор монд ва сарбоз дигарбора дар бистари беморӣ афтод. Ҷиддияти бемории ӯро дида, Имомиддинро ба беморхонаи пойтахт равон карданд.
Сарбозро фикрҳои ногувор азоб медоданд. Фикр мекард, ки аллакай дигар ба по намехезад. Вай на танҳо роҳ гашта наметавонист, балки гап задан ҳам барояш мушкил буд. Қувваташ намонд. Табибон гемодиализ (усули тозасозии ғайригурдавии хун ҳангоми норасоии сахту музмини гурдаҳо) таъин карданд. Пас аз фаҳмидани азоби ӯ, сардори қисми ҳарбӣ ба ӯ шаҳодатномаи ҳарбӣ овард ва болои мизи ҳуҷра гузошта рафт.
“Ман дар қисми ҳарбӣ ҳамагӣ 12 рӯз будам ва 6 моҳ дар беморхона хобидам. Ман дар дами марг будам ва сардорҳо намехостанд масъулиятро барои ман ба дӯш гиранду аз ман чун ашёи нолозим халос шуданд. Барои ман хеле аламовар буд”,- ба ёд меорад Имомиддин.
Баъди аввалин гемодиализ ӯ ба нафаскашии мустақилона оғоз кард. Чунин тартибро ҳар се рӯз гузаронидан лозим буд, ки 400-500 сомониро ташкил медод. Хароҷот зиёд буд.
Аввалин кӯмаки молиро бародари дӯсти наздики Имомиддин расонид. Боз, барои марҳилаҳои баъдии табобат аз ҳама ҷо маблағ ҷамъ оварда шуд. Хешовандон, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, шахсони хайрхоҳ ташаббус нишон доданд. Аммо, табибон боз ҳам маслиҳат медоданд, ки ҳарчи зудтар шахси донор пайдо кардаву иваз намудани гурда зарур аст.
Донор пайдо шуд. Бародари калонии Имомиддин, ки дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар Русия буд, розӣ шуд як гурдаашро ба бародараш диҳад. Табибон ваъда доданд, ки барои амалиёти ҷарроҳӣ кумак мерасонанд. Вале як рӯз пеш аз амалиёти ҷарроҳӣ падари Имомиддин аз дунё гузашт ва ӯ маҷбур шуд, ки фавран аз кати беморӣ хезаду аз пойтахт ба хона равад. Чанд рӯзи ӯ сарфи ҷаноза ва дигар маросимҳо гардид. Он вақт маълум гардид, ки бародараш ба мушкил мувоҷеҳ шуда, аз Русия парвоз карда натавонистааст. Ҷарроҳиро мавқуф гузоштанд. Як моҳи дигар гузашт. Дар ҳамон вақт ҷавони зебо ва нерӯманд ба шахси фартут мубаддал шуд.
Дӯстону наздикон ҳамеша дар ҷустуҷӯи маблағ барои диализ буданд. Ҳар моҳ маблағи зиёд лозим меомад, ки барои як оилаи бо кишоварзӣ сарукордошта вазнин буд.
Тасодуфан маълум шуд, ки модари Имомиддин метавонад донор бошад. Табибон рӯзи ҷарроҳиро таъин карданд. 48 ҳазор сомонӣ ёфтан лозим буд. Ва ёфтанд: нисфи хароҷоти амалиёти ҷарроҳиро Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ, қисми дуюмро ташкилоти ҷамъиятии «Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ» пардохтанд.
3 сол сипарӣ шуд. Имрӯз Имомиддин маъюби гуруҳи якум аст ва 280 сомонӣ (28 доллар) нафақа мегирад. Ҳар моҳ барои табобати гурда бо маблағи 1500 сомонӣ доруворӣ харидан лозим аст.
“Ман аксар вақт бемор мешавам, масунияти суст дорам. Ба ман ҳамеша лозим аст, ки хӯроки хуб хӯрам, дар фикри саломатӣ ва гигиенаи шахсии худ бошам”,- мегӯяд Имомиддин.
Ӯ иқрор аст, ки то охирин рӯзҳои ҳаёташ бояд дору истеъмол намояд. Яъне, ҳамеша хароҷоти ҳангуфт зарур аст, вагарна, аз кор мондани гурдаҳо аз эҳтимол дур нест.
Ҷавон кайҳо боз аз касе шикоят надорад. Суд гунаҳгоронро ҷарима баст ва онҳоро аз ҷойҳои корашон озод карданд. Аммо Имомиддин барои ҳуқуқҳояш муборизаро идома медиҳад. Ба наздикӣ бо дархост оид ба пардохти ҷубронпулӣ ба Суди Олӣ муроҷиат кард.
«Онҳо бояд маблағи тамоми хароҷотамро пардозанд. Ва ман то охир меравам!»,- қатъӣ мегӯяд Имомиддин.