Гурӯҳи расонаӣ дар нимсолаи аввали 2024: зиёда аз 400 мавод ва медиа-стратегияи Эътилоф омода карда шуд

Дар давраи моҳҳои январ - июни соли 2024 аз ҷониби Гурӯҳи расонаӣ дар ҳамкорӣ бо дигар аъзо ва гурӯҳҳои Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон 408 мавод омода карда шуд, ки дар сомонаи Эътилоф - www.notorturetj.org ҷойгир карда шуданд.  
Гурӯҳи расонаӣ дар давраи ҳисоботӣ ҳамзамон иттилоот ва дигар чорабиниҳои ташкилотҳои аъзои Эътилофро инъикос намуд. Аз ҷумла:
1-уми апрели соли 2024 дар шаҳри Душанбе тренинг-викторинаи “Асосҳои озодӣ аз шиканҷа ва муносибати бераҳмона” баргузор гардид, ки дар он беш аз 20 нафар афроди ношунаво ва камшунаво иштирок карданд. Намояндагони ин қишри осебпазири аҳолӣ бори нахуст дар чунин тренинг иштирок карданд ва бо ин мақсад мутахассиси забони имову ишора ҷалб карда шуд.

16-17-уми апрели соли 2024 ташкилоти ҷамъиятии «Машваратчиёни халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки узви Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар ҶТ аст, барои машваратчиёни халқии Суди ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд тренинг баргузор намуд. Мақсад аз баргузории тренинг баланд бардоштани саводнокии иттилоотию ҳуқуқӣ ва фаъол гардонидани машваратчиёни халқии нав интихобшуда/таъиншудаи Суди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҳангоми иштирок дар мурофиаи судӣ буд. Инчунин, дар рафти тренинг ба мавзӯи шиканҷа ва ҷавобгарии ҷиноятӣ барои истифодаи он дар доираи қонунгузории миллӣ ва байналмилалӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда шуд.

18-уми апрели соли 2024 дар шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд барои ҷавонон чорабинии иттилоотӣ доир гардид. Иштирокчиёни чорабинӣ зиёда аз 50 нафар, аз ҷумла мактаббачагон, донишҷӯёни коллеҷҳои тиббию омӯзгории шаҳри Панҷакент ва волонтёрон буданд.

Соли маърифати ҳуқуқӣ ва Рӯзи байналмилалии дастгирии қурбониёни шиканҷа
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ 28-уми декабри соли 2023 «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» бо мақсади баланд бардоштани сатҳи дониши ҳуқуқӣ ва тарбияи шаҳрвандон соли 2024-ро Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон намуданд. Эътилоф иқдоми Сарвари давлатро дастгирӣ намуд:

4-уми апрели соли 2024 бахшида ба Соли маърифати ҳуқуқӣ ва Рӯзи байналмилалии дастгирии қурбониёни шиканҷа машваратҳои сайёри ҳуқуқӣ гузаронида шуданд. Дар маҷмуъ ҳудуди 12 нафар шаҳрвандон кумаки ройгони ҳуқуқӣ гирифтанд. Онҳо асосан ба масъалаҳое аз қабили ҳуқуқ ба ҳимоят ҳангоми ҳабс то ҷойгиркунӣ дар ҷойҳои маҳдудият ва маҳрумият аз озодӣ, масоили марбут ба муҳоҷирати меҳнатӣ ва ҳуқуқи муҳоҷирон, ҳуқуқи манзил ва оила, масъалаҳои бақайдгирии ҳуқуқии соҳибкории хурд, инчунин ба ҳуқуқҳои маъюбон ва ҳимояи ҳуқуқҳои кӯдакон таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.

Рӯзи 5-уми апрел барои аҳолӣ дар шаҳри Душанбе машваратҳои ройгони ҳуқуқӣ пешниҳод карда шуданд. Ба шаҳрвандон ҳуқуқшиносон ва адвокатҳои ташкилотҳои ҷамъиятии узви Эътилоф машварат доданд. Дар доираи ин чорабинӣ зиёда аз 30 нафар шаҳрвандон барои гирифтани машварати ҳуқуқӣ муроҷиат намуданд. Саволҳо бештар ба ҳифзи ҳуқуқҳо ҳангоми боздошт ва тафтиши парвандаҳои ҷиноятӣ, баҳсҳои меҳнатӣ ва оилавӣ, тартиб ва раванди муроҷиат ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, иштирок дар мурофиаҳо, ҳуҷҷатгузорӣ ва ғайра дахл доштанд, ки ҳуқуқшиносон доир ба тамоми масъалаҳо тавзеҳоти муфассал дода, инчунин маълумот барои тамос баҳри гирифтани ёрии ҳуқуқӣ дар оянда пешниҳод карда шуд. Илова бар ин, созмондиҳандагон ба ҳамаи иштирокчиёни чорабинӣ чатр бо нишонаи Эътилоф тақдим намуданд.

Рӯзи 18-уми апрели соли 2024 дар шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд қабули мобилии ҳуқуқӣ ташкил карда шуд, ки барои расонидани машварати ҳуқуқӣ ба аҳолӣ пешбинӣ шуда буд. Дар доираи ин иқдом дар маҳалҳои серодам оид ба масъалаҳои гуногуни ҳуқуқӣ дар маҷмуъ 30 машварат гузаронида шуд, ки аз таваҷҷуҳи фаъолона ва ниёзмандии сокинони маҳаллӣ, бахусус ҷавонон ба дастгирии ҳуқуқӣ шаҳодат медиҳад. Масоили марбут ба тафтишу рейдҳои БДА, имкони таъсири ҷисмонӣ ба шахсони дигар, инчунин фарқияти байни шиканҷа ва латукӯб таваҷҷуҳи хосаи иштирокчиёни қабулро ба худ ҷалб карданд. Дар рафти гузаронидани машваратҳо шаҳрвандон инчунин оид ба масоили баҳсҳои оилавӣ (талоқ, ситонидани алимент, тақсими молу мулк) саволҳо доданд.

30-юми апрели соли 2024 дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон бахшида ба Соли маърифати ҳуқуқӣ ва Рӯзи байналмилалии дастгирии қурбониёни шиканҷа машварати сайёри ҳуқуқӣ баргузор гардид. Ба 10 нафар шаҳрвандон оид ба доираи васеи муносибатҳои ҳуқуқӣ ва масъалаҳои ҳуқуқи инсон машварати ҳуқуқӣ дода шуд. Онҳо асосан ба масоили марбут ба ҳуқуқ ба ҳимоя баъди татбиқи санади судӣ ва аз озодӣ маҳрум кардан, ҳуқуқҳои оилавӣ ва ҳуқуқи фарзандон ба гирифтани алимент ва таъминоти падару модари онҳо, инчунин оид ба ҳуқуқи манзил таваҷҷуҳ зоҳир намуданд. Донишҷӯёни донишгоҳҳо дар самти муносибатҳои ҳуқуқи меҳнатӣ, ҳуқуқи муҳоҷирон ва ғайра саволҳо доданд.

Аз 3 то 7-уми июн Эътилоф дар ҳудуди бозорҳои калонтарини шаҳри Душанбе машваратҳои сайёр баргузор намуд. Ҳамин тавр, 3-юми июн Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Идораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади боло бурдани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ дар ҳудуди бозори «Меҳргон»-и пойтахт машваратҳои сайёри ҳуқуқии ройгон гузарониданд. Дар давоми як соат, аз соати 09:00 то 10:00 ба 8 нафар шаҳрвандони муроҷиаткарда кумаки ройгони ҳуқуқӣ расонида шуд.

4-уми июн Эътилоф бо мақсади боло бурдани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ барои шаҳрвандон дар ҳудуди бозори “Сафариён”-и пойтахт машварати ройгони ҳуқуқии сайёр гузаронид. Дар давоми як соат, аз 10:00 то 11:00 ба 9 нафар муроҷиаткунанда ёрии ҳуқуқии ройгон расонида шуд.

5-уми июн Эътилофи зидди шиканҷа дар якҷоягӣ бо Маркази такмили ихтисоси адвокатҳои назди Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди бозори «Саховат»-и пойтахт машваратҳои сайёри ҳуқуқии ройгон гузарониданд. Дар давоми як соат, аз 11:00 то 12:00 ба 8 нафар муроҷиаткунандагон кумаки ҳуқуқии ройгон расонида шуд.

6-уми июн Эътилофи зидди шиканҷа бо мақсади боло бурдани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ дар ҳудуди бозори «Варзоб»-и пойтахт машваратҳои сайёр гузаронид. Дар давоми як соат, аз соати 14:00 то 15:00 ба 6 нафар муроҷиаткунандагон кумаки ҳуқуқии ройгон расонида шуд.

7-уми июн Эътилофи зидди шиканҷа бо мақсади боло бурдани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ дар ҳудуди бозори «Кӯшониён»-и пойтахт барои шаҳрвандон машваратҳои сайёр гузаронид. Дар давоми як соат - аз соати 08:00 то 09:00 ба 9 нафар муроҷиаткунандагон ёрии ройгони ҳуқуқӣ расонида шуд.

Шаҳрвандон ба масоили гуногун дар самти ҳуқуқи инсон таваҷҷуҳ зоҳир карданд. Машваратчиён ба шаҳрвандон ҳуқуқу уҳдадориҳояшонро тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон фаҳмониданд.

Чорабинии иттилоотии "Конститутсияи худро медонам!"

Бахшида ба 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вобаста ба Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон гардидани соли 2024 Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон чорабинии иттилоотии “Конститутсияи худро медонам!”-ро баргузор намуд.

Конститутсия – ин қонуни асосии давлатӣ буда, қувваи қонунии аз ҳама баланд дорад ва донистани моддаҳои ин қонун барои ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон муҳим аст.

Ҳамарӯза дар сомонаи Эътилоф як моддаи Конститутсия, ки аз 10 боб ва 100 модда иборат аст, интишор мешавад.
Барномаи радиоӣ ва подкасти «Ёрии аввалия ба қурбониёни шиканҷа»

15-уми апрели соли 2024 ташкилоти ҷамъиятии «Машваратчиёни халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки узви Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, дар доираи лоиҳаи «Машваратчиёни халқӣ зидди шиканҷа!» дар радиои «Ватан» дар мавзӯи «Ёрии аввалия ба қурбониёни шиканҷа» барномаи радиоӣ доир намуд. Мақсади лоиҳа мусоидат ба иштироки фаъолонаи институти машваратчиёни халқӣ дар мурофиаҳои судӣ мебошад. Дар ин барномаи радиоӣ мавзуҳои рӯзмарра, аз қабили чӣ будани шиканҷа, ба куҷо муроҷиат карда тавонистани қурбонии шиканҷа, инчунин афзалиятҳо ва самтҳои асосии фаъолияти Эътилофи зидди шиканҷа дар Тоҷикистон инъикос гардиданд.

Шоу-барномаи «Нақши давлат, ҷомеа ва воситаҳои ахбори омма дар пегшгирӣ ва мубориза бо шиканҷа»

20-уми июн бо ташаббуси ташкилоти ҷамъиятии «Машваратчиёни халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва телерадиокомпанияи «Азия» дар мавзӯи «Нақши давлат, ҷомеа ва воситаҳои ахбори омма дар пегшгирӣ ва мубориза бо шиканҷа» мизи мудаввар баргузор гардид.
Visibility: Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон миёни шарикон ва аҳолӣ маҳсулот бо рамзи Эътилоф – тақвимҳои деворӣ барои соли 2024 ва чатрҳоро бо мақсади ҷалби таваҷҷуҳи шаҳрвандон ба фаъолияти Эътилоф ва дар умум, ба масоили шиканҷа ва муносибати бераҳмона паҳн намуд.

Ба муносибати Рӯзи байналмилалии дастгирии қурбониёни шиканҷа, ки ҳамасола 26-уми июн қайд мешавад, аз ҷониби Гурӯҳи расонаӣ матолиби махсус омода карда шуданд, ки дар сомонаи Эътилоф ва саҳифаҳои он дар шабакаҳои иҷтимоӣ пахш гардиданд.
Эътилофи зидди шиканҷа дар Тоҷикистон натиҷаи фаъолияташро дар солҳои 2021, 2022 ва 2023 эълон намуд

Фаъолияти Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон, аз ҷумла дар замони буҳронӣ, дар ҷаласаи солонаи ин созмон, ки рӯзи 18-уми июн дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, баррасӣ гардид. Иштирокдорони ҷаласа ҳамчунин самтҳои стратегии фаъолият ва зарурати таҳияи стратегияи нави Эътилофро баррасӣ карданд.

Медиа-стратегияи Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ барои солҳои 2024-2030

5-уми апрели соли 2024 Гурӯҳи расонаӣ вохӯрии корӣ баргузор кард, ки дар он иштирокчиён медиа-стратегияи Эътилоф барои панҷ соли оянда ва дурнамои ҳамкориҳои минбаъдаро баррасӣ намуданд.

Стратегия ба инъикоси масоили озодӣ аз шиканҷа дар Тоҷикистон дар воситаҳои ахбори оммаи миллӣ, минтақавӣ ва хориҷӣ, вокуниш ба далелҳои мушаххаси истифодаи шиканҷа, пешбурди тағйироти системавӣ дар самти мубориза бо шиканҷа равона карда шудааст.

NotortureTj