Гуруҳи мониторингӣ, нимсолаи аввали соли 2018: 8 боздид аз муассисаҳои пўшида ва 3 хабар дар бораи муносибати бераҳмона

Натиҷаҳои фаъолияти Гуруҳи мониторингӣ барои моҳҳои январ-июни соли 2018: Дар давраи ҳисоботӣ аъзои Гуруҳи мониторингӣ аз ҳашт муассисаи пўшидаи кишвар, аз ҷумла муассисаи руҳии вилоятии шаҳри Исфара, тавқифгоҳи муваққатии ШВКД-и ноҳияи Спитамен, хона-интернат барои шахсони гирифтори мушкилоти руҳии ноҳияи Ҷаббор Расулов, тавқифгоҳи муваққатии ШВКД-и ноҳияи Панҷ, МИ ЯС 3/9 СРИҶҶ Вазорати адлия дар ноҳияи Дўстӣ, Литсейи махсуси касбӣ-техникӣ, тавқифгоҳи муваққатии ШВКД-и ноҳияи Муминобод ва тавқифгоҳи муваққатии ШВКД-и ноҳияи Ховалинг боздид намуданд.

Аз рўи натиҷаҳои мониторинг дар умум хулосаҳои мусбат бароварда шуд. Бинои муассисаи руҳии вилоятии шаҳри Исфара сарфи назар аз он, ки соли 1961 сохта шудааст, равшану барҳаво буд. Дар ин ҷо охирин таъмири косметикӣ моҳи сентябри соли 2017 анҷом дода шудааст. Дар умум, дохили бино тоза буд, ҳудуди ҳавлиҳои сайругашт нигоҳубин шудааст. Муассиса барои 180 нафар мизоҷ ба назар гирифта шудааст. Ҳангоми гузаронидани мониторинг он ҷо 180 нафар мизоҷ ҳузур доштанд, ки аз онҳо 102 нафар мард ва 78 нафар занонанд. Давомнокии будубоши мизоҷон гуногун аст: аз як моҳ то якуним сол. Ҳангоми пурсиши мизоҷон ҳолатҳои шиканҷа ё дигар намудҳои муносибати бераҳмона ё пастзанандаи шаъну шараф зикр нагардид. Баъзе камбудиҳо низ мушоҳида шуд: ѓалладонҳо, мизу курсиҳо, шкафу оина дар шуъбаҳо вуҷуд надоранд; ҳоҷатхонаҳо ба таъмири косметикӣ ниёз доранд; китобхона нест; қуттиҳо барои мактубҳо дар ягон шуъба вуҷуд надоранд; мизоҷон қоѓазу ручка надоранд. Тибқи пурсиш, нисбати як мизоҷ ҷойгиркунии ҳатмӣ аз ҷониби милитсия бо хоҳиши хешовандони ў сурат гирифтааст. Дар ин ҳангом мизоҷро падараш ҳамроҳӣ кардааст. Дар ҳамаи дигар ҳолатҳо мизоҷон ихтиёрӣ дар муассиса ҷойгир карда шудаанд.

Ҳангоми гузаронидани мониторинг дар тавқифгоҳи муваққатии ШВКД-и ноҳияи Спитамен он ҷо ду нафар боздоштшуда - як мард ва як зан ҳузур доштанд. Бинои ШВКД соли 1964 сохта шудааст. Охирин таъмири куллӣ тирамоҳи соли 2017 анҷом дода шудааст. Дар тавқифгоҳи муваққатӣ 3 камера барои боздоштшудаҳо мавҷуд аст. Дар ҳар як камера 2 ҷойи хоб дар шакли кати чўбин вуҷуд дорад, ки болояшон ҷойхоб густурда мешавад. Дар солҳои 2016 ва 2017 дар нафарони дар тавқифгоҳи муваққатӣ нигоҳдоришаванда ҷароҳатҳои ҷисмонӣ мушоҳида нагардидааст. Боздоштшудагони дар камера ҳузурдошта зикр карданд, ки нисбаташон муносибати бераҳмона ва шиканҷа истифода нашудааст. Қуттӣ барои мактубҳо вуҷуд дорад, аммо аз сабаби надоштани ягон хел навиштаҷот, боздоштшудагон дар бораи таъиноти он хабар надоштаанд. Умуман, дар тавқифгоҳи муваққатӣ шароит ва муносибати кормандон бо боздоштшудагон қаноатбахш аст.

Ҳангоми мониторинги хона-интернат барои шахсони гирифтори мушкилоти руҳии ноҳияи Ҷаббор Расулов гуруҳро директори муассиса, муовини ў, роҳбари шуъбаи мардона, инчунин муовини директор оид ба қисми хоҷагидорӣ роҳбаладӣ карданд. Дар вақти суҳбат бо мизоҷон кормандони муассиса ҳузур надоштанд. Бинои шуъбаи руҳӣ дуошёна ва дорои шифти то 2,70 метр буда, соли 1956 сохта шудааст. Охирин таъмири косметикӣ моҳи октябри соли 2017 анҷом дода шудааст. Айни замон дар шуъбаи кўдакона таъмир рафта истодааст. Умуман, дохили бино тозаву озода буда, ҳудудҳои он нигаҳбонӣ ва гулу дарахтон шинонида шудаанд. Ҳолатҳои шиканҷа ва муносибати бераҳмона зикр нагардид. Баъзан вақт миёни худи мизоҷон зиддият ба вуҷуд меояд ва онҳо метавонанд якдигарро таҳқири лафзӣ кунанд. Тавре кормандони МР зикр намуданд, дар муассиса мизоҷоне ҳам нигоҳ дошта мешаванд, ки табобат шудаанд ва зарурати истоданашон дар муассиса нест, аммо хешовандонашон намехоҳанд онҳоро ба хона бубаранд. Кормандон қайд намуданд, ки онҳо барои расонидани кўмак ба шахсони дорои маълулият ба донишу таҷрибаҳо ниёз доранд. Инчунин, яке аз кормандон зикр намуд, ки барои мизоҷони бемории вазнин дошта ба муассиса руҳшиноси махсус лозим аст. Ба гуфтаи кормандон, дар ҷумҳурӣ чунин мутахассисон каманд. Сарфи назар аз ин, муассисаи мазкур айни замон яке аз беҳтаринҳост.

Бинои ШВКД-и ноҳияи Панҷ соли 1955 сохта шудааст. Охирин таъмири куллӣ тирамоҳи соли 2014 анҷом дода шудааст. Тавқифгоҳи муваққатӣ дар ҳавлии бинои ШВКД-и ноҳияи Панҷ ҷойгир аст. Ҳангоми гузаронидани мониторинг дар тавқифгоҳи муваққатӣ се нафар мард нигоҳ дошта мешуданд. Ариза дар бораи истифодаи шиканҷа ва муносибати бераҳмона аз ҷониби кормандони тавқифгоҳи муваққатӣ вуҷуд надошт. Ба гуфтаи кормандон, дар тавқифгоҳи муваққатӣ дафтари қайди шикояту аризаҳо мавҷуд аст. Гуруҳи мониторингӣ бо дафтар шинос шуд, ки дар он ягон ариза ё шикоят вуҷуд надошт. Кормандони пурсидашудаи тавқифгоҳи муваққатӣ изҳор доштанд, ки мехоҳанд оид ба ҳуқуқҳои боздоштшудагон, гирифторӣ ба шиканҷа ва муносибат бо боздоштшудагон тибқи стандартҳои байналмилалӣ семинару тренингҳо гузаронида шаванд. Нуқтаи тиббӣ дар тавқифгоҳи муваққатӣ вуҷуд надорад. Дар ҳолати зарурӣ кўмаки тиббиро табиби “Ёрии таъҷилӣ” мерасонад, чунки ШВКД бо беморхонаи ноҳиявӣ бобати расонидани ёрии аввалияи тиббӣ шартнома дорад. Дар тавқифгоҳи муваққатӣ ҷойи шустушўй мавҷуд набуда, ба гуфтаи сардори он, дар ҳолатҳои зарурӣ боздоштшудагон метавонанд аз ҷойи шустушўйи барои кормандони ШВКД пешбинигардида истифода баранд.

Ҳангоми гузаронидани мониторинг дар МИ ЯС 3/9 СРИҶҶ Вазорати адлия дар ноҳияи Дўстӣ ҳамзамон санҷиши колонияи мазкур аз ҷониби муовини сардори СРИҶҶ ВА ҶТ, генерал-майор Футуров Ҷумахон гузаронида шуд. Аз ҷониби Футуров (СРИҶҶ) ва Нидоев (ВҲИ) барои ҳайати шахсии колония муаррифии ошносозӣ дар бораи фаъолияти гуруҳи корӣ ва гуруҳи мониторингии назди Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҶТ амалӣ карда шуд. Ҳангоми вохўрӣ сардори МИ (муассисаи ислоҳотӣ) хоҳиш намуд, ки дар мавзуи «Стандарт ва қоидаҳои байналмилалии муносибат бо боздоштшудагон» семинар гузаронида шавад. Дар колония 400 нафар нигоҳ дошта мешаванд, ки аз онҳо 3 нафарашон занҳоянд. Ҳангоми гузаронидани мониторинг шумораи маҳбусони дар ҳудуди колония ҳузурдошта 25 нафар буд. 10 маҳбуси дигар дар хоҷагии деҳқонӣ (5-7 километр дур аз колония) кор мекарданд. Ба гуруҳи мониторингӣ ариза дар бораи шиканҷа ва муносибати бераҳмона пешниҳод нашуд. Маҳбусон хабар доданд, ки онҳоро ба кор дар хоҷагии деҳқонӣ ҷалб мекунанд. Ҳар моҳ онҳо барои меҳнати худ 350 сомонӣ мегиранд. Барои онҳо дафтарчаи меҳнатӣ истифода намешавад. Дар МИ барои занҳо қисми манзилии алоҳида вуҷуд надорад. Дар қисми манзилии якум ду ҳуҷра барои занҳо мавҷуд аст, аммо ҳангоми гузаронидани мониторинг онҷо касе зиндагӣ намекард, чун занҳо дар колония ҳузур надоштанд (дар асоси шартнома). Ошхонаи МИ аз таъмири куллӣ гузаштааст, вале дар он хати об вуҷуд надорад, обро мекашонанд. Китобхонаҳо ва воситаҳои радиошунавонӣ дар МИ вуҷуд надоранд. Дар колония телевизор мавҷуд аст, ки маҳбусон метавонанд дар вақтҳои муайяншуда тамошо кунанд.

Литсейи махсуси касбӣ-техникӣ соли 1965 сохта шуда, айни замон дар тобеияти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуѓли аҳолии ҶТ қарор дорад. Дар ЛМКТтаълими наврасон, аз ҷумла омўзиши касбӣ ба роҳ монда шудааст. Бино дуошёна буда, барои 180 нафар дар назар гирифта шудааст. Ҳангоми боздид аз ЛМКТ онҷо 31 нафар ноболиѓон, ки ҳамаашон писаранд, қарор доштанд. Дар ин муассиса духтарон нигоҳ дошта намешаванд. Дар муассиса кўдакон то 3 сол нигоҳдорӣ мешаванд. Дар ЛМКТ 16 видеокамераи назоратӣ насб гардидааст. Баъди анҷоми омўзиш кўдакон бо роҳбаладии як нафар корманди ЛМКТ ё волидони кўдакон ба оилаҳояшон интиқол дода мешаванд. Аз рўи баст 55 нафар коргар дар назар гирифта шудааст, аммо 49 нафар кор мекунанд. Дар рафти суҳбат директор ва кормандони ЛМКТ ба нарасидани равоншиносон ишора карданд. Корманди пурсидашуда зикр намуд, ки ягон ҳолати муайян кардани ҷароҳати ҷисмонӣ, шиканҷа ё муносибати бераҳмона аз ҷониби кормандони муассиса ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вуҷуд надошт. Аз 11 нафар кўдакони пурсидашуда 10 нафарашон зикр намуданд, ки нисбаташон шиканҷа ва муносибати бераҳмона истифода нашудааст ва онҳо шоҳиди таҳқири лафзӣ аз ҷониби кормандон ва миёни кўдакон набудаанд. Танҳо як нафар пурсидашуда зикр намуд, ки боре аз ҷониби парастор оид ба қисми режимнок таҳқири даѓали лафзии наврас ҷой дошт. Директори муаасиса аз ин бохабар гардида, ҳамон замон парасторро аз кор озод кардааст. Ҳавлии ЛМКТ бо таҷҳизоти варзишӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Дар ЛМКТ толори варзишӣ мавҷуд аст, аммо ба таъмири куллӣ ниёз дорад.

Тавқифгоҳи муваққатии ШВКД-и ноҳияи Муминобод дар дохили бинои ШВКД ҷойгир аст. Бинои ШВКД соли 1980 сохта шудааст. Охирин таъмири куллӣ дар тавқифгоҳи муваққатӣ соли 2017 анҷом дода шудааст. Ҳангоми гузаронидани мониторинг дар тавқифгоҳи муваққатӣ 1 нафар боздоштшуда ба ҳайси гумонбаршуда қарор дошт. Тавқифгоҳи муваққатӣ аз 4 камера иборат аст. Ҳамаи камераҳо барои шахсони дар содир намудани ҷиноятҳо гумонбаршуда пешбинӣ гардидаанд. Ба гуфтаи сардори тавқифгоҳи муваққатӣ, камераи №1 барои ноболиѓон ва занон пешбинӣ шудааст, гарчанде ҳангоми мушоҳидаҳо ягон хел фарқият дар шароити он нисбати дигар камераҳо ба назар нарасид. Кормандони пурсидашудаи тавқифгоҳи муваққатӣ зикр намуданд, ки дар кор ба мушкилот дучор намешаванд, вале хоҳиш намуданд, то оид ба ҳуқуқҳои боздоштшудагон ва муносибат бо шахсони боздоштшуда тибқи стандартҳои байналмилалӣ семинару тренингҳо гузаронида шаванд. Қуттиҳо барои мактуб ва шикоятҳо дар тавқифгоҳи муваққатӣ вуҷуд надоранд. Ба гуфтаи кормандони тавқифгоҳи муваққатӣ, ҳангоми зарурат боздоштшудагон бо ручкаву қрѓаз таъмин карда мешаванд. Системаи шамолдиҳӣ дар камераҳо мавҷуд нест. Ҷумаки об ва ҳоҷатхонаҳо дар камераҳо вуҷуд надоранд. Дар тавқифгоҳи муваққатӣ ҷойи шустушўй мавҷуд нест. Ба гуфтаи сардори тавқифгоҳи муваққатӣ, дар ҳолатҳои зарурӣ боздоштшудагон метавонанд аз ҷойи шустушўйи барои кормандони ШВКД пешбинигардида истифода баранд.

Тавқифгоҳи муваққатии ШВКД-и ноҳияи Ховалинг соли 1994 сохта шудааст. Охирин таъмири куллӣ соли 2017 анҷом дода шудааст. Тавқифгоҳи муваққатӣ дар дохили бинои ШВКД ҷойгир буда, аз 2 камера иборат аст, ки барои нафарони дар содир намудани ҷиноят гумонбаршуда пешбинӣ гардидаанд. Ҳангоми гузаронидани мониторинг дар тавқифгоҳи муваққатӣ шахсони боздошттшуда набуданд. Дар изолятор 3 видеокамераи назоратӣ насб шудааст. Як камера дар ҳавлии сайругашт, дуюмаш дар назди даромадгоҳи тавқифгоҳи муваққатӣ ва сеюмаш дар долони тавқифгоҳи муваққатӣ насб гардидааст. Дар даромадгоҳи камераҳо дар девор (берун аз камераҳо) варақи андозаи А-4 бо ҳуқуқ ва уҳдадориҳои нафарони дар тавқифгоҳи муваққатӣ нигоҳдоришаванда овехта шудааст. Қуттӣ барои мактуб ва шикоятҳо дар тавқифгоҳи муваққатӣ вуҷуд надорад. Вазифаи корманди тиббӣ ва нуқтаи тиббӣ дар тавқифгоҳи муваққатӣ ва ШВКД ба назар гирифта нашудааст. Дар ҳолати зарурӣ ёрии тиббиро табиби “Ёрии таъҷилӣ” мерасонад, чунки ШВКД бо беморхонаи ноҳиявӣ дар мавриди расонидани кўмаки аввалияи тиббӣ шартнома дорад. Дар назди тавқифгоҳи муваққатӣ ҳавлии сайругашт мавҷуд аст. Мувофиқи нақшаи сайругашт, боздоштшудагон метавонанд рўзона давоми як соат - аз соати 8 то 9 сайругашт кунанд. Харакҳо ва таҷҳизоти варзишӣ дар ҳавлии сайругашт вуҷуд надоранд. Ҳоҷатхона дар ҳавлии сайругашт ҷойгир буда, ҳолати он қаноатбахш нест. Дар тавқифгоҳи муваққатӣ ҷойи шустушўй мавҷуд набуда, ба гуфтаи сардори он, дар ҳолатҳои зарурӣ боздоштшудагон аз ҷойи шустушўйи барои кормандони ШВКД пешбинигардида истифода мебаранд.

Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ се хабарнома расидааст:

- Бино ба иттилои адвокат, 6-уми феврали соли 2018 зерҳимояи ў ҳангоми интиқол ёфтан аз тавқифгоҳи муваққатӣ ба СИЗО дар қисми навбатдорӣ аз ҷониби кормандзани СИЗО пурра урён карда шудааст. Ҳамаи кормандони ҷинси марди СИЗО ўро тамошо кардаанд. Кормандзани СИЗО табассум намудаву кормандони ҷинси мардро даъват кардааст, ки ба айбдоршудаи урён нигаранд. Зерҳимоя ба адвокат шикоят кардааст, ки хунук хўрд, аз чунин муносибат нисбаташ тарсид ва ҳоло мехоҳад аз болои амали кормандони СИЗО шикоят барад. Рўзи дастрас шудани ин хабарнома бо идораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бо мақсади гузаронидани боздиди якҷоя ва суҳбат бо ин зан, инчунин омода намудани ариза ба прокуратураи махсус оид ба назорати ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ гуфтушунид сурат гирифт. Аммо баъдан адвокат хабар дод, ки зерҳимояаш аз аризаи худ даст кашида ва намехоҳад аз болои амали кормандони СИЗО шикоят барад.

- шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Н. Д., ки айни замон дар СИЗО-и шаҳри Кўлоб нигоҳдорӣ мешавад, тасдиқ кард, ки ҳангоми боздошт ва нигоҳдорӣ дар тавқифгоҳи муваққатӣ бо мақсади гирифтани нишондоди худиқрорӣ нисбати ў шиканҷа ва муносибати бераҳмона истифода бурда шудааст. Гуруҳи мониторингӣ барои гузаронидани боздиди якҷоя ба Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон муроҷиат кард. Ин муроҷиати Эътилоф барои чораандешӣ ба Прокуратураи генералӣ фиристода шуд.

- шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон С. С. тасдиқ мекунад, ки падари ў ҳангоми адои ҷазо аз ҷониби кормандони муассисаи марбута ба латукўби систематикӣ дучор шудааст ва вазъи саломатиаш бад аст. Гуруҳи мониторингӣ барои гузаронидани боздиди якҷоя ба Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон муроҷиат кард ва интизори посух аст. 

NoTorture.Tj