Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Дар давраи январ - июни соли 2019 аз ҷониби Гуруҳи расонаӣ 164 матлаб, аз ҷумла бо забони русӣ 65 (варақаҳои иттилоотӣ - 4, таҳлил - 9, гӯшаи “Ман ҳомии ҳуқуқам!” - 9, гӯшаи “Назар” - 5, фоторепортаж - 4, матолиби иттилоотӣ - 34), бо забони тоҷикӣ 66 матлаб (варақаҳои иттилоотӣ - 3, таҳлил - 8, гӯшаи “Ман ҳомии ҳуқуқам!” - 9, гӯшаи “Назар” - 8, фоторепортаж - 6, матолиби видео-аудиоӣ - 2, матолиби иттилоотӣ - 30) пахш карда шуда, 33 матлаб (варақаҳои иттилоотӣ - 3, акс - 4, матолиби иттилоотӣ - 27) ба забони англисӣ баргардон карда шуданд.
Ҳамаи матлабҳо дар торнамои Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ - www.notorturetj.org ва www.notorture.tj, ки дар пешниҳоди иттилооти босифату воқеӣ оид ба масоили озодӣ аз шиканҷа ва беҷазоӣ барои дигар ВАО-и Тоҷикистон ҳамчун манбаи аввал баромад мекунад, ҷойгир карда мешаванд.
Аз 27-уми май то 26-уми июни соли 2019 Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи байналмилалии дастгирии қурбониёни шиканҷа чорабинии моҳона гузаронид.
Дар давоми як моҳ дар торнамои Эътилоф ва саҳифаҳои он дар шабакаҳои иҷтимоӣ аксияи “Талошҳоямонро барои мубориза бо шиканҷа муттаҳид месозем!” гузаронида шуд, ки иқтибосҳо аз фаъолони шаҳрвандӣ - ҳимоятгарони ҳуқуқ, намояндагони санъату фарҳанг, сарояндаҳо, тарроҳоне ба мисли Нафиса Имронова, Фирӯза Ҳафизова, Аниса Собирӣ, Мавлона Наҷмуддинова, Парвин Юсуфӣ ва ғайра, инчунин донишҷӯёни Тоҷикистон ба дастгирии озодӣ аз шиканҷа ва муносибати бераҳмона ҷойгир карда шуданд. Ҳамагӣ ҳудуди 30 иқтибос мавҷуд буд. Эътилоф бо истифода аз ин иқтибосҳо тақвимҳои кисагӣ барои соли 2020 омода намуд, ки дар рафти чорабиниҳои асосӣ тақсим карда шуданд.
Бо шиори “Талошҳоямонро барои мубориза бо шиканҷа муттаҳид месозем!” футболкаҳо омода гардиданд, ки ба иштирокдорони чорабиниҳо тақсим карда шуданд.
22-юми июн дар шаҳри Хуҷанд ва 26-уми июн дар шаҳри Душанбе ба хотири қурбониёни шиканҷа ва аъзои оилаҳои онҳо аксия гузаронида шуд. Дар чорабинӣ зиёда аз 100 нафар, аз ҷумла намояндагони мақомоти давлатӣ, ВА, ВКД, КДАМ, мақомоти прокуратура, судҳо, Ваколатдор, Иттифоқи адвокатҳо, ташкилотҳои байналмилаливу дипломатӣ, ВАО ва ҷомеаи шаҳрвандӣ, инчунин нафароне, ки мехостанд қурбониёни шиканҷаву муносибатҳои бераҳмона ва хешовандони онҳоро дастгирӣ намоянд, иштирок карданд.
Дар Хуҷанд намоишгоҳи анъанавии аксҳо бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи қурбониёни шиканҷа баргузор гардид. Чорабиниро “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” баргузор намуд. Дар намоишгоҳи аксҳо 18 қиссаи қурбониёни шиканҷа ва муносибати бераҳмона, ки дар ҷомеа сарусадои зиёд ба бор оварда буданд, пешниҳод гардиданд. Инчунин, иштирокчиён имкони тамошои филми ҳуҷҷатии «Тоҷикистон бо шиканҷа мубориза мебарад» (Таджикистан борется с пытками)-ро пайдо карданд.
Намоишгоҳи аксҳо бахшида ба қурбониёни шиканҷа шаш сол пеш, моҳи июни соли 2013 баргузор шуда буд. Он вақт намоишгоҳи мазкурро ТҶ “Идораи ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният” аввалин бор дар шаҳри Душанбе дар арафаи Рӯзи байналмилалии ҳимояи қурбониёни шиканҷа доир намуд. Дар намоишгоҳи аксҳо нуҳ қиссаи аксӣ пешниҳод гардид. Асосан, шаштои онҳо парвандаҳои пурсарусадои Ҳамзалӣ Икромзода, Хуршед Бобокалонов, Баҳромиддин Шодиев, Сафаралӣ Сангов, Исмоил Бачаҷонов ва Дилшодбек Муродов буданд, ки ҳангоми боздошт ё дар ҳабс фавтидаанд. Дар солҳои баъдӣ, мутаассифона, намоишгоҳи аксҳо бо аксҳову қиссаҳои нав пурра мешавад.
Дар шаҳри Душанбе дар толори «Вефа-центр» даҳ расм-овеза пешниҳод гардид. Онҳо ба таври равшан нишон медоданд, ки шиканҷа чист, он дар куҷо метавонад рух диҳад ва аз ҳама муҳим, чи тавр метавон онро пешгирӣ кард. Намоиши корҳои рассоми фаъол Фаррух Неъматзода тариқи перформанси визуалии театрикунонидашуда, ки зидди зӯроварию шиканҷа нигаронида шуда буд, роҳнамоӣ гардид. Перформансро актрисаи Театри русии драмавии ба номи Маяковскийи шаҳри Душанбе Каримова Фирӯза гузаронид.