Гуруҳи расонаӣ, январ-июни соли 2018: аксия, мукофотонӣ, видеоролик

Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби Гуруҳи расонаӣ дар торнамои Notorturetj.org 163 мавод, аз ҷумла бо забони русӣ 64, бо забони тоҷикӣ 91 ва бо забони англисӣ 8 матлаб пахш карда шуд.

Рӯзи 4-уми майи соли 2018 аз ҷониби Гуруҳи расонаӣ намоиши онлайнии муколамаи интерактивии Ҳукумати Тоҷикистон дар Кумитаи зидди шиканҷаи СММ оид ба иҷроиши уҳдадориҳо дар мавриди амалисозии Конвенсияи зидди шиканҷа ва муносибати бераҳмонаву пастзанандаи шаъну шараф ташкил карда шуд. Чорабинии мазкур дар маҷмааи “Душанбе-Плаза”-и пойтахт баргузор гардид, ки дар он зиёда аз 50 нафар намояндагони мақомоти давлатӣ, судӣ, ҳифзи ҳуқуқ, намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ ва сафоратхонаҳо, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва воситаҳои ахбори омма аз шаҳри Душанбе ва дигар манотиқи Тоҷикистон иштирок карданд.

Чун анъана, дар Рӯзи байналмилалии ҳимояи қурбониёни шиканҷа - 26-уми июн дар се шаҳри Тоҷикистон - Душанбе, Хуҷанд ва Бохтар бахшида ба қурбониёни шиканҷа ва аъзои оилаҳои онҳо намоишҳои аксҳо гузаронида шуданд. Агар дар намоиши аввали аксҳо, ки дар Душанбе соли 2013 баргузор гардид, 9 қиссаи қурбониёни шиканҷа пешниҳод шуда бошад, соли 2018, бо гузашти 5 сол, чунин қиссаҳо як баробар зиёд - 18-то аст. Аз намоишгоҳҳои аксҳо зиёда аз 100 нафар намояндагони ВКД, мақомоти прокуратура, судҳо, намояндагиҳои дипломатӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ, ТҒД, ВАО ва шахсони инфиродӣ дидан намуданд.

Дар чорабинӣ ғолибони озмуни Эътилоф барои беҳтарин матолиби журналистӣ эълон ва бо туҳфаву дипломҳо қадрдонӣ карда шуданд. Хабарнигори радиои “Озодӣ” Муллораҷаб Юсуфӣ бо мақолаи «Ҳаёти сарбоз чанд пул меистад?», хабарнигори «Азия-Плюс» Сайраҳмон Назриев бо матолибаш дар бораи тафтиши марги сокини ноҳияи Шаҳритуз Толибҷон Дӯстов ва рӯзноманигори мустақил Билоли Шамс бо мақолааш дар мавриди шикояти ду нафар сокини ноҳияи Темурмалик оид ба истифода шудани шиканҷа аз ҷониби милитсия нисбати наздиконашон ғолиб дониста шуданд.

Истифодабарандаи аз ҳама фаъоли торнамо ва саҳифаҳои Эътилоф дар шабакаҳои иҷтимоӣ фаъоли шаҳрвандӣ Хуршеда Раҳимова ҳисобида шуда, ба ӯ низ дипломи хотиравӣ тақдим гардид.

Худи ҳамон рӯз ба иштирокчиёни намоиши аксҳо видеоролики қиссаи сокини 17-солаи ноҳияи Ёвон - Хушвақт пешниҳод карда шуд, ки қурбонии истифодаи шиканҷа гардида буд. Ин аввалин парвандаи ҷиноятие буд, ки тибқи моддаи “шиканҷа”-и Кодекси ҷиноятӣ оғоз карда шуд ва ҳукми айбдорӣ ҳам баромад.

Дар арафаи Рӯзи байналмилалии ҳимояи қурбониёни шиканҷа дар саҳифаи Эътилоф дар “Фейсбук” матлаби чандрасонаии “Шиканҷа ҳаст! Нест бод шиканҷа!” оид ба 18 қиссаи қурбониёни шиканҷаву муносибати бераҳмона ва инфографикаи “Ҳаёти қурбонии шиканҷа ва муносибати бераҳмона дар Тоҷикистон чанд пул меистад?” пахш карда шуд.

NoTorture.Tj