Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Хабарнигори Радиои Озодӣ дар Кӯлоб Маҳмудҷон Раҳматзода мавриди "облава" қарор гирифт ва танҳо баъди исботи ин ки дар артиш хидмат кардааст, озод шуд.
Ҳодиса рӯзи 10 май дар маркази шаҳри Кӯлоб рух дод. Маҳмудҷон Раҳматзодаро маҷбурӣ ба мошине бор карда, баъди даъвояш, ки ӯ афсар аст, ба комиссариати ҳарбӣ набурданд.
Ин афрод худро "патрул" муаррифӣ карда, дар тан либоси мулкӣ доштанд ва шаҳодатномаҳои худро низ нишон надодаанд. Як нафари онҳо дар бар либоси милиса дошт.
Мақомот то ба ҳол ин вазъиятро шарҳ надодаанд. Вале дар гузашта вуҷуди ҳамагуна "облава"-ро рад карда буданд.
"Гуфтам, хабарнигор ҳастам, аҳамият надоданд"
Маҳмудҷон Раҳматзода солҳои 2012-2013 дар қисми нерӯҳои марзбонӣ дар ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хидмат кардааст. Ӯ гуфт, ҳоло ба додситонии шаҳри Кӯлоб муроҷиат кардааст, то амалкарди "масъулони ҷалби маҷбурии ҷавонон ба артишро" таҳқиқ кунанд.
"Ҳангоми ифои вазифаи хабарнигорӣ будам. Як нафар омад ва худро "старшина" муаррифӣ кард. Пурсид, ки чӣ кор мекунам. Аз ӯ санад хост. Ҳамин вақт ду нафари дигар омада, маро маҷбурӣ ба мошин шинонданд. Чанд дафъа гуфтам, ки хабарнигор ҳастам, аҳамият надоданд", -- афзуд Маҳмудҷон Раҳматзода.
Чанд акси лаҳзаи ба мошин бор кардани Маҳмудҷон Раҳматзода дар ихтиёри Радиои Озодӣ ҳаст. Ҳамчунин, радду бадали "патрул"-ҳо бо хабарнигори Радиои Озодӣ дар дохили мошин сабт шудааст.
"Агар афсар ҳастӣ, ҳеч гап нест"
Дар оғози навори аудиоӣ "патрул"-ҳо дағал гуфта, танҳо дар охир бо нармиш таъкид мекунанд, ки "бояд бачаҳо ба артиш раванд. Агар афсар ҳастӣ, ҳеч гап нест. Комиссариати ҳарбӣ хидмат пурсида истодааст. Озодона бигӯ, ки хидмат кардам, тамом. Хидмат кардаӣ, ҷавоб".
Дар як соли охир бори дувум аст, ки хабарнигорони Радиои Озодӣ "облава"-ро таҷруба мекунанд. Моҳи октябри соли гузашта кормандони комиссариати ҳарбии ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт Муллораҷаб Юсуфиро "облава" карда, танҳо баъди дидани билети ҳарбиаш ҷавоб доданд.
Мақомот мегӯянд, дар кишвар "облава" ё ҷалби маҷбурии ҷавонон ба артиш вуҷуд надорад, зеро теъдоди ихтиёриёни хидмат афзудааст. Аммо масъалаи "облава" соле ду дафъа ҳангоми ҷалби ҷавонон ба хидмати баҳорӣ ва тирамоҳӣ ба артиш доғ мешавад.
"Облава", зӯргӯӣ дар артиш ва...
Дар мавсими баҳории имсолаи даъват ба артиш низ чанд навори "облава" дар Душанбе ва минтақаҳои дигари кишвар ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт ва боис ба баҳсҳои тунд шуд.
Хидмат дар артиш яке аз масъалаҳои доғи ҷомеаи Тоҷикистон аст. Фаъолони ҳуқуқ мегӯянд, мушкилоте ба мисли зӯргӯӣ ва камбуди ғизо бисёре аз ҷавононро аз хидмат дилсард мекунад.
Барои баъзе таҳсил дар донишгоҳ ва ё муҳоҷирати корӣ роҳи халосӣ аз хидмат дар артиш шудааст. Дар чунин шароит, нақшаи даъват ба артиш на ҳамеша сари вақт иҷро мешавад ва ба қавли ҳомиёни ҳуқуқ, мақомот аз ҷалби маҷбурӣ ё "облава" кор мегиранд.