Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Дар соли 2024 Гурӯҳи офиятбахшии шахсони шиканҷаро аз сар гузаронида ва аъзои оилаҳои онҳо (ГЁҲ)-и Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон ҳимояи онҳоеро, ки даҳшати муносибати бераҳмонаро дидаанд, идома дод.
ГЁҲ барои дастгирии барқарорсозии ҷисмонӣ ва равонӣ таъсис дода шудааст, ки дар ҳамкории зич бо Гурӯҳи ёрии ҳуқуқӣ фаъолият мекунад: ҳуҷҷатгузории далелҳои шиканҷа ба расонидани кумаки офиятбахшӣ ба ҷабрдидагон мегузарад.
Дар давоми як сол ба 27 нафар кумак расонида шуд: 17 нафар мард (аз ҷумла 4 нафар наврасон) ва 10 нафар занон. 13 нафари онҳо шахсан шиканҷаро аз сар гузаронида, 14 нафар хешовандони онҳоянд. Ғайр аз ин, 8 нафар аз ҳисоби қаблан муроҷиаткардаҳо бо қарори консилиуми мутахассисон ба курси иловагии офиятбахшӣ шуруъ намуданд.
Самти тиббӣ ташхиси ҳамаҷонибаро дар бар гирифт: маълум шуд, ки бисёриҳо қанди баланд, гипертония, дарди дил, сутунмуҳра ва дигар узвҳо доштаанд. Курси муолиҷа ёрии амбулаторӣ (25 нафар), як ҳолати ёрии статсионарӣ, физиотерапия ва маҳс, муолиҷаи санаторӣ-курортӣ, инчунин таъминот бо дорувориро дар бар гирифт.
Кори равонӣ 18 нафарро фаро гирифт - дар ҳар яки онҳо баҳодиҳии пурраи ҳолат, сеансҳои табобатӣ ва мониторинги минбаъдаи динамика гузаронида шуд. Иштирокчиён ҷароҳатҳои ҷиддиро аз сар гузаронидаанд: ихтилоли хоб, изтироб, паст шудани худбаҳодиҳӣ, бепарвоӣ - ва роҳи бартараф кардани онҳоро оғоз намуданд.
Дастгирии иҷтимоӣ боз як унсури дигари муҳим гардид: 19 нафар баҳодиҳии ибтидоии эҳтиёҷот, таҳияи нақшаи инфиродӣ гузаштанд ва барои барқарор кардани робита бо хадамоти иҷтимоӣ кумак гирифтанд. Ду нафар барои пайдо кардани кор кумак хостанд - яке кафшергар шуда, устохонаи шахсии худро кушод, дуюмӣ дар нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ кор ёфт.
ГЁҲ бо дастгирии IPHR стратегия барои солҳои 2025-2027-ро таҳия кард. Он ба беҳтар намудани дастрасӣ ба офиятбахшӣ, тавсеаи хидматрасонии муассир ва таҳкими ҳамкориҳои байниидоравӣ равона гардидааст. Интизор меравад, ки татбиқи ин нақша системаи мустаҳками офиятбахшии иҷтимоӣ ва тиббиро ба вуҷуд оварда, ба қурбониёни шиканҷа ва оилаҳои онҳо барои ба ҳаёти комил баргаштан ёрӣ мерасонад.