Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Ҷумҳурии Тоҷикистон аз миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ аввалин шуда Конвенсияи соли 1951 «Дар бораи мақоми гурезаҳо» ва Протоколи иловагии соли 1967-ро қабул кард. Аз ин давра кор дар мавриди ташкил намудану рушди системаи таъмини паноҳгоҳ дар кишвар оғоз ёфт. Имрӯзҳо дар мамлакат 2 ҳазору 158 гуреза ва 108 нафар паноҳҷӯ зиндагӣ мекунанд, ки қисми зиёдашон шаҳрвандони Афғонистонанд. Амалан, 90%-и гурезаҳо тоҷикони қавмианд.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати демокративу ҳуқуқбунёд, дунявию унитариро, ки дар он ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандон кафолат дода мешавад, эълом доштааст. «Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши волотаринанд. Ҳаёт, виҷдон, шаъну шараф ва дигар ҳуқуқҳои табиии инсон дахлнопазиранд. Ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд эътироф мешаванд, риоя мегарданд ва аз ҷониби давлат ҳимоя карда мешаванд» [1].
Арзиши волотарин эълом доштани инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ маънои рушди фаъолияти ҳуқуқҳимоятгарии давлатро нисбати гурезаҳои дар ҳудуди Тоҷикистон қарордошта дорад, чун шаҳрвандони хориҷӣ ва нафарони бешаҳрвандӣ аз ҳуқуқу озодиҳои ҷорӣ истифода мебаранд ва вазифаву уҳдадориҳои баробар бо шаҳрвандони Тоҷикистон доранд, ба ҷуз ҳолатҳое, ки аз ҷониби қонунгузорӣ муқаррар гардидаанд.
Дар муайянсозии мақоми ҳуқуқии гурезаҳо санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ, ки аз ҷониби Тоҷикистон қабул шуда ва қисми таркибии системаи ҳуқуқии ҷумҳурӣ мебошанд, нақши муҳим мебозанд. Дар ҳолати мутобиқат накардани қонунҳои бо санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ қабулшуда, меъёрҳои санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ истифода бурда мешаванд.[2]
Қонуни ҶТ «Дар бораи гурезаҳо» асосҳо ва тартиби гуреза эътироф шудани шахсеро, ки дар ҶТ паноҳгоҳ меҷӯяд, муайян месозад, кафолати ҳимояи ҳуқуқи иқтисодиву иҷтимоӣ ва манфиатҳои ҳуқуқии гурезаҳоро фароҳам меорад, мақоми ҳуқуқии онҳоро муайян мекунад.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дар бораи муайян намудани мақоми гурезаро Комиссияи доимамалкунанда оид ба муайянсозии мақоми гурезаи назди мақомоти корҳои дохилӣ мебарорад, ки аз намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти корҳои дохилӣ, мақомоти тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, мақомоти меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, мақомоти амнияти миллӣ, мақомоти корҳои хориҷӣ иборат аст.
Мутобиқи Қонуни ҶТ «Дар бораи гурезаҳо» аз 10-уми майи соли 2002 (дар таҳрири Қонунҳои ҶТ №590 аз 12.01.10 с., №919 аз 28.12.12 с. ва №1124 аз 26.07.14 с.) шахсоне, ки ғайриқонунӣ ба ҳудуди Тоҷикистон омада, аммо дар мавриди гуреза эътироф шуданашон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат кардаанд, бояд аз истифодаи санксия нисбаташон барои ғайриқонунӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омадан ё ғайриқонунӣ дар кишвар қарор доштан озод карда шаванд. Қонунгузорӣ ба эҳтироми сабабҳое, ки метавонанд боиси гузаронидани муҳлати бо ариза муроҷиат кардан дар бораи хоҳиши дар ҶТ гуреза эътироф шудан гарданд, ишора намудааст.
Масоили ҳамгироии гурезаҳо дар ҷомеаи Тоҷикистон бо уҳдадориҳои коркард ва амалинамоии барномаҳои ҷобаҷосозӣ алоқаи зич дорад. Зикр кардани воситаҳои молиявии кафолатдиҳандаи иҷрои ин тавсияҳо муҳим аст. Аз ҷумла, Қонуни ҶТ “Дар бораи гурезаҳо” як қатор ҳолатҳоеро дар бар дорад, ки дар сурати мавҷуд набудани санадҳои зерқонунии идоракунӣ ва воситаҳои молиявӣ дар таҷриба амалӣ намешаванд. Ин ҳолати Қонун дар бораи ҳуқуқи гурезаҳо барои дастрасӣ ба кӯмаки молиявӣ ва дигар намуди кӯмакҳо аз рӯи тартиб аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шудааст: иштирок дар барномаҳои ҳамгироӣ, ки аз ҷониби мақомоти давлатӣ оид ба муҳоҷират коркард шудаанд; кӯмак барои ҳамгироии нафароне, ки гуреза эътироф шудаанд, албатта бо дарназардошти мавҷудияти ҷойҳои холии корӣ дар бозори меҳнат.
Дастрасии кӯдакони гуреза ба маълумоти миёна ва олӣ бо қонунгузорӣ маҳдуд карда нашудааст ва инҷо инчунин машваратҳои инфиродиву кӯмак барои дастрасӣ ба фанҳои мактабии умумитаълимӣ, кӯмаки равонӣ ба кӯдакон ва волидони онҳо, нашрҳои махсус барои гурезаҳои афғон бо забони модариашон, паҳн кардани иттилоъ дар бораи маълумоти фарҳангӣ ва таҳаммулпазирӣ заруранд. Чунин намуди чорабиниҳо захираҳои инсонӣ, даврӣ ва молиявии иловагӣ талаб мекунанд.
Қонун дар Тоҷикистон гурезаҳоро аз гирифтани иҷозат барои кор озод мекунад. Бо дарназардошти вазъияти душвор дар бозори меҳнат, рақобатпазирии гурезаҳоро ҳангоми қабул шудан ба кор тариқи амалӣ намудани барномаи комплексии дастрасӣ ба бозори меҳнат боло бурдан лозим аст, ки машваратҳо, омӯзиш, кӯмак барои ноил шудан ба малакаҳои соҳибкорӣ, ҷустуҷӯи корҳои аз ҷониби кордиҳандаҳои муваффақ эълоншуда ва ғайраро дар назар дошта бошанд. Айни замон дар заминаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон гурезаҳо касбҳои сартарошӣ, дӯзандагӣ, барқчӣ ва ғайраро меомӯзанд. Ҳоло даврҳои омӯзишӣ аз ҷониби Намояндагии Комиссари Олии СММ оид ба гурезаҳо маблағгузорӣ мешавад, аммо кӯшиш кардан лозим аст, ки чорабиниҳои заминавии омӯзиши амалӣ барои ин гуруҳи осебпазир ройгон гузаронида шаванд.
Яке аз «санадҳои меъёрии мушкилдор» нисбати гурезаҳо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №323 (аз соли 200-ум) ба шумор меравад, ки «кишварҳои сеюми бехатар» (давлатҳои зерин ба ин рӯйхат дохил мешаванд: Афғонистон, Белорусия, Хитой, Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон, Покистон, Россия, Туркманистон ва Ӯзбекистон) барои шахсони паноҳҷӯро муайян мекунад. Қарори №323 додани мақоми гурезаро ба паноҳҷӯёне, ки дар кишварҳои зикршуда бе муайянсозии муҳлати зист ё ҳамин намуд зиндагии муваққатӣ бо мақсади истифодаи чунин қоида умр ба сар бурдаанд, манъ мекунад. Ин мухолифи моддаи 33-и Конвенсияи соли 1951 аст. Азбаски Қарори №323 истилоҳи «муваққатан зиндагикунанда»-ро муайян накардааст, ҳолати он метавонад чунин тафсир шавад, ки ҳимояи ҳамаи паноҳҷӯёне, ки тариқи дилхоҳ давлате аз ин кишварҳои дар рӯйхат воридбуда ба Тоҷикистон омадаанд, рад карда мешавад.
Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №325 (аз соли 2000-ум) дар таҳрири Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №328 (соли 2004) зиндагӣ кардани гурезаҳо ва паноҳҷӯёнро дар бисёр нуқтаҳои аҳолинишини Тоҷикистон, аз ҷумла дар пойтахт - шаҳри Душанбе, шаҳри Хуҷанд ва дигар ноҳияҳои кишвар манъ мекунад. Дигар шаҳрвандони хориҷӣ на он қадар маҳдуд карда шудаанд, ки гурезаҳо ва паноҳҷӯён маҳдуданд. Бо чунин муносибат, нишондодҳои қарор мухолифи моддаи 26-и Конвенсияи соли 1951 ҳастанд, ки талаб дорад, то кишварҳои узв, аз ҷумла Тоҷикистон, озодии гурезаҳоро ҳадди ақал дар сатҳи озодии дигар шаҳрвандони хориҷии дар ҳудуди давлаташон қарордошта эҳтиром намоянд.