Гузориши муштараки ТҒД-и Тоҷикистон ба Кумитаи зидди шиканҷаи СММ

Ташкилотҳои ҷамъиятӣ - аъзои Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон Гузориши муштаракро ба Кумитаи зидди шиканҷаи СММ (КЗШ) дар бораи тадбиқи Конвенсияи зидди шиканҷа аз ҷониби давлат омода намуданд.

Ҳуҷҷати мазкур маълумот оид ба заминаи қонунгузорӣ ва таҷрибаи ҳуқуқистифодабарии марбут ба шиканҷа ва дигар намудҳои муносибати бераҳмонаро дар бар мегирад. Дар гузориш нигаронии ҷомеаи шаҳрвандӣ аз шиканҷа ва дигар намудҳои муносибати бераҳмона дар ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ (аз ҷумла дар шуъбаҳои милитсия, СИЗО ва муассисаҳои ислоҳотӣ), инчунин дар дигар муассисаҳои пўшидаву нимапўшида ва дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ зикр гардидааст. Дар ин ҳуҷҷат таваҷҷуҳи бештар ба гуруҳҳои осебпазире ба монанди занон, кўдакон, ЛГБТ, гурезаҳо ва шахсони дар ҷустуҷўи паноҳгоҳ равона гардида, мушкилоти марбут ба санҷиши аризаҳо оид ба истифодаи шиканҷа ва дигар намудҳои муносибати бераҳмона, айбдорсозии судии ҷинояткорон ва дастрасии қурбониён ба ҷуброн инъикос ёфтаанд. Дар ҳуҷҷати мазкур инчунин бахше вуҷуд дорад, ки ба вазъияти ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, аз ҷумла кормандони муқобили шиканҷа ва беҷазоӣ фаъолияткунанда бахшида шудааст.

Гузориши муштараки ТҒД ба Кумитаи зидди шиканҷа дар арафаи баррасии Гузориши даврии сеюми Тоҷикистон дар сессияи 63-юм дар моҳҳои апрел-майи соли 2018 ҳамчун маводи ёрирасон барои омода сохтани Номгўи саволҳо, аз маълумоти иловагӣ ва коркардшуда ба ҳуҷҷате иборат аст, ки аз ҷониби ТҒД моҳи июни соли 2017 ба Кумита пешниҳод шуда буд.

Бахшҳои мавзуии ҳуҷҷат ба моддаҳои мушаххаси Конвенсия дахл доранд. Дар охири ҳар як бахш номгўи тавсияҳои эҳтимолӣ барои мақомоти Тоҷикистон пешниҳод гардидааст, ки аз масоили дар бахшҳои мавзуӣ баррасишуда баромадаанд. Дар матн шиносномаҳои кўтоҳ оид ба ҳолатҳои алоҳида, ки нақзкориҳои мушаххасро муайян намудаанд, оварда шудаанд. Дар замима шарҳи муфассали ҳолатҳои алоҳидае, ки ҳуқуқшиносони Эътилофи зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар давраи омўзишӣ кор бурдаанд, оварда шудааст.

ДАР БОРАИ ЭЪТИЛОФ: Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон моҳи сентябри соли 2011 ба хотири муттаҳидсозии талошҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ барои мубориза бо шиканҷа ва беҷазоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфтааст. Эътилоф зиёда аз 80 нафар, намояндагони ташкилотҳои ҳимоятгари ҳуқуқ - аъзои Эътилоф, адвокатҳо, рўзноманигорон, равоншиносон, коршиносон оид ба адолати судиро муттаҳид намудааст. Айни замон 12 ташкилоти ҷамъиятӣ ва 11 шахси инфиродӣ аъзо ва шарикони Эътилоф ба шумор мераванд.

 

 

NoTorture.Tj