Гуруҳи кӯмаки ҳуқуқии Эътилоф бо адвокатҳои Суғд вохӯрд

2-юми сентябри соли 2019 Гуруҳи кӯмаки ҳуқуқии Эътилофи зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон бо адвокатҳои ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва шаҳри Хуҷанд вохӯрӣ гузаронд.

Дар вохӯриҳо масоили омӯзонидани механизмҳои миллӣ ва байналмилалии мубориза бар зидди истифодаи шиканҷа ва муносибати бераҳмона, инчунин механизмҳои кӯмак ба қурбониёни шиканҷа ва муносибати бераҳмона баррасӣ шуданд. Ҳамзамон, дар бораи фаъолияти Гуруҳи кӯмаки ҳуқуқӣ ва имкониятҳои ҳамкорӣ маълумот ироа гардид.

Адвокатҳо мушкилоти пешрӯяшонро ҳангоми ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии қурбониёни шиканҷа ва муносибати бераҳмона зикр намуданд: дастрасии маҳдуди адвокат ба зерҳимояаш, бемаврид тартиб додани ҳуҷҷатҳои мурофиавӣ ҳангоми боздошт ва ғайра.

Ба адвокатҳо маҷмуаҳое, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии марбут ба масоили шиканҷа ва муносибати бераҳмона, ғайриинсонӣ ва ҷазоро дар бар мегиранд, инчунин буклетҳои ГКҲ тақдим карда шуданд.

 

 

 

 

 

NoTorture.Tj