Гуруҳи офиятбахшӣ барои барқароршавии 49 нафар шаҳрвандон кӯмак расонд

Дар соли 2018 Гуруҳи офиятбахшӣ барои барқароршавии 49 шаҳрванд кӯмак расонд: аз онҳо нафароне, ки бевосита аз шиканҷа ва муносибати бераҳмона зарар дидаанд, 27 нафар ва аъои оилаҳои қурбониёни шиканҷа ва муносибати бераҳмона 22 нафаранд. Аз шумораи умумӣ: занҳо - 20, мардҳо - 29, аз онҳо ноболиғон 3 (2 писар ва 1 духтар) мебошанд.

18 нафар офиятбахшии такрорӣ гузаштанд: 7 нафар табобати амбулаторӣ, 3 нафар табобати статсионарӣ гирифтанд, ба 5 нафар кӯмаки равонӣ расонида шуд ва 5 нафар табобати санаторӣ-истироҳатӣ гирифтанд.

Аз рӯи парвандаҳои нав 31 нафар баҳодиҳии аввалия гузаштанд, ки ба онҳо кӯмакҳои зерин расонида шуд: санҷишу ташхиси тиббӣ - 22 нафар; кӯмаки тиббӣ - 17 нафар; кӯмаки равонӣ - 9 нафар; табобати санаторӣ-истироҳатӣ - 2 нафар. 10 нафар бо асоси он, ки ба офиятбахшӣ зарурат надоранд, аз ин намуди кӯмак даст кашиданд.

Мақсади Гуруҳ оид ба офиятбахшии шахсони аз шиканҷа зарардида ва/ё аъзои оилаҳои онҳо расонидани кӯмаки ҳадди ақали имконпазир барои барқарорсозии мустақилият ва қобилиятҳои ҷисмонӣ, қалбӣ, иҷтимоӣ ва касбӣ, инчнин мутобиқшавии пурраи иҷтимоӣ ва иштироки онҳо дар ҳаёти ҷомеа ба шумор меравад.

Солҳои охир аз ҷониби Гуруҳ оид ба офиятбахшии шахсоне, ки аз шиканҷа зарар дидаанд ва/ё аъзои оилаҳои онҳо бо марказҳои гуногуни тиббӣ ҳамкориҳо ба роҳ монда шуда, шартномаҳо имзо шуданд, ҳамкорӣ бо кормандони иҷтимоӣ дар минтақаҳои кишвар роҳандозӣ гардида, механизми таваҷҷуҳ ба расонидани кӯмак ба шахсоне, ки аз шиканҷа зарар дидаанд ва/ё аъзои оилаҳои онҳо рӯи даст гирифта шуд. Инчунин, бо ТҶ «Ҷамъияти равоншиносон-мушовирон ва руҳшиносони Тоҷикистон» шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид.

Дар ҳамин ҳол, барои омодагии касбии мутахассисон, масалан кормандони иҷтимоӣ ва равоншиносон зарурат ҳаст. Хадамоти иҷтимоие, ки дар назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ амал мекунад, айни замон 4 ҳазор корманди иҷтимоӣ дорад, аммо онҳо ба кор бо қурбониёни шиканҷаву муносибати бераҳмона ва аъзои оилаҳои онҳо ҷалб карда намешаванд.

Инчунин, нарасидани равоншиносони касбӣ, бахусус дар минтақаҳои кишвар мушоҳида мешавад. Мутаассифона, муассисаҳои таълимии олии кишвар равоншиносони клиникиро омода намесозанд ва барои кори онҳо методикаҳои кофии коркардшуда надоранд.

Дар соли 2018 Гуруҳи офиятбахшӣ барои аъзогӣ ба IRCT (Шӯрои байналмилалӣ оид ба офиятбахшии қурбониёни шиканҷа) ариза дод. Ин шӯрои байналмилалӣ зиёда аз 160 ташкилоти аъзо аз 70 кишвари ҷаҳон дорад, ки фаъолияташон ба расонидани офиятбахшӣ ба қурбониёни шиканҷа равона гардидааст. Он дар самти расонидани кӯмак ба ҳоҷатмандон аъзои худро дастгирӣ мекунад ва ҳамзамон бар он мекӯшад, ки қурбониёни шиканҷа ва аъзои оилаҳои онҳо адолат дарёбанд.

Иттилооти бештарро метавон дар истиноди зерин пайдо намуд: http://notorturetj.org/

Ҳамчунин, иттилооти бештарро метавонед дар саҳифаҳои иҷтимоии мо дастрас намоед:

На  Facebook: https://www.facebook.com/notorture.tj

В Google+:https://plus.google.com/107767311153916349012

В Twitter: https://twitter.com/NoTorturetj

В Soundcloud: https://soundcloud.com/notorture-tj

В Youtube: https://www.youtube.com/channel/UCWfjfabt9tacFgj-rcJZqtw   

В Odnoklassniki: https://ok.ru/group/54476259131498

В Теллеграмм: http://t.me/notorturetj

В Инстраграмм: notorture.tj

NoTorture.Tj