Гуруҳ оид ба мониторинг: боздид аз муассисаҳои пўшида, чорабиниҳои иттилоотӣ ва сафарҳои шиносоӣ

Гуруҳ оид ба мониторинги ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ дар давраи июл - сентябри соли 2017 аз се муассисаи пўшида дидан кард: тавқифгоҳи муваққатии ноҳияи Ванҷи ВМКБ (25-26-уми июл), Беморхонаи марказии бемориҳои руҳии ВМКБ дар ноҳияи Роштқалъа (27-28-уми июл), тавқифгоҳи муваққатии ноҳияи Рўдакӣ (22-23-юми август). Дар ҳар се муассиса ҳам ҳолатҳои шиканҷа ё муносибати бераҳмона ба қайд гирифта нашуд.

Дар давраи ҳисоботӣ намояндагони гуруҳ бо сафарҳои шиносоӣ дар дигар кишварҳо қарор доштанд. Ҳамин тавр, аз 28-уми август то 1-уми сентябри соли 2017 аъзои Гуруҳи кории назди Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар ҶТ оид ба пешбурди тасвиби Протоколи иловагӣ ба КЗШ ва гуруҳи мониторингии Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон барои омўхтани таҷрибаи Ҷумҳурии Словения дар мавриди таҳияву пешбурди Механизмҳои миллии пешгирикунанда (ММП) аз ин кишвар дидан намуданд. Интихоби ин кишвар аз рўи модели ММП-и дар он қабулшуда, бахусус модели ММП «Омбудсмен+» сурат гирифт. Гуруҳи мониторинги пилотӣ дар Тоҷикистон ҳам дар доираи модели «Омбудсмен+» ташкил шудааст.

Аз 18 то 22-юми сентябри соли 2017 аъзои Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон зимни як сафари шиносоӣ аз марказҳои офиятбахшӣ барои қурбониёни шиканҷа ва дигар намудҳои муносибатҳои бераҳмона дар Грузия ва Арманистон дидан намуданд.

Ҳайати тоҷикистонӣ аз намояндагони Гуруҳ оид ба офиятбахшии қурбониёни шиканҷа ва аъзои оилаи онҳо, Гуруҳи кўмаки ҳуқуқӣ ва Гуруҳ оид ба мониторинги ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ иборат буд.

Аз 15 то 27-уми сентябр (ш. Хуҷанд - 15-уми сентябр, ноҳияи Рашт - 22-юми сентябр, ш. Қўрѓонтеппа - 26-уми сентябр, ш. Кўлоб - 27-уми сентябр) барои намояндагони мақомоти давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ВАО чорабиниҳои иттилоотӣ бо мақсади маълумотдиҳӣ дар бораи Протоколи иловагӣ ба КЗШ, инчунин оид ба таҷрибаи ҶТ дар самти пешбурди тасвиби ПИ ба КЗШ гузаронида шуданд.

Чорабиниҳои иттилоотӣ аз ҷониби Идораи ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният дар ҳамкорӣ бо Идораи кафолатҳои ҳуқуқи башари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шуданд.

Бояд зикр намуд, ки чорабиниҳои иттилоотии мазкур бо чорабиниҳои иттилоотӣ дар доираи Тафсири даврии универсалӣ ва Нақшаи дуввуми миллӣ оид ба тасвиби тавсияҳои ТДУ алоқамандӣ доштанд.

NoTorture.Tj